вторник, 12 февраля 2019 г.

Муваффақияти занони Хатлон бо дастгирии Лоиҳаи USAID


Барно Эрданова, сокини 58-солаи маҳалаи Навободи ҷамоати Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ, яке аз 50 ҳазор зане мебошад, ки дар омӯзишҳои Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-и USAID иштирок намуда, бо дастгирии лоиҳа мағозаи тухмиҳоро кушодааст.

Ин зани рӯзгордида, ки соҳиби 6 фарзанду 12 набера мебошад, тавонистааст, он маслиҳатҳое дар доири лоиҳа ба ӯ додаанд, дуруст ба роҳ монад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ташкилоти амрикоии Кемоникс Интерншнл барои 5-сол дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Барно Эрданова дар баробари он ки дар ҷамоати деҳоти Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ мағоза дорад, ҳамчунин ӯ хоҷагии деҳқонӣ низ дошта, ҳаргуна сабзавотро парвариш мекунад. Дар фасли тобистон аз ҳисоби заминҳои деҳқонӣ ва дар фасли зимистон бошад аз ҳисоби мағоза зиндагии оилаашро пеш мебарад.









Ба гуфтаи ӯ як наберааш дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил карда, тамоми хароҷоташ аз ҳисоби мағоза ва хоҷагии деҳқонии бибиаш мебошад: “Ман раиси маҳалла будам, вале шавқам бо фурӯши тухмиҳо зиёд буд. Ман қаблан дар хона ба фурӯши тухмиҳо машғул будам ва дар доираи лоиҳа ба мо омӯзониданд, ки чӣ гуна метавон дар оянда кор карда, маблағ ба даст овард. Мо фаҳмидем, ки аз шаҳри Хуҷанд барои фурӯш имкони овардани тухмиҳо ба Душанбе ҳаст, ман тухмиҳоро аз дигар ҷо оварда, дар ноҳияи худ мефурӯшам. Ман вақте бо кормандони андоз маслиҳат карда, ба хулосае омадам, ки кушодани мағоза чандон душворр набудааст. Ҳоло бошад савдоям дар мағоза хуб аст ва дар як рӯз то 1500-2000 сомонӣ тухмӣ савдо мекунам”.




Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ мегӯяд, дар омӯзиши занон ва ҷалби онҳо ба соҳаи кишоварзӣ муваффақ ҳам шудаанд: “Зиёда аз 50 000 нафар занон ба омӯзишҳо фаро гирифта шуда, кӯмакҳои техникӣ ва молӣ, аз қабили кӯчаки сабзавотҳо, мошинаҳои кишоварзӣ, тракторҳо ва мошинаҳои коркарди шир, мошини борпечонӣ, мошинолотҳо барои истеҳсол ва хӯроки чорво, сепараторҳо барои коркарди шир лоиҳа кӯмаки худро кард”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳабти мо бо мақсади боло бурдани сатҳи зиндагии занонҳое, ки қобили таваллуд буда, кӯдакони то синни то 2-соларо доранд, беҳтар кардани ғизои солими мардум дар 12-ноҳияи вилояти Хатлон  барномаи мазкур кор карда истодааст: “Лоиҳа аз сентябри соли 2015 то марти соли 2020 фаъолият мекунад ва яке аз ҳадафҳои мо ин паҳн кардани технология ва зироатҳои нав мебошад. Аз брокколи 360 намуд ғизо омода карда мешавад”.
Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 4 млн дона кучатҳое, ки қаблан дар Тоҷикистон кишту кор намешуд, бори аввал ба Ватан ворид гардидааст, аз ҷумла навъҳои гибридии бодиринг, қаламфӯри ширин, помидор, карами пекинӣ, испаноқ, брокколи, ғуҷумкарам, бумиё, пиёзи баргӣ аз Голландия ворид карда шуда, ба занони минтақа тарзи кишт карданаш омӯзонида шудааст.

Дар расмҳои зер метавонед бо намуди сабзавотҳо шинос гардед!




>

Ҳамчунин, дар маҷмӯъ 39 навъи гуногуни меваҳо, аз ҷумла себ, зардолу, шафтолу, бодом, чормағз аз ин ҳисоб айни замон дар бозорҳои вилояти Хатлон харидори мушаххас пайдо кардаанд.
Таҳти роҳбарии хонум Барно духтарон дар ҷамоати деҳоти Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил карда, омӯхтаҳои худро ба дигарон мефаҳмонанд. Ва ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, аз ҷониби Лоиҳа дастгоҳ ва кучатҳо барои парвариш дода мешавад. То ин ки аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода баранад.

Мижгона Ҳалимова, махсус барои "Бонуи кишоварз"-и Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии USAID дар Тоҷикистон!

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...