четверг, 28 марта 2019 г.

Кӯдаконро бояд ҳимоя кард, зеро онҳо ояндаи мо мебошанд!




Зебоҷон, исми ивазшудаи як кӯдаки 4-моҳа аст, ки дар Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил табобат мегирад. Модари ин тифлак худ ба ин беморӣ гирифтор буда, табибон мегӯянд, бори аввал бо чунин ҳолат вохӯрдаанд, ки кӯдак дар чормоҳагӣ микроб хориҷ мекунад.

Монанди Зебоҷон чандин тифлаки дигар дар ин беморхона бистарӣ мебошанд. Яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 2 сол дорад ҳамроҳи бибиаш табобат мегирад, зеро модараш дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили Мачитон бистарӣ мебошад.

Кӯдакон аз кӣ сироят меёбанд?

Сафаралӣ Исмоилов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил мегӯяд, инсон бо роҳи нафаскашӣ ва қатравӣ аз бемории сил сироят меёбад. Ба гуфтаи ӯ дар бештар ҳолат кӯдакон аз падару модари худ ва хешовандони наздике, ки бемории сил доранду табобатро партофтаанд ё бемор ҳастанду пинҳон медоранд, сироят меёбанд: “Баъзе аз падару модарони онҳо муҳоҷир мебошанд. Дар мо ду кӯдак бистарӣ аст, ки яке чор моҳ дигаре 2-сол дорад. Ва модарони ҳардуи ин кӯдакон бемории силро доранд”.




Исломилов мегӯяд, ҳаст ҳолатҳое, ки падару модар солим ҳаст, вале фарзанди онҳо ба бемории сил гирифтор шудааст: “Вақте ба мо муроҷиат мекунанд, мо мепурсем, ки дар оила ягон нафар бемории сил дошт, шояд ба кӯдак гузашта бошад, волидайн пинҳон медоранд. Ва ё падару модар ин бемориро дошта, табобатро то охир нагирифтаанд, ки дар натиҷа фарзанди онҳо ба бемории сил мубтало гаштааст”.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки модари гирифтори сили шуш, ки дар ӯ ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ нагардидааст, хубтар аст кӯдакони то синни 7-соларо навозишу меҳрубонӣ накунад, аз худ дур нигоҳ дорад, чунки иммунитети бадани кӯдакон сусту заиф мебошад. Онҳо осон ба сил мубтало шуданашон мумкин аст. Ба кӯдаконе, ки бо бемори сил дар як хона зиндагӣ мекунанд, дар фаслҳои тирамоҳу аввали баҳор доруҳои махсуси пешгирикунандаи сил додан ба фоидаи саломатии онҳо хоҳад буд.
Инфографика



Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, агар кӯдак микробхориҷкунанда бошад, албатта ба додару хоҳарони худ бемориро мегузаронад, аз ин рӯ бемор бояд дар беморхона табобат гирад: “Дар беморхона давоми 9-моҳ аст, ки як духтараки 14-сола бистарӣ мебошад, мегӯяд, худро хуб эҳсос мекунад, вале микроб хориҷ мекунад. Мо тасмим гирифтем, ки ӯро ҷарроҳӣ кунем”.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бемории сил бемории иҷтимоӣ буда, агар шароити иқтисодии давлат ва хонавода хуб бошад, эҳтимол дорад, ки мардум ё шахс ба ин беморӣ гирифтор нашавад.

Шакли табобати беморони ҳассос ва мутобиқгаштаи сил

Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабов, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил табобати гирифторони бемории сил ройгон буда, барои доруи зиддисилии қатори якуми беморони ҳассос, ки муддати 6 моҳ табобат мегиранд 50 доллари амрикоӣ сарф мешавад.

Барои доруи зиддисилии беморони мутобиқгашта, ки давоми 2 сол табобат мегиранд аз 3 то 5 ҳазор доллар ва барои беморони шакли васеи мутобиқгашта давоми 24-30 моҳ аз 5 то 8 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад: “Ҳар фарде, ки табобатро пурра мегирад ӯ шахси солим дар ҷомеа ҳисоб карда мешавад”.

Раҷабов қайд кард, ки бемоии сил дар ҷумҳурӣ рӯ ба коҳиш дорад.


Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) исбот кардааст, ки пас аз ду ҳафтаи табобат шахси хориҷкунандаи микроб, безарар мегардад. Ва бемории сил табобатшаванда буда, ирсӣ намебошад. Ва дар сурати то охир гирифтани табобат шахс пурра солим гашта, бехатар мебошад.

Раҷабов иброз медорад, ки ҳар фард метавонад ба бемории сил гирифтор шавад, танҳо дар ҳолате, ки вазифаи муҳофизатии организмаш паст шавад: “Масъунияти организм вақте паст шуд, бемории сил авҷ мегирад”.
Ба гуфтаи мутахассисон, аломатҳои асосии сил ин сулфаи аз ду ҳафта зиёд, гум шудани иштиҳо, камшавии вазн, беҳолатӣ, табъи наонқадар баланд ва то хунтуфкунӣ буда метавонад. Дар ин ҳолат бемор бояд ба аввалин муассисаи тиббии назди манзили худ муроҷиат кунад.

Доғгузорӣ сабабҳои монеа ба табобат мешавад

Чаро ин воқеа рӯй медиҳад? Чаро одамон дар Тоҷикистон табобати бемории силро шурӯъ карда, то охир намерасонанду худ ва дигарон, махсусан кӯдакони худро зери хатар мегузоранд?

Мутахассисон ин ҳамаро дар табъиз арзёбӣ мекунанд. Ва беморон аз тарси доғ гирифтан дар номашон дар бештар ҳолат доруҳоро истеъмол накарда, аз табобат даст мекашанд. Ҳатто ҳаст ҳолатҳое, ки волидайн бо шунидани натиҷаи ташхис, аз тамғагузории ҳаққу ҳамсоя ва хешовандонашон табобати фарзандонро ба таъхир гузоштаанд.

Сафаралӣ Исмоилов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил мегӯяд, “дар беморхонаи мо як кӯдак бистарӣ шуда буд. Модараш ба мо гуфт, ки барои табобат кардан, бояд ба мактаб ҳуҷҷат пешниҳод кард. Вақте мо дар варақаи тиббӣ навистем, ки ҳақиқатан духтарак дар беморхонаи бемориҳои сил табобат мегирад, модараш гуфт, ки бемории силро нанависем. Зеро хешу табор, ҳамсояҳо нисбати мо гумони бад мекунанд”.


Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар хонаводаҳое, ки бемории сил ошкор шуд, бояд ҳамаи кӯдакони то синни 14-сола ва калонсолон, ки дар як хона бо бемор зиндагӣ мекунанд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Зеро бинобар суст будани иммунитети бадан кӯдакон зуд сироят ёфтанашон мумкин аст. Ҳамчунин шахсоне, ки зуд-зуд сулфа ва атса мезананд, бояд ҳатман балғамро барои ташхис супоранд.


Бар асоси як тадқиқот, ки дар Осиёи Миёна гузаронида шуд, исбот гаштааст, ки:

Одамон аз онҳое, ки бемории сил доранд, метарсанд
Одамон намехоҳанд, ки беморони сил бо кӯдаконашон бозӣ кунанд.
Одамон намехоханд, ки бо аъзоёни оилаи бемори сил хӯранд ё нӯшанд
Одамон намехоҳанд, ки касе бемории сил дорад, дар деҳаашон зиндагӣ кунанд.
Маҳз бо ҳамин сабабҳо мардум бемории худро аз дигарон пинҳон медоранд, ки сабаби сироят ёфтани дигарон мегардад. 

Сафаралӣ Исмоилов иброз дошт, ки якчанд узви инсон ба мемории сил гирифтор шуда метавонад:


Пас наздикони бемор дар ин давра чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд?

·        худро канор нагиранд, беморро ҳаматарафа дастгирӣ ва рӯҳбаланд намоянд,

·       тартиби хӯрдани доруҳо ва то охир табобат гирифтани беморро назорат намоянд,

·       фаҳмонанд, ӯро дилпур созанд, ки пурра шифо меёбад ва кору зиндагиро ба таври муқаррарӣ идома хоҳад дод,

·       ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ эътибор диҳанд, аммо ин корҳоро намоишкорона накунанд, то ки ба бемор сахт нарасад, хотираш озурда нагардад, рӯҳафтода нашавад. Бемор дигар барои атрофиён хавфнок нест,

·      барои дар ҳавои тоза, боғот, хонаҳои барҳаво истироҳат кардани бемор шароит муҳайё созанд.


Сафаралӣ Исмоилов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил қайд кард, ки табобати кӯдакон аз саривақт муроҷиат кардани волидайни онҳо мебошад: "Ҳамчунин падару модари кӯдак бояд донанд, ки ба мутахассис муроҷиат кунанд, на ба духтуроне, ки ба бемории сил дахл надорад. Ман фикр мекунам ин ҳама аз беаҳмиятӣ мебошад. Падару модарон бояд ба саломатии фарзандони худ аҳамият дода, сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд. Кормандони беморхона ҳарақат мекунанд, кӯдакон табобат гирифта, сиҳат шуда, хурсанд ба хонаҳои худ баргарданд".

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...