Хосият Хушрӯзова мегӯяд, чанд моҳ мешавад дар навбат аст, ки кай фарзандашро ба боғча қабул мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ қабл аз эълони карантин дар мактабу боғчаҳо ӯ ба яке аз муассисаҳои томактабӣ муроҷиат карда буд ва он замон барояш ваъда дода буданд, ки “зангаш мезананд”. Аммо то ҳол хонум Хосият занги мудири ин боғчаро интизор мебошад.
Шикоятҳо дар мавриди кам будани кӯдакистонҳо дар шаҳру навоҳӣ чандин маротиба мавриди баҳс қарор гирифта буд. Ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф ва илм феълан фарогирии кӯдакон ба боғчаҳо танҳо 14 фисадро ташкил медиҳаду халос. Яъне 86 фисад кӯдакони боқимонда ниёз ба боғчаҳоро доранд.
Эҳсон Хушбахтов, сухангӯйи Вазорати маориф ва илм мегӯяд, феълан дар кишвар 678 муассисаҳои томактабӣ фаъолият дошта, дар он 97 ҳазору 164 кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шодибек Қодиров, директори ТҶ “Иқтисод ва омӯзиш” сабаби норасоии муассисаҳои томактабиро дар хусусӣ гардонидани онҳо арзёбӣ карда, мегӯяд, ин шумора 50 фисадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ин мутахассис бештари ин боғчаҳо солҳои шӯравӣ харидорӣ шуда, ба ҷои онҳо дигар бино бунёд гардидааст.
Яке аз мушкилиҳои дигар дар ин соҳаро Қодиров дар норасоии муррабияҳо ва кам будани маош арзёбӣ кард: “Дар сатҳи тайёр кардани кардрҳо имкониятҳои зиёдро аз даст додаем, зеро аксарияти мураббияҳое, ки омода мекунем, бо сабаби кам будани маош кор намекунанд ё агар кор ҳам кунанд, ба хотири кам будани маош намехоҳад худро зиёд азият кунанд”.
Ба гуфтаи ӯ соли 2014 Қонунни ҶТ Дар бораи таҳсилоти томактабӣ таҳия ва қабул гардиду дар он шаклҳои камхарҷи таҳсилоти томактабӣ иҷозат дода шуд, ки яке аз инҳо марказҳои инкишофи кӯдакон мебошанд.
Марказҳои инкишофи кӯдак чист?
Қаҳрамони мо Хосият мегӯяд, хонашин буда, мехоҳад маҳз барои рушди инкишофи зеҳнии кӯдакаш, ӯро ба муассисаи томактабӣ ҷалб кунад. Вале Саврӣ Шарипова, як сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ бар зидди гуфтаҳои хонум Хосият мебошад.
Ба гуфтаи холаи Саврӣ тули ду моҳ наберааш ба боғча рафту
аз он ҷо барои худ суханҳои навро ба хона овард: “Дар хонаи мо ҳамагӣ ду кӯдак
аст, ки онҳо чунин дашномҳои қабеҳро намедонистанд. Вақте набераам Сокина ба
боғча рафт, гапҳои навро ёд гирифт, ҳатто ману модарашро низ дашном мекард. Ба боғчае, ки ӯ буд рафтам, дигар маълум гашт, ки он ҷо ҳаргуна кӯдакон
аз ҳархел оилаҳо мебошанд. Боварӣ дорам, ки набераи ман ин суханони ноҷоро аз онҳо
омӯхтааст, чунки ба берун намебарояд. Танҳо ба боғча мераваду халос. Аз ин рӯ
дигар нагузоштам ба боғча равад, бо ӯ худам дар хона кор мекунам ва фикр ҳам
мекунам, ки ин яке аз беҳтарин роҳ мебошад”.
То куҷо ҷалб шудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ метавонад ба тарбияҳо онҳо таъсир расонад?
Ба гуфтаи Шодибек Қодиров, бузургтарин хатои мо падару
модарон ин аст, ки мехоҳем фарзандонамон тез калон шаванд, вале мо ҳеҷ гоҳ намепурсем,
ки кӯдак дар бораи хона ва падару модараш чӣ гуфта метавонад: “Илм исбот
кардааст, ки вақте кӯдак аз се солагӣ то шаш солагӣ маълумот мегирад, дигар хел
ба воя мерасад. Дигар хатои
мо ин аст, ки мо дар кӯдак савол доданро мекушем. Мо имконияти савол доданро ба
кӯдак намедиҳем, аз ин рӯ дигар қобилиятҳои кӯдакро низ мекушем”.
Кӯдак дар боғча чиро бояд омӯзад?
Қодиров бар ин назар аст, ки мо то ҳол муайян накардаем, ки кӯдак дар боғча чӣ чизҳоро бояд омӯзад ва ягон воситае надорем, ки муайян кунем, ки як кӯдак давоми чанд соле, ки ба боғча мераварад, чӣ чизро ёд гирифтааст: “Ченак нест. Ҳаст ченакҳои умумии ҷамъиятӣ, масалан, шумораи шеърҳоро ёд гирифт. Аз ҳама бадтарин ченак, ин хондан ва навиштан аст барои таҳсилоти томактабӣ. Мо, падару модарон ва онҳое, ки системаи маорифро идора мекунанд, фикр мекунанд, ки кӯдак мактаб норафта, бояд навиштану хонданро ёд гирад. Миёни марказҳои томактабӣ мониторинг гузаронидем ва муайян кардем, кӯдаконе, ки аввал ба ин марказҳо рафта, баъд ба мактаб мераванд, алакай дар моҳи ноябр духон шуда, хоҳиши ба мактаб рафтанро надоранд. Чунки дар марказҳои инкишофи кӯдак ба онҳо аз китоби Алифбо дарс мегӯянд. Аксари мураббиён шеърҳо ва хондану навиштанро аз ин китоб ба онҳо меомӯзонанд.
-Яке аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзиш дар таҳсилоти томактабӣ ин иҷтимоишавии кӯдак аст. Кӯдак бояд муносибат ба худу рафиқон ва он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, омӯзад. Мо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ дорем, мутаассифона мураббияҳои дуруст нароем, ки инҳоро омӯзонанд. Барои мисол шиносоӣ бо муҳити зист, агар дар боғча тарзи муносибат бо дарахту муҳити зистро ба кӯдакон омӯзонан, ин худ як дарси экологӣ гирифтани ӯ мебошад. Вале ҳамаи инро дар мактаб мехоҳанд омӯзонанд"-иброз дошт Қодиров.
Падарон дар муҳоҷират, модарони танҳо дар тарбияи фарзанд
Ҷамила Набиева, мутахассиси рушди таълимоти томактабӣ ва мудири кӯдакистони хусусӣ мегӯяд, рушди барвақтии кӯдак бояд аз батни модар шурӯъ гардад: “Масъалаи рушди барвақтии кӯдак тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Миёни мардуми тоҷик як гап аст, ки чаро кӯдакони рус инқадар доно ҳастанд, зеро онҳо таълиму тарбияро аз батни модар шурӯъ мекунанд. Барои кӯдак сухани хуб мегӯянд, меҳрубонӣ мекунанд, вақте кӯдак дар батни модар аст суруд ва китоб мехонанд. Маҳз дониши кофӣ надоштани волидайн ва омода набудани ҷавонон барои оила барпо кардан, ба рушди барвақтии кӯдак таъсир мерасонад. Зеро вақте кӯдак таваллуд мешавад, аксарияти падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, таълиму тарбияи фарзанд ба дӯши модар мемонад. Дигар модар намедонад, ки фарзандонашро хӯронад, кори хонаро кунад ё аз паси тарбияи ӯ шавад".
Хонум Набиева мегӯяд, мехоҳанд мактабҳоро 12-сола карда,
кӯдаконро аз 6-солагӣ ба таҳсил фаро гиранд. Аммо вақте кӯдак омода нашуда ба
мактаб меравад, пас чӣ гуна дониш мегирад: "Вай барои таълиму тарбия аз диди назари
равонӣ ва педагогӣ омода нест. Аз ин рӯ, он марҳилае, ки як
сол муаллимаҳои синфи яки мо алакай барномаи мактабиро тайёр кунанд, онҳо
кӯдакро ба мактаб тайёр мекунад”-иброз дошт хонум Набиева.
Комментариев нет:
Отправить комментарий