Роҳбарони Марказҳои
ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру навоҳӣ мегӯянд, дар асоси Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар
масъалаҳои саломатӣ фаъолият дошта, дастаҳои ҷомеавии саломатӣ оиди
бемориҳо миёни мардум фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа
дар масъалаҳои саломатӣ аз 9-уми марти соли 2017 таҳти рақами 153 бо фармони
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба имзо расидаааст. Дастур
низом, муносибат ва усули ягонаи фаъолиятро дар сатҳи ҷомеа доир ба
масъалаҳои саломатӣ дар асоси принсипҳои шарикӣ байни системаи тандурустӣ ва
ҷомеа дар ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистон ҷиҳати пеш бурдани саломатӣ, ки ба васеъ
намудани имконият ва ҷалби ҷомеа ба масъалаҳои
саломатӣ нигаронида шудааст, танзим менамояд.
Рустам Аҳмадов, директори
Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Файзобод мегӯяд, пас аз фаъолияти дастаҳои ҷомеавии саломатӣ
дар ноҳия аз рӯи Дастур фаҳмишу тассавуроти мардум оиди бемориҳо дигар шудааст: “Робитаи мардум бо
дастаҳои ҷомеавӣ хуб буда, мардум дар бораи диабети қанд, камхунӣ, ҷоғар ва
пешгирии ҳомиладории номатлуб маълумоти кофӣ доранд”.
Бо иловаи Аҳмадов, дастаҳои ҷомеавии саломатӣ то 15 нафарро дар бар гирифта, аз
ҳисоби аҳолӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин дастаҳо кормандони соҳаи тандурустӣ ва омӯзгорон,
ки ба нафақа баромадаанд, фаъолият карда метавонанд: “16
фасилитатор дорем, ки бо дастаҳои ҷомеавӣ тарзҳои муносибат бо мардумро меомӯзонанд. Ин дастаҳо ихтиёрӣ буда, ҳар шахс метавонад ба ин гурӯҳ шомил ё ихроҷ
шавад. Ҳатто дар ҳолати шароит надоштани
ягон нафар, аъзоёни даста, як маблағи муайянеро кӯмак мекунанд, ки беморро то
беморхона бурда, расонанд”.
Ба гуфтаи Рустам Аҳмадов, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Файзобод, дар деҳа ва маҳалҳо мардумро ҷамъ карда, оиди пешгирии сил, ВНМО ва дигар бемориҳо саволу ҷавоб мекунанд: “Дар давоми як моҳ зиёда аз 100 вохӯриву суҳбатҳо бо мардум мегузаронем. Марказҳо бо маводҳои ёрии аввалияи тиббӣ таъмин буда, се мошини ёрии таъҷилӣ дар ноҳияи Файзобод фаъолият мекунад”.
Ҳамсуҳбати дигари мо Завқиддин Исмоилов, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рӯдакӣ низ иброз дошт, ки табибони соҳа дар ноҳия аз рӯи Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ фаъолият мекунанд: "Дастаҳои ҷомеавии саломатӣ аз ҳисоби худи халқ буда, ҳамроҳ бо марказҳои саломатӣ дар ноҳия кор мекунанд. Фикр мекунам таҷрибае, ки мардум доранд, мо надошта бошем. Аз ин рӯ, фаъол намудани дастаҳои ҷомеавии саломатӣ аз ҳисоби мардум бисёр хуб мебошад”.

Исмоилов мегӯяд, дар ноҳияи Рӯдакӣ 30 марказҳои саломатӣ ва 81 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият
доранд: “Дастаҳои ҷомеавӣ Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои
саломатиро ба мардум мефаҳмонанд, мардум низ инро хуб дарк кардаанд".
Дар ин дастур
дурнамои “Шарикӣ кор бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, ки барои ташкили
ҳамкории устувор дар маъалаҳои пеш бурдани саломатӣ байни ҷомеа, муассисаҳои
КАТС ва МТТҲАС дар ноҳияҳои деҳоти ҷумҳурӣ муайян гардидааст, оварда шудааст,
ки ба эҳтиёҷҳои соҳаи тандурустии кишвар ва вусъат додани муносибаҳо, ҳамчунин
бо иштирок ва муосидати ҳамаи шарикон бештар мувофиқ мебошад.
Дарстур чор унусрҳои зеринро дар бар
мегирад, ки онҳо барои барномаи бо “Шарикӣ кор бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ муайян мебошанд:
1.Муассисаҳои КАТС ва МТТҲС муассисаҳои
асосии кор бо ҷоема буда, бояд бо тамоми ҳамин гуна барномаҳо ва фаъолиятҳо
ҷалб карда шаванд.
2.МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули
тарзи ҳаёти солим” МҶТТҲС барномаи “ШҶМС”-ро ҳамоҳанг месозад.
3.Дар ҷомеаиа деҳотӣ ташкилотҳои мустаъқили ихтиёрӣ (волонтёр) бо номи “дастаҳои ҷомеавии саломатӣ” (ДҶС) дар тақвият додан ё пеш бурдани саломатӣ шарикони асосии муассисаҳои КАТС ва МТТҲС мебошад (Ташкил кардани ДҶС дар қисми “Принсипҳои асосии шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саоматӣ) ифода ёфтааст.
4. Интихоби мавзуъ барои кор бо ҷомеа бояд дар асоси афзалиятҳое, ки аз тарафи худи ҷомеа муайян мегардад. Инчунин мувофиқи афзалиятҳои Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи милии солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистсон барои солҳои 2010-2020”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 2010 таҳти рақами 268 тақдиқ шудааст, сурат хорҳад гирифт.
МАЪЛУМОТНОМА

Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои аввалиндараҷаи
фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин
такмил ва рушди кӯмаки
аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар
соли 2018 гурӯҳҳои кории вилоятӣ оид ба ворид ва идора намудани раванди
бизнеснақшагирӣ дар шабакаи муассисаҳои КАТС- вилоятҳо (Хатлон, Суғд, ВМКБ)
омӯзонида шуданд.
Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии
таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявӣ 804
нафар кормандони тиб (82 нафар табиб ва 722 нафар корманди миёнаи тиб) давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби
оилавӣ хатм намуда, ба ҷойҳои кории худ баргаштанд. Бояд қайд намуд, ки 643
бозомӯз, аз онҳо 91 нафар табиб, 522 нафар корманди миёнаи тиб даврҳои
бозомӯзиро идома дода истодаанд.
Дар маҷмӯъ айни ҳол шумораи табибони оилавии
омӯзонидашуда дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4334
нафар (81,2%, талабот 5333 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8077
нафарро (75,7%, талабот 10 667 нафар) ташкил медиҳанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий