Дар Тоҷикистон 19 корхонаи сементбарорӣ фаъолият дошта, солона зиёда аз 4 миллион тонна семент истеҳсол мекунанд.
Илёс Юнусов, сармутухассиси Раёсати саноати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, корхонаҳое, ки ба тавлиди семент машғул мебошанд, дар соли 2019 нисбати соли 2018 зиёда аз 2 млн. тонна семент истеҳсол кардаанд.
Хабари бунёди як корхонаи дигари истеҳсоли семент дар соли наздик ва аз фаъолият боз мондани “Сементи тоҷик”, истиқоматкунандагони гирду атрофи онро хушҳол кардааст. Зеро минбаъд аз чанг ва дуди ғализи корхона халос мешаванд.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сементи тоҷик» бо ҷалби 1 млрд. сомонӣ сармояи ватанӣ корхонаи навро бо иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент ва истеҳсоли 80 млн. дона халта дар як сол дар рӯ ба рӯи корхонаи амалкунандаи “Сементи тоҷик” бунёд менамояд.
Бо эҳтимоли зиёд корхонаи амалкунандаи «Сементи тоҷик», ки бо техналогияи куҳна фаъолият менамояду ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, самти фаъолияташро тағйир диҳад ё инки аз байн бурда шавад.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ охири соли гузашта, зимни додани имтиёз ба корхонаи нав дар заминаи корхонаи “Сементи тоҷик” дар Парлумон гуфта буд, бо дастури президенти мамлакат комиссияе дар ин самт таъсис шуда, ҳама паҳлӯҳои ин масъалларо меомӯзанд.
Дар ҳамин ҳол Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси Намояндагон низ зикр карда буд, ки корхонаи навбунёдшавандаи “Семени тоҷик” бояд ба талабот ҷавобгӯ бошаду ба масъалаи муҳити зист таваҷҷуҳ дода шавад. Чунки ин корхона дар канори пойтахт бунёд мегардад.
Дар ҳамин ҳол Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси Намояндагон низ зикр карда буд, ки корхонаи навбунёдшавандаи “Семени тоҷик” бояд ба талабот ҷавобгӯ бошаду ба масъалаи муҳити зист таваҷҷуҳ дода шавад. Чунки ин корхона дар канори пойтахт бунёд мегардад.
Он замон Бахтиёр Маҷидов, мудири ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сементи тоҷик» таъкид карда буд, ки бо бунёд гардидани корхонави нав мушкили экологӣ ба вуҷуд нахоҳад омад. Чунки қариб кулли партовҳо коркард мегарданд.
Бо зикри ӯ тибқи лоиҳа, сохтмону насби таҷҳизоти истеҳсолӣ дар корхона ҳудуди 1,5 сол тӯл кашида, дар сохтмон 1500 нафар, аз ҷумла 1350 шаҳрванди Тоҷикистон ҷалб мегарданд. Ба гуфтаи Маҷидов баъди фаъолсозии корхона 600 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд:
“Чангу ғубор дар ҳамаи сехҳои корхона, яъне дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд”.
Сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент дар Душанбе дар майдони 33 гектар шурӯъ гардидааст. Хатти истеҳсолии корхона аз 10 сехи асосӣ ва ду сехи иловагии ёрирасон иборат буда, дар масоҳати 15 гектар васлу насб мегардад. Дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи нақлиётӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ бунёд карда мешавад.
ИНФОГРАФИКА ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ СЕМЕНТБАРОРӢ ДАР КИШВАР:
Коршиносон бар ин
назаранд, ки дар дохили шаҳр ҷо гирифтани корхонаи семент ва Маркази барқу гармидиҳии
Душанбе-2, ки он ҳам аз ангишт истифода мебаранд, дар аввал ҳавои шаҳрро ифлос карда, илова бар ин ба саломатӣ ва гулу гиёҳ зарар дорад. Ҳатто метавонад шахсро ба бемориҳои роҳҳои
нафас гирифтор кунад.
Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои роҳҳои
нафас мегӯяд, дар асл бемории диққи нафас ба шахс аз руӣ аллергия ва аллергия бошад аз дуди тамоку ва дуди корхонаҳое, ки дар гирду атрофи онҳо мардум зиндагӣ мекунанд, пайдо мешавад.
Ба гуфтаи ӯ феълан дар Тоҷикистон 3000 нафар гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас (астма бронхиальная) мебошанд:
"Қаблан ингуна бемориҳо зиёд буда, ҳоло кам ба назар мерасанд. Шикоятҳо ҳастанд, ки аз дуди фалон корхонаи саноатӣ ё чанги корхонаҳои пахтатозакунӣ ба беморӣ гирифтор шудаанд. Тавсияи мо ҳам ин аст, ки дар баробари истеъмоли дору ва ниқобҳои тиббӣ агар имкон дошта бошанд, манзили истиқоматиашонро иваз кунанд. Ҳатто буд ҳолатҳое, ки бо иваз кардани манзили зист бемориҳои роҳҳои нафаси муштариён табобат ёфтанд”.
Бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар атрофи корхонаи саноатӣ, хусусан корхонаи “Сементи
тоҷик” баҳси дигар аст. Чунки агар ҳукуматҳои маҳал ба онҳо замин ҷудо накунаду қарор қабул накунад, ҳеҷ кас худсарона ҳақи сохтани хонаро надорад.
Аз замони шӯравӣ то имрӯз дар наздикии корхонаи "Сементи тоҷик", мардум оҳиста-оҳиста манзил бунёд карда, акнун ҳазорҳо нафар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ки аз чангу ғубори ин корхона бетаъсир намемонанд.
Аз замони шӯравӣ то имрӯз дар наздикии корхонаи "Сементи тоҷик", мардум оҳиста-оҳиста манзил бунёд карда, акнун ҳазорҳо нафар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ки аз чангу ғубори ин корхона бетаъсир намемонанд.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷӯраев, аллерголог ҳамарӯза
то 20 нафар бо бемориҳои роҳҳои нафас ва аллергия аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода,
ноҳияи Ёвон ва дигар манотиқи кишвар, ки он ҷо корхонаҳои саноатӣ фаъолият
доранд, ба маркази онҳо муроҷиат мекунанд.
Ба гуфтаи ин мутахассис сохтумони корхонаҳои саноатӣ
бояд то 30 киллометр дуртар аз минтақаҳои аҳолинишин бошад:
“Онҳое, ки дар назди корхонаҳои саноатӣ истиқомат мекунанд, аксарашон ба бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Дар замони шӯравӣ ин афродро ҷои истиқоматиашонро иваз мекарданд, ҳоло ҳар касе ҳар куҷое хоҳад корхона месозад. Дар замони шӯравӣ давоми як сол ҷанги сементзавод то 9 ҳазор тонна болои Душанбе хоб мерафт. Дар атрофи сементзавод намегузоштанд, ки касе хона созад. То соли 1973 нафароне, ки дар гирду атрофи сементзавод зиндагӣ мекарданду бемории диққи нафас доштанд, ба онҳо бе навбат хона медоданд".
Корхонаи "Сементи тоҷик соли
1941 бунёд шуда, то соли 2014 "Тоҷиксемент" ном дошт ва бо қарори
ҳукумати кишвар ба "Сементи тоҷик" номи худро иваз кард.
Мижгона Ҳалимова
Комментариев нет:
Отправить комментарий