Ба гуфтаи
Ҷамила Набиева, мутахассиси рушди таълимоти томактабӣ ва
мудири кӯдакистони хусусӣ рушди барвақтии кӯдак тамоми дунёро ба ташвиш овардааст:
"Миёни мардуми тоҷик як гап аст, ки чаро кӯдакони рус инқадар доно ҳастанд? Зеро онҳо таълиму тарбияро аз батни модар шурӯъ мекунанд. Барои кӯдак сухани хуб мегӯянд, меҳрубонӣ мекунанд, вақте кӯдак дар батни модар аст суруд ва китоб мехонанд. Маҳз дониши кофӣ надоштани волидайн ва омода набудани ҷавонон барои оила барпо кардан, ба рушди барвақтии кӯдак таъсир мерасонад. Зеро вақте кӯдак таваллуд мешавад, аксаиряти падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, таълиму тарбияи фарзанд ба дӯши модар мемонад. Дигар модар намедонад, ки фарзандонашро хӯронад, кори хонаро кунад ё аз паси тарбияи ӯ шавад".
Фарзандам мактаб
рафт, муаллима ёд медиҳад”
“Мушкилии асосии мо тоҷикон ин аст, ки мегӯянд, фарзандам мактаб рафт, муаллима ёд медиҳад. Вале дар стандартҳои давлатӣ дар барномаҳои давлатӣ дар ин борра диққат кам дода шудааст. Ҳамин марҳилаи тиллоие, ки барои кӯдак аст, аз байн рафтааст. Аз ин рӯ ин марҳиларо бо бояд зиёд омӯзем. Таълими кӯдак шурӯъ мешавад, аз таваллуд. Бештари оилаҳое ҳаст, ки пас аз таваллуд бо кӯдак бозӣ намекунанд, ҷиддан рафтор намекунанд. Дар хона ҳар чизе, ки дорем бояд кӯдакро омӯзонем, кӯдак дунёи худро меоӯмӯзад, аз дунёи худаш давраро кушод карда, ба дунёи васеъ даромада, маълумоту дониш мегирад. Дар ин ҳолат кӯдак инкишофи ақлӣ, зеҳнӣ, фаҳмиш, тафаккур, нутқ ва ҷисман инкишоф меёбад"-гуфт Набиева.
Марказҳои таълимӣ
барои инкишофи кӯдак аз чанд сола бояд бошанд?
Вале тибқи мушоҳидаҳо дар ин марказҳо
бештар кӯдакони шашсола дида мешаванд, ки он ҳам як сол мондани то мактаб,
омодагӣ мебинанд. Зеро ба гуфтаи мутахассисон мураббияҳои боғчаҳо кӯдакони 3-4
соларо дарс дода наметавонанд.
Шодибек Қодиров, директори ТҶ “Иқтисод ва омӯзиш” мегӯяд, соли 2014 Қонунни ҶТ Дар бораи таҳсилоти томактабӣ таҳия ва қабул гардид, дар он шаклҳои камхарчӣ таҳсилоти томактабӣ иҷозат дода шуд, ки яке аз инҳо марказҳои инкишофи кӯдакон мебошанд:
Шодибек Қодиров, директори ТҶ “Иқтисод ва омӯзиш” мегӯяд, соли 2014 Қонунни ҶТ Дар бораи таҳсилоти томактабӣ таҳия ва қабул гардид, дар он шаклҳои камхарчӣ таҳсилоти томактабӣ иҷозат дода шуд, ки яке аз инҳо марказҳои инкишофи кӯдакон мебошанд:
"Ин як синфхонае ҳаст, ки дар он ҷо танҳо шаш солаҳо ҳастанд. Вале мувофиқи қонунгузорӣ кӯдакони аз синни се то шаш сола бояд таҳсил кунанд, аммо аксарияти падару модарон танҳо кӯдакони шашсоларо мебаранд. Чунки мураббияҳои мо кӯдакони 3-4 соларо дарс дода наметавонанд".
Кӯдак дар
боғча чиро бояд омӯзад?
Қодиров бар
ин назар аст, ки мо то ҳол муайян накардаем, ки кӯдак дар боғча чӣ чизҳоро бояд омӯзад ва ягон воситае надорем, ки муайян кунем, ки як кӯдак давоми чанд соле,
ки ба боғча мераварад, чӣ чизро ёд гирифтааст:
" Ченак нест. Ҳаст ченакҳои умумии ҷамъиятӣ, масалан, шумораи шеърҳоро ёд гирифт, аз ҳама бадтарин ченак хондан ва навиштан аст барои таҳсилоти томактабӣ. Мо ва падару модарон ва онҳое, ки системаи маорифро идора мекунанд, фикр мекнанд, ки кӯдак мактаб норафта, бояд навиштану хонданро ёд гирад. Миёни марказҳои томактабӣ мониторинг гузаронидем ва муайян кардем, кӯдаконе, ки аввал ба ин марказҳо рафта, баъд ба мактаб мераванд, алакай дар моҳи ноябр духон шуда, хоҳиши ба мактаб рафтанро надоранд. Чунки дар марказҳои инкишофи кӯдак ба онҳо аз китоби Алифбо дарс мегӯянд. Аксари мураббиён шеърҳо ва хондану навистанро аз ин китоб ба онҳо меомӯзонанд.
-Яке аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзиш дар таҳсилоти томактабӣ ин иҷтимоишавии кӯдак аст. Кӯдак бояд муносибат ба худу рафиқон ва он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, омӯзад. Мо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ дорем, мутаассифона мураббияҳои дуруст нароем, ки инҳоро омӯзонанд. Барои мисол шиносоӣ бо муҳити зист, агар дар боғча тарзи муносибат бо дарахту муҳити зистро ба кӯдакон омӯзонан, ин худ як дарси экологӣ гирифтани ӯ мебошад. Вале ҳамаи инро дар мактаб мехоҳанд омӯзонанд"-иброз дошт Қодиров.
Чизи дигари нигаронкунанда ба гуфтаи Қодиров ин хусусӣ гардонидани боғчаҳо мебошанд, ки 50 фисадро ташкил медиҳад.
Норасоии кадр аз сатҳи пасти дониш ё маош?
Норасоии кадр аз сатҳи пасти дониш ё маош?
Ба гуфтаи
Шодибек Қодиров дар сатҳи тайёр кардани кардрҳо имкониятҳои зиёдро аз даст
додаем, зеро аксарияти мураббияҳое, ки омода мекунем, аз кам будани маош кор
намекунанд ё агар кор кунанд ҳам, аз сабаби кам будани маош намехоҳад худро зиёд ғам
диҳанд:
"Мушкилиҳо чунон зиёд ҳаст, ки ҳатто намедонем кадоме аз инҳо сабаб шуда метавонад. Бузургтарин хатои мо падару модарон ин аст, ки мехоҳем фарзандонамон тез калон шаванд, вале мо ҳеҷ гоҳ намегӯем дар бораи хона ва падару модараш чӣ гуфта метавонад. Илм исбот кардааст, ки вақте кӯдак аз се солагӣ то шаш солагӣ маълумот мегирад, дигар чиз аст. Дигар хатои мо ин аст, ки мо дар кӯдак савол доданро мекушем. Мо имконияти савол доданро ба кӯдак намедиҳем, пас дигар қобилиятҳои кӯдакро низ мекушем".Шодибек Қодиров мегӯяд, муҳимтарин масъалаи рушди кӯдак ин камбизоатии онҳо мебошад, ки тибқи омори расмӣ зиёда аз 30 фисад кӯдакон дар хонаводаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд. Ин коршиноси соҳа ба мо як чанд мушкилиҳои ҷиддии кӯдаконро баён дошта зикр кард, ки дар ҳоли бартараф накардан, мо наметавонем дар бораи рушди кӯдак сухан кунем. Зеро мушкилиҳои зер сарчашмаи рушд наёфтани кӯдакон мебошанд:
Камбизоатии кӯдакона чӣ аст?
Масъалаи камбизоатии кӯдакон проблемаҳоро дар рӯшди барвақтии онҳо ба вуҷуд овардааст. Масалан 30 фисад аҳолии мо дар ҳоли камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд ва агар инро ба 9 млн. аҳолӣ тақсим кунем, ин баробар аст ба 3 млн аҳолӣ, ки ин хеле аҳамияти калон дорад. Ба ин гурӯҳ дохил мешавад, кӯдаконе, ки имконияти таъмини талаботи ҷисмонӣ, талабот ба бахӯрок, талабот ба иттилооту маълумот. Боз ҳаст қашоқии шадид, ки ин тоифа кӯдакон на ин ки танҳо дафтару қалам ё дар хона телевизиор надоранд, балки имконияти муфоқи меъёр хӯрок хӯрданро надоранд".
Ғизои кӯдакон
Нарасидани ғизо рӯз ба рӯз афзоиш ёфта истодааст, агар дар дигар кишварҳо ин мушкилӣ 6-7 фоизро ташкил диҳад, дар мо аз 30 фоиз зиёд мебошад. Маҳз ҳамин камбизаотӣ ва норасоии ғизо боис шудааст, ки кӯдакони 5-6 моҳа камвазн мешаванд.
Қадрастӣ
Дигар ин проблемаи қадпастӣ мебошад. Мо дар бораи рушди барвақтии кӯдакон мегӯем, ин нафарон баъд 20 сол кӯдаконе ҳастанд, ки қувваи кории моро бояд иваз кунанд, вале чӣ гуна бо вазни кам ва қади паст?
Лоғаршавӣ
Бадтарин чизе, ки проблемаи муҳим аст, ин лоғаршавии шадид мебошад. Дар замони шӯравӣ ингуна нишондиҳандаҳо набуд.
Норасоии оҳан ва камхунӣ
Дигар проблема норасонии оҳан ва камхунии кӯдак аст, ки аз нуқтаи рушди инсон мушкилии калон мебошад, мутаассифона миёни кӯдакон хеле зиёд аст (аз 6-12 моҳа 45,4 фоиз). Маъюбтият байни кӯдакон зиёд шудааст, вақте онҳое, ки дар давоми 6-12 моҳагӣ камхунӣ доранд, эҳтимол аст дар 30-моҳагӣ ба дараҷаи маъюбият мерасанд. Нарасидани оҳан ва камхунӣ ба кӯдакон касалиҳои хатарнок ҳаст. Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки шояд назарногир бошанд.
Норасоиивитамини А
Ҳамчунин норасоии витаними А миёни кӯдакон, ки дуриро (хирашавии чашм) намебинанд мушоҳида мешавад. Дар замони шӯравӣ дар як ҳафта як рӯз рӯзи моҳихӯрӣ барои таъмини витамини А буд.Пас аз гуфтаҳои ин мутахассис, нафарони масъулро зарур аст сари ин мушкилиҳо чораандешӣ кунанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий