Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол мисли дигар кӯдакон бо бозӣ машғул мешаванд, вале
бозии онҳо аз дигар кӯдакон ба куллӣ фарқ мекунад, чунки онҳо қаблан ба бемории сил гирифтор буданд.
Модари онҳо аз кумаки кормандони соҳаи тиб миннатдорӣ карда, мегӯяд, дар
маҷмӯъ, табобат бо дастгирии табибон ҳатто дар хона ҳам хуб гузашт: “Ман
мехоҳам, ки онҳо дар оянда табиб шаванд, зеро ман аллакай мебинам, ки ба
ин касб таваҷҷӯҳ доранд. Вақте ки онҳо бо ҳам бозӣ мекунанд, яке табиб дигараш нақши
беморро бозӣ мекунанд ва ин ба онҳо писанд аст”-мегӯяд бо хушҳолӣ модари ин
тифлакони дӯстрӯй.
"Мо ба ҳама намуди табобат омода
будем то ин ки кӯдакон шифо ёбанд"
Ба гуфтаи модари Малика ва Комил вай дар бораи табобати курси кӯтоҳи ин беморӣ чизе
намедонист, табибон ин варианти табобатро барояш фаҳмониданд ва ӯ низ розӣ шуд. Чунки табибон
аввал бемории силро дар духтараш ва баъд аз як моҳ дар писараш пайдо карданд.
Модар барои табобат фарзандонашро ба Беморхонаи Мачитони шаҳри Ваҳдат бурду он ҷо давоми панҷ
моҳ бистарӣ гаштанд.
Модар мегӯяд, дар аввал барояш душвор буд табобати фарзандонаш, зеро ҳангоми
истеъмоли дору онҳо гиря мекарданду бештар хашмгин мешуданд.
Идомаи табобат дар хона
Табибон ба модари Малика ва Комил фаҳмонида буданд, ки доруҳоро ба кӯдакон чӣ гуна тақсим
кунад, аз ин рӯ вай доруҳоро аз Маркази сили маҳалли зисташ гирифта, ба тифлаконаш сари вақт медод, то ин ки дар табобати онҳо дасткутоҳӣ накунад. Зеро ин
вобаста ба ҳаёти фарзандонаш буд: “Дар хона душвор буд рӯҳияи кӯдаконро боло
бурдан, аммо бо кумаки табибон ин корро анҷом додам. Шукр, ки имрӯз онҳо сиҳат ва
саломат мебошанд. Ягон беморие нест, ки табобат надошта бошад, албатта ин аз худи
ҳар модар ва шахси бемор вобастагӣ дорад”-нақл мекунад ин модар.
Сил бемории ҷиддии сироятӣ аст, ки аз микробактерияҳо ба вуҷуд меояд. Манбаи сироят беморест, ки шакли фаъоли беморӣ дорад, ки ҳангоми сулфа, гуфтугӯ микробҳои патогенӣ ҷудо мекунад. Сироят тавассути зарфҳо, ашё, рахти хоб, ки бо микробҳо олуда шудааст, инчунин тавассути истифодаи шири нопухта, гӯшти ҳайвонот ва паррандагони гирифтори сил имконпазир аст.
Барои муайян кардани бемории сил, наврасон бояд соле як маротиба аз муоинаи
флюорографӣ гузаранд. Дар кӯдакон сироятёбии силро бо истифода аз санҷишҳои иммунологӣ
муайян карда мешавад. Беҳтар аст, ки волидайн кӯдаконро дар хурдсолӣ ба иммунизатсия
фаро гиранд.
Гурӯҳи дигари хатари баланд кӯдакон ва наврасоне мебошанд, ки бо беморони сил дар тамос будаанд. Чунин ашхосро фтизиатр бодиққат аз назар мегузаронад, барои онҳо назорати диспансерӣ муқаррар карда мешавад ва дар ҳолати зарурӣ бо доруҳои зидди сил профилактика гузаронида мешавад.
Барои муҳофизат аз сил дар мамлакати мо, чун дар як қатор кишварҳои дигар, кӯдакон пас аз 3-7 рӯзи таваллуд бо ваксинаи БСЖ фаро гирифта мешаванд.
Ҳамчун ин ваксина дар 6-7-солагӣ низ дубора ба кӯдакон ворид карда мешавад. Ваксинаи БСЖ дар китфи чап карда мешавад. Агар ваксина саривақт ва дуруст гузаронида шавад, иммунитети кӯдак бар зидди бемории сил фаъол мегардад.
Ҳар қадар бемории сил сари вақт ташхису муайян карда шавад, ҳамон қадар
шахси калон ё кӯдак дар табобат муваффақ хоҳад гашт.
Аз ин рӯ табибон тавсия медиҳанд, ки аз ваксинагириҳои профилактикии зидди
сил худдорӣ накарда, аз муоинаи тиббӣ канорагирӣ накунед!
Комментариев нет:
Отправить комментарий