четверг, 28 марта 2019 г.

Кӯдаконро бояд ҳимоя кард, зеро онҳо ояндаи мо мебошанд!




Зебоҷон, исми ивазшудаи як кӯдаки 4-моҳа аст, ки дар Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил табобат мегирад. Модари ин тифлак худ ба ин беморӣ гирифтор буда, табибон мегӯянд, бори аввал бо чунин ҳолат вохӯрдаанд, ки кӯдак дар чормоҳагӣ микроб хориҷ мекунад.

Монанди Зебоҷон чандин тифлаки дигар дар ин беморхона бистарӣ мебошанд. Яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 2 сол дорад ҳамроҳи бибиаш табобат мегирад, зеро модараш дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили Мачитон бистарӣ мебошад.

Кӯдакон аз кӣ сироят меёбанд?

Сафаралӣ Исмоилов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил мегӯяд, инсон бо роҳи нафаскашӣ ва қатравӣ аз бемории сил сироят меёбад. Ба гуфтаи ӯ дар бештар ҳолат кӯдакон аз падару модари худ ва хешовандони наздике, ки бемории сил доранду табобатро партофтаанд ё бемор ҳастанду пинҳон медоранд, сироят меёбанд: “Баъзе аз падару модарони онҳо муҳоҷир мебошанд. Дар мо ду кӯдак бистарӣ аст, ки яке чор моҳ дигаре 2-сол дорад. Ва модарони ҳардуи ин кӯдакон бемории силро доранд”.




Исломилов мегӯяд, ҳаст ҳолатҳое, ки падару модар солим ҳаст, вале фарзанди онҳо ба бемории сил гирифтор шудааст: “Вақте ба мо муроҷиат мекунанд, мо мепурсем, ки дар оила ягон нафар бемории сил дошт, шояд ба кӯдак гузашта бошад, волидайн пинҳон медоранд. Ва ё падару модар ин бемориро дошта, табобатро то охир нагирифтаанд, ки дар натиҷа фарзанди онҳо ба бемории сил мубтало гаштааст”.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки модари гирифтори сили шуш, ки дар ӯ ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ нагардидааст, хубтар аст кӯдакони то синни 7-соларо навозишу меҳрубонӣ накунад, аз худ дур нигоҳ дорад, чунки иммунитети бадани кӯдакон сусту заиф мебошад. Онҳо осон ба сил мубтало шуданашон мумкин аст. Ба кӯдаконе, ки бо бемори сил дар як хона зиндагӣ мекунанд, дар фаслҳои тирамоҳу аввали баҳор доруҳои махсуси пешгирикунандаи сил додан ба фоидаи саломатии онҳо хоҳад буд.
Инфографика



Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, агар кӯдак микробхориҷкунанда бошад, албатта ба додару хоҳарони худ бемориро мегузаронад, аз ин рӯ бемор бояд дар беморхона табобат гирад: “Дар беморхона давоми 9-моҳ аст, ки як духтараки 14-сола бистарӣ мебошад, мегӯяд, худро хуб эҳсос мекунад, вале микроб хориҷ мекунад. Мо тасмим гирифтем, ки ӯро ҷарроҳӣ кунем”.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бемории сил бемории иҷтимоӣ буда, агар шароити иқтисодии давлат ва хонавода хуб бошад, эҳтимол дорад, ки мардум ё шахс ба ин беморӣ гирифтор нашавад.

Шакли табобати беморони ҳассос ва мутобиқгаштаи сил

Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабов, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил табобати гирифторони бемории сил ройгон буда, барои доруи зиддисилии қатори якуми беморони ҳассос, ки муддати 6 моҳ табобат мегиранд 50 доллари амрикоӣ сарф мешавад.

Барои доруи зиддисилии беморони мутобиқгашта, ки давоми 2 сол табобат мегиранд аз 3 то 5 ҳазор доллар ва барои беморони шакли васеи мутобиқгашта давоми 24-30 моҳ аз 5 то 8 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад: “Ҳар фарде, ки табобатро пурра мегирад ӯ шахси солим дар ҷомеа ҳисоб карда мешавад”.

Раҷабов қайд кард, ки бемоии сил дар ҷумҳурӣ рӯ ба коҳиш дорад.


Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) исбот кардааст, ки пас аз ду ҳафтаи табобат шахси хориҷкунандаи микроб, безарар мегардад. Ва бемории сил табобатшаванда буда, ирсӣ намебошад. Ва дар сурати то охир гирифтани табобат шахс пурра солим гашта, бехатар мебошад.

Раҷабов иброз медорад, ки ҳар фард метавонад ба бемории сил гирифтор шавад, танҳо дар ҳолате, ки вазифаи муҳофизатии организмаш паст шавад: “Масъунияти организм вақте паст шуд, бемории сил авҷ мегирад”.
Ба гуфтаи мутахассисон, аломатҳои асосии сил ин сулфаи аз ду ҳафта зиёд, гум шудани иштиҳо, камшавии вазн, беҳолатӣ, табъи наонқадар баланд ва то хунтуфкунӣ буда метавонад. Дар ин ҳолат бемор бояд ба аввалин муассисаи тиббии назди манзили худ муроҷиат кунад.

Доғгузорӣ сабабҳои монеа ба табобат мешавад

Чаро ин воқеа рӯй медиҳад? Чаро одамон дар Тоҷикистон табобати бемории силро шурӯъ карда, то охир намерасонанду худ ва дигарон, махсусан кӯдакони худро зери хатар мегузоранд?

Мутахассисон ин ҳамаро дар табъиз арзёбӣ мекунанд. Ва беморон аз тарси доғ гирифтан дар номашон дар бештар ҳолат доруҳоро истеъмол накарда, аз табобат даст мекашанд. Ҳатто ҳаст ҳолатҳое, ки волидайн бо шунидани натиҷаи ташхис, аз тамғагузории ҳаққу ҳамсоя ва хешовандонашон табобати фарзандонро ба таъхир гузоштаанд.

Сафаралӣ Исмоилов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил мегӯяд, “дар беморхонаи мо як кӯдак бистарӣ шуда буд. Модараш ба мо гуфт, ки барои табобат кардан, бояд ба мактаб ҳуҷҷат пешниҳод кард. Вақте мо дар варақаи тиббӣ навистем, ки ҳақиқатан духтарак дар беморхонаи бемориҳои сил табобат мегирад, модараш гуфт, ки бемории силро нанависем. Зеро хешу табор, ҳамсояҳо нисбати мо гумони бад мекунанд”.


Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар хонаводаҳое, ки бемории сил ошкор шуд, бояд ҳамаи кӯдакони то синни 14-сола ва калонсолон, ки дар як хона бо бемор зиндагӣ мекунанд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Зеро бинобар суст будани иммунитети бадан кӯдакон зуд сироят ёфтанашон мумкин аст. Ҳамчунин шахсоне, ки зуд-зуд сулфа ва атса мезананд, бояд ҳатман балғамро барои ташхис супоранд.


Бар асоси як тадқиқот, ки дар Осиёи Миёна гузаронида шуд, исбот гаштааст, ки:

Одамон аз онҳое, ки бемории сил доранд, метарсанд
Одамон намехоҳанд, ки беморони сил бо кӯдаконашон бозӣ кунанд.
Одамон намехоханд, ки бо аъзоёни оилаи бемори сил хӯранд ё нӯшанд
Одамон намехоҳанд, ки касе бемории сил дорад, дар деҳаашон зиндагӣ кунанд.
Маҳз бо ҳамин сабабҳо мардум бемории худро аз дигарон пинҳон медоранд, ки сабаби сироят ёфтани дигарон мегардад. 

Сафаралӣ Исмоилов иброз дошт, ки якчанд узви инсон ба мемории сил гирифтор шуда метавонад:


Пас наздикони бемор дар ин давра чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд?

·        худро канор нагиранд, беморро ҳаматарафа дастгирӣ ва рӯҳбаланд намоянд,

·       тартиби хӯрдани доруҳо ва то охир табобат гирифтани беморро назорат намоянд,

·       фаҳмонанд, ӯро дилпур созанд, ки пурра шифо меёбад ва кору зиндагиро ба таври муқаррарӣ идома хоҳад дод,

·       ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ эътибор диҳанд, аммо ин корҳоро намоишкорона накунанд, то ки ба бемор сахт нарасад, хотираш озурда нагардад, рӯҳафтода нашавад. Бемор дигар барои атрофиён хавфнок нест,

·      барои дар ҳавои тоза, боғот, хонаҳои барҳаво истироҳат кардани бемор шароит муҳайё созанд.


Сафаралӣ Исмоилов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил қайд кард, ки табобати кӯдакон аз саривақт муроҷиат кардани волидайни онҳо мебошад: "Ҳамчунин падару модари кӯдак бояд донанд, ки ба мутахассис муроҷиат кунанд, на ба духтуроне, ки ба бемории сил дахл надорад. Ман фикр мекунам ин ҳама аз беаҳмиятӣ мебошад. Падару модарон бояд ба саломатии фарзандони худ аҳамият дода, сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд. Кормандони беморхона ҳарақат мекунанд, кӯдакон табобат гирифта, сиҳат шуда, хурсанд ба хонаҳои худ баргарданд".

воскресенье, 17 марта 2019 г.

МТТҲС: Мардум дар фикри саломатии худ буда, дар бораи бемориҳо маълумоти кофӣ доранд!


Роҳбарони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру навоҳӣ мегӯянд, дар асоси Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ фаъолият дошта, дастаҳои ҷомеавии саломатӣ оиди бемориҳо миёни мардум фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ аз 9-уми марти соли 2017 таҳти рақами 153 бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба имзо расидаааст. Дастур низом, муносибат ва усули ягонаи фаъолиятро дар сатҳи ҷомеа доир ба масъалаҳои саломатӣ дар асоси принсипҳои шарикӣ байни системаи тандурустӣ ва ҷомеа дар ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистон ҷиҳати пеш бурдани саломатӣ, ки ба васеъ намудани имконият ва ҷалби ҷомеа ба масъалаҳои  саломатӣ нигаронида шудааст, танзим менамояд.

Рустам Аҳмадов, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Файзобод мегӯяд, пас аз фаъолияти дастаҳои ҷомеавии саломатӣ дар ноҳия аз рӯи Дастур фаҳмишу тассавуроти мардум оиди бемориҳо дигар шудааст: “Робитаи мардум бо дастаҳои ҷомеавӣ хуб буда, мардум дар бораи диабети қанд, камхунӣ, ҷоғар ва пешгирии ҳомиладории номатлуб маълумоти кофӣ доранд”.


Бо иловаи Аҳмадов, дастаҳои ҷомеавии саломатӣ то 15 нафарро дар бар гирифта, аз ҳисоби аҳолӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин дастаҳо кормандони соҳаи тандурустӣ ва омӯзгорон, ки ба нафақа баромадаанд, фаъолият карда метавонанд: “16 фасилитатор дорем, ки бо дастаҳои ҷомеавӣ тарзҳои муносибат бо мардумро меомӯзонанд. Ин дастаҳо ихтиёрӣ буда, ҳар шахс метавонад ба ин гурӯҳ шомил ё ихроҷ шавад. Ҳатто дар ҳолати шароит надоштани ягон нафар, аъзоёни даста, як маблағи муайянеро кӯмак мекунанд, ки беморро то беморхона бурда, расонанд”.

Ба гуфтаи Рустам Аҳмадов, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Файзобод, дар деҳа ва маҳалҳо мардумро ҷамъ карда, оиди пешгирии сил, ВНМО ва дигар бемориҳо саволу ҷавоб мекунанд: “Дар давоми як моҳ зиёда аз 100 вохӯриву суҳбатҳо бо мардум мегузаронем. Марказҳо бо маводҳои ёрии аввалияи тиббӣ таъмин буда, се мошини ёрии таъҷилӣ дар ноҳияи Файзобод фаъолият мекунад”.

Ҳамсуҳбати дигари мо Завқиддин Исмоилов, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рӯдакӣ низ иброз дошт, ки табибони соҳа дар ноҳия аз рӯи Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ фаъолият мекунанд: "Дастаҳои ҷомеавии саломатӣ аз ҳисоби худи халқ буда, ҳамроҳ бо марказҳои саломатӣ дар ноҳия кор мекунанд. Фикр мекунам таҷрибае, ки мардум доранд, мо надошта бошем. Аз ин рӯ, фаъол намудани дастаҳои ҷомеавии саломатӣ аз ҳисоби мардум бисёр хуб мебошад”.

Исмоилов мегӯяд, дар ноҳияи Рӯдакӣ 30 марказҳои саломатӣ ва 81 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият доранд: “Дастаҳои ҷомеавӣ Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатиро ба мардум мефаҳмонанд, мардум низ инро хуб дарк кардаанд". 

Дар ин дастур дурнамои “Шарикӣ кор бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, ки барои ташкили ҳамкории устувор дар маъалаҳои пеш бурдани саломатӣ байни ҷомеа, муассисаҳои КАТС ва МТТҲАС дар ноҳияҳои деҳоти ҷумҳурӣ муайян гардидааст, оварда шудааст, ки ба эҳтиёҷҳои соҳаи тандурустии кишвар ва вусъат додани муносибаҳо, ҳамчунин бо иштирок ва муосидати ҳамаи шарикон бештар мувофиқ мебошад.

Дарстур чор унусрҳои зеринро дар бар мегирад, ки онҳо барои барномаи бо “Шарикӣ кор бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ муайян мебошанд:

1.Муассисаҳои КАТС ва МТТҲС муассисаҳои асосии кор бо ҷоема буда, бояд бо тамоми ҳамин гуна барномаҳо ва фаъолиятҳо ҷалб карда шаванд.
2.МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” МҶТТҲС барномаи “ШҶМС”-ро ҳамоҳанг месозад.
3.Дар ҷомеаиа деҳотӣ ташкилотҳои мустаъқили ихтиёрӣ (волонтёр) бо номи “дастаҳои ҷомеавии саломатӣ” (ДҶС) дар тақвият додан ё пеш бурдани саломатӣ шарикони асосии муассисаҳои КАТС ва МТТҲС мебошад (Ташкил кардани ДҶС дар қисми “Принсипҳои асосии шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саоматӣ) ифода ёфтааст.
4. Интихоби мавзуъ барои кор бо ҷомеа бояд дар асоси афзалиятҳое, ки аз тарафи худи ҷомеа муайян мегардад. Инчунин мувофиқи афзалиятҳои Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи милии солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистсон барои солҳои 2010-2020”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 2010 таҳти рақами 268 тақдиқ шудааст, сурат хорҳад гирифт.

МАЪЛУМОТНОМА





Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин такмил ва рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар соли 2018 гурӯҳҳои кории вилоятӣ оид ба ворид ва идора намудани раванди бизнеснақшагирӣ дар шабакаи муассисаҳои КАТС- вилоятҳо (Хатлон, Суғд, ВМКБ) омӯзонида шуданд.

Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявӣ 804 нафар кормандони тиб (82 нафар табиб ва 722 нафар корманди миёнаи тиб) давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуда, ба ҷойҳои кории худ баргаштанд. Бояд қайд намуд, ки 643 бозомӯз, аз онҳо 91 нафар табиб, 522 нафар корманди миёнаи тиб даврҳои бозомӯзиро идома дода истодаанд.

Дар маҷмӯъ айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4334 нафар (81,2%, талабот 5333 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8077 нафарро (75,7%, талабот 10 667 нафар) ташкил медиҳанд.

среда, 13 февраля 2019 г.

Enrollment in schools in tajikistan 99.9%?





But parents complain that their children are enrolled in the class from 30 to 40 years. However, they complain that their children are enrolled in the class from 30 to 40 years.

The authorities of Tajikistan reported that there are no problems with schools and schoolchildren in the country, as there are other schools in the country.

Khurshed Fozilov, a resident of Penjikent, told us that in the Russian class number 1 of the city of Penjikent there is no place for a child: "Teacher was told that in this class there is no place for my daughter, because the class was full and there were 50 students. This problem also appears in the Tajik classes of this school. Since there was no place in the class, I distributed my daughter to the Tajik class of the school, where they already accepted 40 students".

Khurshed said that the school’s management said that I could accept his daughter’s condition. First he must buy a table and chair for the class and after that they take his child.

The Ministry of Education and Science of Tajikistan does not deny the problem yet, but it says it has several factors. In particular, the growth of the readers' annual growth per year is expected to rise from the population of the country. They include, for example, the annual increase in the grades of the school, for example this year, more than 5,000.

Echon Khushvakhtov, a spokesmen Ministry of Education says for the region, compares the growing trend of readers, especially in the Khatlon region, in the middle of the country and the suburb of the country, in Rudaki region.

In that case, the Ministry of Education and Science of the Republic of Tajikistan states that in general, educational institutions are more than 99.9%, which shows that lack of school is lacking in the country: "Only in that city, Within a period of 1 or 2 years, new villages will be built for a period of time, "said Eshon Khushvakhtov.



In the case of the increase in the number of schoolchildren and the lack of a classroom for further education, the education system will appear in 3 shifts. According to the Ministry of Education and Science of Tajikistan, the institutions, which are studying the 3th form, will be included in the education system of the education sector, and their construction will take place on the 30th anniversary of State Independence. The Ministry of Finance is convinced that this difficulty will be seen as a way of celebrating this holiday, as it is only spent on the construction of schools and classrooms, not only the state budget, but also entrepreneurs. Also, in some districts, the people have been helping the local people in the construction of school and classrooms to provide local governments.

вторник, 12 февраля 2019 г.

Муваффақияти занони Хатлон бо дастгирии Лоиҳаи USAID


Барно Эрданова, сокини 58-солаи маҳалаи Навободи ҷамоати Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ, яке аз 50 ҳазор зане мебошад, ки дар омӯзишҳои Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-и USAID иштирок намуда, бо дастгирии лоиҳа мағозаи тухмиҳоро кушодааст.

Ин зани рӯзгордида, ки соҳиби 6 фарзанду 12 набера мебошад, тавонистааст, он маслиҳатҳое дар доири лоиҳа ба ӯ додаанд, дуруст ба роҳ монад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ташкилоти амрикоии Кемоникс Интерншнл барои 5-сол дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Барно Эрданова дар баробари он ки дар ҷамоати деҳоти Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ мағоза дорад, ҳамчунин ӯ хоҷагии деҳқонӣ низ дошта, ҳаргуна сабзавотро парвариш мекунад. Дар фасли тобистон аз ҳисоби заминҳои деҳқонӣ ва дар фасли зимистон бошад аз ҳисоби мағоза зиндагии оилаашро пеш мебарад.









Ба гуфтаи ӯ як наберааш дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил карда, тамоми хароҷоташ аз ҳисоби мағоза ва хоҷагии деҳқонии бибиаш мебошад: “Ман раиси маҳалла будам, вале шавқам бо фурӯши тухмиҳо зиёд буд. Ман қаблан дар хона ба фурӯши тухмиҳо машғул будам ва дар доираи лоиҳа ба мо омӯзониданд, ки чӣ гуна метавон дар оянда кор карда, маблағ ба даст овард. Мо фаҳмидем, ки аз шаҳри Хуҷанд барои фурӯш имкони овардани тухмиҳо ба Душанбе ҳаст, ман тухмиҳоро аз дигар ҷо оварда, дар ноҳияи худ мефурӯшам. Ман вақте бо кормандони андоз маслиҳат карда, ба хулосае омадам, ки кушодани мағоза чандон душворр набудааст. Ҳоло бошад савдоям дар мағоза хуб аст ва дар як рӯз то 1500-2000 сомонӣ тухмӣ савдо мекунам”.




Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ мегӯяд, дар омӯзиши занон ва ҷалби онҳо ба соҳаи кишоварзӣ муваффақ ҳам шудаанд: “Зиёда аз 50 000 нафар занон ба омӯзишҳо фаро гирифта шуда, кӯмакҳои техникӣ ва молӣ, аз қабили кӯчаки сабзавотҳо, мошинаҳои кишоварзӣ, тракторҳо ва мошинаҳои коркарди шир, мошини борпечонӣ, мошинолотҳо барои истеҳсол ва хӯроки чорво, сепараторҳо барои коркарди шир лоиҳа кӯмаки худро кард”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳабти мо бо мақсади боло бурдани сатҳи зиндагии занонҳое, ки қобили таваллуд буда, кӯдакони то синни то 2-соларо доранд, беҳтар кардани ғизои солими мардум дар 12-ноҳияи вилояти Хатлон  барномаи мазкур кор карда истодааст: “Лоиҳа аз сентябри соли 2015 то марти соли 2020 фаъолият мекунад ва яке аз ҳадафҳои мо ин паҳн кардани технология ва зироатҳои нав мебошад. Аз брокколи 360 намуд ғизо омода карда мешавад”.
Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 4 млн дона кучатҳое, ки қаблан дар Тоҷикистон кишту кор намешуд, бори аввал ба Ватан ворид гардидааст, аз ҷумла навъҳои гибридии бодиринг, қаламфӯри ширин, помидор, карами пекинӣ, испаноқ, брокколи, ғуҷумкарам, бумиё, пиёзи баргӣ аз Голландия ворид карда шуда, ба занони минтақа тарзи кишт карданаш омӯзонида шудааст.

Дар расмҳои зер метавонед бо намуди сабзавотҳо шинос гардед!




>

Ҳамчунин, дар маҷмӯъ 39 навъи гуногуни меваҳо, аз ҷумла себ, зардолу, шафтолу, бодом, чормағз аз ин ҳисоб айни замон дар бозорҳои вилояти Хатлон харидори мушаххас пайдо кардаанд.
Таҳти роҳбарии хонум Барно духтарон дар ҷамоати деҳоти Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил карда, омӯхтаҳои худро ба дигарон мефаҳмонанд. Ва ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, аз ҷониби Лоиҳа дастгоҳ ва кучатҳо барои парвариш дода мешавад. То ин ки аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода баранад.

Мижгона Ҳалимова, махсус барои "Бонуи кишоварз"-и Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии USAID дар Тоҷикистон!

пятница, 2 ноября 2018 г.

АГАР САТҲИ КАМБИЗОАТИРО ВОҚЕӢ АРЗЁБӢ МЕКАРДАНД...


Дилрабо Амиршоева, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки шароти зиндагиаш хуб нест, мегӯяд ба имтиёзҳое, ки давлат барои камбизоатон муайян кардааст, начандон бовар дорад. Зеро тибқи мушоҳидаҳояш ҳамсоияи ӯ, ки серфарзанд буда, камбизоат аст ва ҳатто барои гирифтани камбизоатӣ муроҷиат кардааст, натавонист ҳаққашро гирад: “Ҳастанд оилаҳое, ки зиндагии хуб доранд, ин ҳақро доро ҳастанд, вале камбизоатон не”.

Масъулини соҳа бар инанд, ки ҳастанд оилаҳое аз гирифтани кӯмакпулиҳои маъюбӣ ё камбизоатӣ шарм дошта, худро дар қайд намемонанд.


Коршиносон ва мансабдорон на танҳо дар бораи сатҳи нодорӣ дар Тоҷикистон, балки масоили вобаста ба ҷубронпулии аз ҷониби давлат пешбинигардидаро низ зери суол бурда, баррасӣ мекунанд.


Ҳарчанд сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 фоиз то 30 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо мавзӯи нагирифтани кӯмакпулиҳо барои ин қишри

мардум ҳанӯз норавшанӣ ва мушкилот дар пай дорад.

Борҳо шудааст, ки дар дар расонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи ҷо доштани ҳолатҳои фасодкорӣ ҳангоми гирифтани кӯмакпулиҳои мардуми камбизоат, хоса аз ҷониби наздикони ашхоси мансабдор, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.


Аммо масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, низоми нави муқаррар намудани кӯмакпулиҳо масоили вобаста ба ҳолатҳои фасодкориро аз байн бурдааст. 

Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз дар мамлакат нафарони ниёзманде кам нестанд, ки намедонанд барои гирифтани ин имтиёзҳо, ки қонунгузорӣ барояшон муқаррар кардааст, ба куҷо ва чӣ тавр муроҷиат намоянд.

Зимнан, мо зарур донистем барои осонии кори ин гуна
одамони ниёзманд барояшон роҳнамое таҳия созем:

Масъулин тарзи дигари муайян кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистонро низ пешниҳод мекунанд. Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандон даромади умумии оилаи худ, аз ҷумла нафақа, маош, идрорпулиро дар аризаи худ навишта, ҳамаи инро ҳисоб мекунанд. Агар дар маблағи умумӣ ба сари ҳар як нафар 250-сомонӣ рост омад, ин оила камбизоат ҳисоб намешавад.

Масъалаи дигаре, ки ниёзмандон барои гирифтани кӯмакпулӣ аз он шикоят доранд, раванди омодасозии асноду ҳуҷҷатҳост, ки баъзан ба гуфтаи корафтодагон, маблағе, ки онҳо дар ин ҷараён сарф мекунанд, аз ҳаҷми кӯмакпулӣ ҳам бештар мешавад.

Аммо Қудратулло Қурбонов мегӯяд, маҳз ба хотири осон намудани ин раванд соли 2011 қарори 437 қабул гардид. Бар асоси ин қарор аз 68 шаҳру навоҳии кишвар 40-тои он ҳамчун шаҳру навоҳии таҷрибавӣ ҳисоб гашта, бо пур кардани бланкаҳо кори худро анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи Қурбонов, ташхиси оилаҳои камбизоат ройгон буда, дар ҳолати маблағ талаб кардан аз ҷониби табиб, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ин оилаҳо метавонанд доруҳоро низ ройгон гиранд.

Ба гуфтаи масъулин ба ғайр аз ҷубронпулиҳои ёдшуда, ҳамчунин пардохтҳои дигари иҷтимоӣ низ барои камбизоатон вуҷуд дорад, ки аз буҷаи давлат ихтисос меёбад. Қудратулло Қурбонов зимни суҳбат бо мо ин имтиёзҳоро чунин шарҳ дод.
Овози Қурбонов оиди иҷроиши қарор барои табобати ройгон ин ҷо гӯш кунед!





Соли 2001 бошад ба сари ҳар фарзанди ноболиғи оилаҳои камбизоат ҳукумат 40-сомонӣ кӯмакпулӣ муқаррар намуд. Ҳарчанд бархе волидони оилаҳои камбизоат ҳаҷми ин кӯмакпулиҳоро хеле кам арзёбӣ мекунанд, аммо коршиносон мегӯянд маблағи кӯмакпулиҳо ба вазъи иқтисодии кишварҳо рабт дорад.
Садои Қурбонов дар мавриди кӯдакон





Аз рӯи ин меъёрҳо, таҳлилгарон мегӯянд, ҳатто 100-сомоние, ки дар се моҳ ба оилаҳои камбизоати Тоҷикистон дода мешавад, бениҳоят кам аст. Шореҳи масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён дар ин маврид мегӯяд:

Овози Исмоилиён дар мавриди кӯмаки 400-сомонӣ



Ин коршинос масъаларо аз сӯи дигар ба омори нодурусти ироашуда аз ҷониби масъулин рабт медиҳад. Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати пешниҳод шудани маълумоти воқеӣ оида ба шумораи ашхоси камбизоат дар Тоҷикистон имкон дорад аз ҳисоби созмонҳои кӯмакрасон ба ашхоси ниёзманд кӯмаки бештар расонида шавад:
Овози Исмоилиён






Зери шубҳа бурдани омори расмӣ ба воқеият дар саҳти мақомоти давлатӣ низ матраҳ шудааст. Аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар яке аз иҷлосияҳои моҳи июни соли ҷорӣ, ки мавзӯи тасвиби созишномаи маблағгузории иловагӣ барои таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ мешуд, омори аз 71 фисад то 31 фисад паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро шубҳанок арзёбӣ карда, пурсид: “ин ин омор аз куҷо ва дар асоси чӣ дақиқ шудааст?”.

Ҳамчунин ӯ гуфта буд, ки агар дар як деҳаи дурдаст, ки наздики 100 нафар зиндагӣ мекунанду кумакпулӣ танҳо ба 6-оила дода мешавад, “оё сокинони дигари ин деҳа розӣ ҳастанд, ки маҳз онҳо кумак бигиранд?”.

Дар ҳамин ҳол, чанд соли ахир Тоҷикистон меъёрҳои эътирофкардаи Бонки ҷаҳониро дар бораи сатҳи камбизоатӣ қабул надорад. Бонки ҷаҳонӣ, афродеро камбизоату фақир арзёбӣ мекунад, ки дар як рӯз камтар аз 16,6 сомонӣ ё худ 1,9 доллар барои худ масраф мекунад.

Аммо дар посух ба саволи он ки дар Тоҷикистон киро камбизоат номидан мумкин аст, Саида Умарова, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки шахси камбағал касест, ки манбаи даромад надошта, дар ҷое кор намекунад, фарзанди маъюб, ё кӯдакони хурдсол дошта, имкони кор дар ягон ҷоро надорад. Ё фарзандаш донишҷӯ буда, тариқи шартномавӣ таҳсил мекунад.


Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...