четверг, 7 января 2021 г.

Таджикистан: когда женщины могут получить пособие по беременности и родам

 Объясняем когда и сколько должна получать женщина по беременности, родам и уходу за ребенком.

Споры о том, когда женщины имеют право получить пособие по беременности и родам, неоднократно разгорались в социальных сетях. После разногласий юристы написали, что согласно закону и нескольким существующим решениям получить правомочны только женщины, которые официально работают и платят социальные налоги.

По данным Агентства по статистике, с января по октябрь 2020 года в Таджикистане родилось 166,6 тысячи детей, что на 2,4 процента больше, чем за аналогичный период 2019 года.

Согласно статье 13 Закона о государственном социальном страховании РТ пособие по беременности и родам выплачивается до родов в полном объеме за весь период отпуска, предоставленного женщине по беременности и родам, независимо от количества дней отпуска.

Зайнаб Ширинджонова, сотрудница одной организации в Душанбе, сказала, что она получила около 8 720 сомони из своей зарплаты за рождение своего первого ребенка: «Бухгалтер офиса рассчитал 148 дней и заплатил мне. Еще мне сказали, что, предъявив метрику ребёнка, для ухода за ребенком я могу получать 55 сомони каждый месяц до 1,5 лет. Я тоже получила эту помощь».

Но Зайнаб добавляет, что согласно Закону о государственном социальном страховании существует три показателя рождения первого ребенка, и за нее выплачивалась только одна величина: «Если один показатель составляет 55 сомони, мне должны были заплатить 165 сомони, но ведь они насчитали только 55 сомони».

Врач Шахноза Гуломова, которая также получала эту помощь, сказала: «Раньше размер этой помощи был очень небольшим, но теперь он увеличился. Однако этих средств недостаточно, чтобы заботиться о ребенке».

Нужно отметить, что с 1 января 2020 года 1 показатель для расчётов установлен в размере 58 сомони.

Абдурахмон Хакимзода, бывший руководитель отдела социального страхования и пенсионной политики Агентства социального страхования и пенсий, сказал в интервью, что пособия будут отменены только в том случае, если женщина получит отпуск по болезни на 70 дней для родов и выздоровления. «Но, если она добровольно выходит на работу после 25 дней после рождения, она должна вернуть оставшиеся 45 дней из пособия, которое она получила за 70 дней после рождения».

Статья 14 Закона о государственном социальном страховании также предусматривает единовременное пособие для рожениц. Женщины могут предоставить метрику ребёнкау и получить 165 сомони на первого ребенка, 110 сомони на второго ребенка и 55 сомони на третьего ребенка. Эта группа женщин также имеет право обращаться на предприятие по уходу за своими детьми до 1,5 лет и получать 55 сомони в месяц.

Все ли женщины получают пользу от этой помощи?

По данным Агентства социального страхования и пенсий, только работающие женщины, то есть застрахованные, имеют право на пособие по беременности и родам в соответствии с Законом о государственном социальном страховании: «После рождения ребенка мать может подать документы в компанию, где работает ее муж, и в этом случае, согласно закону, она может ежемесячно получать определенную помощь».

Приложение к статье 14 Закона РТ «О государственном социальном страховании»

— Семейные пособия:

При рождении в семье ребенка, назначаются и выплачиваются следующие семейные пособия: единовременное пособие в связи с рождением ребенка; ежемесячные пособия по уходу за ребенком.

Единовременное пособие в связи с рождением ребенка назначается в размерах:

при рождении первого ребенка — в сумме трех показателей для расчетов;

при рождении второго ребенка — в сумме двух показателей для расчетов; 

при рождении третьего и более ребенка — в сумме одного показателя для расчетов.

Пособие выплачивается по месту работы (учебы) одного из родителей, а если родители не работают и не учатся — отделами социальной защиты населения по месту жительства.  Единовременное пособие при рождении ребенка назначается и выплачивается со дня рождения ребенка, если обращение за ним последовало не позднее 6 месяцев со дня рождения ребенка.

Пособие по уходу за ребенком:

В случае предоставления женщине отпуска по уходу за ребенком до достижения им возраста полутора лет ей выплачивается ежемесячное пособие по уходу за ребенком за этот период по месту работы из средств социального страхования в размере 100 процентов показателя для расчетов.

Статья 141. Порядок и условия выплаты пособий по временной нетрудоспособности, беременности и родам и семейных пособий

 


Материал подготовлен при поддержке Общественной организации «Хома» в рамках программы «Поддержка управления государственными финансами в Таджикистане», финансируемой Министерством иностранных дел, по делам Содружества и международного развития Великобритании (FCDO) и реализуемой при поддержке Институтам «Открытое Общество» - Фонд Содействия в Таджикистане.

Мижгона Халимова

Кумакпулии якдафъаинаро ба кӣ медиҳанд? Аз 3 млн доллар аллакай чанд сумаш тақсим шудааст?

 Чӣ гуна метавон кумакпулии якдафъаинаро гирифт ва барои дастрас намудани он бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд, дар маводи мо бихонед.

Аввалҳои июли соли ҷорӣ ҳукумати кишвар эълон кард, ки дар доираи як барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар даврони коронавирус ёрии молии якдафъаина мерасонанд. Ҳаҷми умумии маблағи ҷудошуда 3 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Бархе сокинони кишвар шикоят доранд, ки бо вуҷуди дар феҳрасти ниёзмандон номнавис шуданашон, аз ин кумакпулӣ маҳрум мондаанд

Ба саволҳои Шумо оиди дастрас кардани маблағи кумаки якдафаъина аз Вазорати тандурустии кишвар ҷавоб гирифтем. Кумаки якдафъаина ба ҳар оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида мешавад.

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба киҳо дода мешавад?

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти иҷтимоӣ ва озуқаворӣ осебпазир мегарданд, таъйин ва пардохт карда мешавад. Маблағгузории кумакпулии иҷтимоии якдафъаина аз ҳисоби манбаъҳои иловагии сармоягузории давлатӣ тибқи Созишномаи байни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи амалисозии Лоиҳаи грантии фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Маблағи кумак чӣ қадарро ташкил медиҳад?

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба як оилаи камбизоате, ки дорои кӯдакони то синни 3-сола (аз 0 то 36 моҳа) мебошад, як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ дода мешавад.

Чаро танҳо ба ин оилаҳо дода мешавад?

Бемории коронавируси нави COVID-19 тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо низ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи паҳншавии он вазъи иқтисодии кишвар, низоми содироту воридоти молу маҳсулот, бахусус молҳои ниёзи аввалиндараҷаи мардум ва озуқаворӣ нисбатан коста гардиданд. Дар натиҷа ин омил ба болоравии арзиши баъзе маҳсулоти ниёзи аввал оварда расонид, ки қобилияти истеъмолии қишри ниёзманди аҳолӣ хеле маҳдуд гашт.

Бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз норасогӣ ё камистеъмолии ғизо пеш аз ҳама оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол доранд, бештар осеб диданд, ки ин ба рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 солаи мамлакат барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина тавсия дода шуданд.

То имрӯз чӣ қадар оилаҳо ин кумакҳоро дастрас кардаанд?

То 17 ноябри соли 2020 ба 32 ҳазору 677 оила кумак расонида шудааст.

Аз 3 млн. доллари амрикоӣ чӣ қадар маблағаш дастраси ин оилаҳо гардид?

16 млн. 338 ҳазору 500 сомонӣ пардохт карда шудааст ва пардохти маблағи кумакпулиҳо тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

Тамоми он оилаҳое, ки кӯдакони то 3 сола доранд, ба гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ҳуқуқ доранд?

Тибқи тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина танҳо оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола (аз 0 то 36 моҳа) ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки агар онҳо дар махзани ягонаи системаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

Оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3-солаи 28 шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 дар онҳо механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ гардид, баъди ба онҳо таъйин гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба рӯйхати пардохти кумакпулии яквақтаинаи фаврии иҷтимоӣ дохил карда мешаванд. Пардохти кумакпулии мазкур ба чунин оилаҳо дар моҳи минбаъдаи ба амал даромадани қарори мазкур анҷом дода мешавад.

Агар кӯдак шаҳодатномаи таваллуд надошта бошад, пас, волидонаш чӣ кор бояд кунанд?

Агар дар натиҷаи баҳогузории вазъи зиндагии хонавода оила ҳамчун оилаи камбизоат ба кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намояд ва дар баробари ин кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд, пас барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии яквақтаина волидони кӯдакро зарур аст, ки ба таври таъҷилӣ онро тибқи қоидаҳои амалкунанда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта, шаҳодатномаи таваллуди фарзандашонро ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа мутахассиси коргузорӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти заруриро ба махзани маълумотҳо дохил менамояд ва оилаи камбизоат барои гирифтани кумакпулии болозикр ҳуқуқ пайдо намуда, ҳамин тавр пардохти кумакпулӣ моҳи дигар анҷом дода мешавад.

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба кӣ расонида мешавад ва тартиби гирифтани он чӣ гуна аст?

Барои гирифтани кумакпулӣ сардори оила ба унвони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро ба ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи истиқомати хеш пешниҳод намоянд:

– ариза дар бораи тайъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;

– маълумот дар бораи даромад ва молу амволи аъзои оила;

– маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи шахси муроҷиаткунанда;

-нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои калонсоли оила, шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак, инчунин, ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маъюбият (агар чунин шахсон дар ҳайати оила бошанд).

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои номбурда аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи зисти доимӣ ройгон дода мешаванд.

Мақоми татбиқкунандаи кумакпулии унвонии иҷтимоии якдафъаина кадом вазорат ё идора маҳсуб меёбад?

-Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми татбиқкунандаи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина маҳсуб ёфта, ҳамзамон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар раванди татбиқи механизми мазкур, маъмурикунонии махзани системаи иттилоотии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоиро барои пардохт, гузаронидани мониторинги рафти тадбиқи он дар шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳад.


Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадади Тоҷикистон сохта шудааст.

Мижгона Халимова

“Ба аробачаи электрикӣ ниёз дорам”: Чӣ гуна аробачаҳои маъюбиро метавон ройгон дастрас кард?

Дар Тоҷикистон мувофиқи омор теъдоди шахсони имконияташон маҳдуд 149 ҳазору 860 нафарро ташкил медиҳад. Маълумотҳои дигарро дар инфографикаи мо бубинед.

Бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин намудани маълулон яке аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Надоштани имкони харидории онҳо, аз куҷо ва чӣ гуна дастрас намудану ба талаботи маъюбон мувофиқ набудани ин аробачаҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён меорад.

Ҷалил Икромов, як сокини 40-солаи шаҳри Исфара 19 сол қабл (дар 21-солагӣ) дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ маъюб шуд ва ба аробачаи маъюбӣ ниёз пайдо кард. Ӯ мегӯяд, барои дарёфти аробачаи ройгон ба ҳукумати шаҳри Исфара муроҷиат кард.


“Вақте навбатам расид, гуфтанд, ки агар розӣ бошам бароям маблағи онро медиҳанд, то худам онро харидорӣ кунам. Вале ҳанӯз ин ваъда иҷро нашудааст, на маблағ ба мо расиду на худи ароба”, – афзуд Ҷалил Икромов.

Аробачаи маъюбиеро, ки ҳоло Ҷалил истифода мекунад, як дӯсташ аз Русия туҳфа овардааст.



Норасоии аробачаҳо яке аз мушкилоти аслӣ

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки аз 3 декабри соли 2011, таҳти рақами 604 ба имзо расидааст, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюбон аз тарафи мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ба таври ройгон ва бо тартиби дар ҳамин санад муқарраргардида амалӣ мегардад. Аммо на ҳама шаҳрвандони кишвар аз ин қарор огаҳӣ доранд.

Маъмулан, дар арафаи иду ҷашнҳо, хоса идҳои мазҳабӣ, дар расонаҳо хабарҳое нашр мешаванд, ки сарпараст ё созмонҳои хайрияе ба гуруҳи маъюбон аробачаҳо туҳфа кардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ иқдоми ҷамъоварии маблағ барои харидории аробачаҳо барои ниёзмандон сурат мегиранд.

Фирӯз Ҳамроев, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” мегӯяд, ҷамъияти онҳо зиёда аз 1300 аъзо дорад ва нарасидани аробачаҳо яке аз мушкилоти аслии онҳо ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл бо ташаббуси як барномаи олмонӣ ҷамъият соҳиби панҷ аробача гардид, ки онҳоро ҳам дар рақс ва ҳам дар бозии баскетбол истифода мебаранд.

Барои дастрас кардани аробача чӣ бояд кард?

Тибқи қарор “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, барои дастрас намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба мақомоти маҳалии ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-Ариза
-Нусхаи шиноснома
-Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб
-Хулосаи саломатии ҷои истиқомати маъюб.

Бар асоси ин санад воситаҳои тавонбахшӣ фурӯхта намешавад. Агар маъюб воситаи техникии тавонбахширо аз ҳисоби маблағҳои худ дастрас карда бошад, арзиши он ба андозаи на зиёдтар аз 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷот аз ҷониби мақоми ваколатдор ҷуброн карда мешавад.

Ба ин қоидаҳо ҷадвали “Мӯҳлати истифодабарии воситаҳои техникии тавонбахшӣ, протезҳо ва маҳсулоти протезию ортопедӣ” замима шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, “то вақте муроҷиат нашавад, мо намедонем, ба аробача кӣ ниёз дорад. Агар муроҷиат кунанд, албатта таъмин мекунем. Ба таври мисол мо Ассотсиатсияи варзишгарони маъюб ва Федератсияи варзиши маъюбон дорем ва ин нафарон дар бораи ташкили гурӯҳи баскетбол муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, ки толор барои тамрин доранд, аммо аробачаҳои варзишӣ надоранд”.

“Ба аробачаи электрикӣ ниёз дорам”

Дар Тоҷикистон ҳудуди 40-50 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Иттифоқи иттиҳодияи маъбон, нобиноён, кару гунгҳо, Иттифоқи чернобелчиён, Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони маъюб ва ғайраҳо ҳастанд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ кор мебаранд.

Дар асоси фармоишоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ 281 адад асо, 15 адад асо барои нобиноён, 167 ҷуфт асобағал, 10 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ ва 38 адад роҳгард (ходунок) ба маъюбони ниёзманд дастрас гардида, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 3 ҳазору 389 ниёзманд тавассути таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.

Ҷалил Икромов мегӯяд, ӯ ба аробачаи электрикӣ ниёз дорад, зеро маъюби гурӯҳи 1-ум буда, вазни баданаш зиёд мебошад. Аробачаҳое ки ройгон дода мешаванд, тавони бардошти вазни ӯро надоранд.

“Соли 2001 бо 5-сомонӣ нафақа баромадам, давоми 19 сол ҳаҷми нафақаам ба 180 сомонӣ баробар шуд. Ваъда карданд, ки аз моҳи сентябр бояд андозаи нафақа 50 дарсад боло равад, вале то ҳол 180 сомонӣ мегирам. Аммо бояд 270 сомонӣ мегирифтам, ҳарчанд ин маблағ ҳам кам аст. Ҳатто панҷаҳои дастам кор намекунанд. Ниёз ба аробачаи электрикӣ дорам, ки арзишаш 22-24 ҳазор сомонӣ мебошад, аммо тавони харидории онро надорам”, – таъкид намуд вай.

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадади Тоҷикистон сохта шудааст.


Мижгона Ҳалимова


суббота, 17 октября 2020 г.

Зане, ки кӯдаки маъюб дорад, чӣ чизҳоро бояд донад?

 



Маъюб кист?

Маъюб – шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии  саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад,

Кӯдаки маъюб - шахси маъюби то синни 18 – сола.


Шумораи умумии маъюбон дар Тоҷикистон

Дар ҷумҳурӣ теъдоди маъюбон 149 ҳазору 860 нафарро ташкил дода, аз онҳо

15 ҳазору 680 нафар маъюбони гурӯҳи I,

72 ҳазору 692 нафар маъюбони гурӯҳи II,

32 ҳазору 950 нафар маъюбони гурӯҳи III ва

28 ҳазору 538 нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.


Кадом қонунҳо ва санадҳои байналмилалӣ ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро ҳимоя мекунад?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд”, «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи милли солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз зумраи онҳо ба шумор мераванд.

 Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ба тасвиб расидааст.


Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон чӣ гуна имтиёзҳо муҳайё шудааст?

Имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии шахсони маъюб аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Чунончи, дар моддаи 34-и он дарҷ гардидааст, ки «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.”. Ҳамзамон дар моддаҳои 38 ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва дар моддаи 39-и конститутсия ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоии маъюбон муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла дар моддаи 39 омадааст, ки “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. Тибқи қонунгузории амалкунанда маъюбон вобаста ба категорияҳо ва гурӯҳҳои маъюбиашон аз чунин имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдоранд: табобати санаторию курортӣ, имтиёзҳо ҳангоми истифодаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳаққи истифодабарии хизматрасонии коммуналӣ, хизматрасонии тиббӣ, пардохти ҳаққи муштарипулии телефонҳои хонагӣ,  имтиёзҳо ҳангоми супоридани имтиҳонҳои тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ, афзалият   ҳангоми   қабул   шудан  ба хона-интернатҳо  барои пиронсолону  маъюбон,  марказҳои  минтақавии хизматрасонии   иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани ёрии иҷтимоӣ дар хона, афзалият   ҳангоми касбомӯзӣ дар мақомоти шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон ва ғайраҳо.


Принсипҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон кадомҳо мебошанд?

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- қонуният, инсондӯстӣ, риояи ҳуқуқи инсон;

-кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасии тавонбахшии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ;

- дастрасӣ ва баробарҳуқуқии маъюбон дар баробари дигар шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таҳсил, истироҳату саёҳат ва интихоби озоди намудҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ;

- ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон фаъолият мекунанд;

- манъи табъизи (дискриминатсияи) маъюбон. 


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон чӣ салоҳият дорад?

муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- қабули барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- тасдиқи Тартиби ҷорӣ намудани квотаи бо кор таъмин кардани маъюбон;

- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- дигар салоҳиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон чиҳо дохил мешаванд?

- андешидани тадбирҳо дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии маъюбӣ;

- муайян кардани намунаи роҳхати гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ, муоина (ташхис) ва табобати маъюбон; 

- амалӣ намудани тавонбахшии тиббии маъюбон тибқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- таъмини омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии   мутахассисони соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ;

- муайян кардани рӯйхати доруворӣ, маҳсулоти барои нигоҳубини маъюбон аҳамияти тиббидошта, инчунин   озуқавории ғизои солим барои кӯдакони маъюб.


Моддаи 7. Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- таъмини таҳсили ройгон ба маъюбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, аз ҷумла мутахассисони забони имову ишора ва ҳуруфоти махсус;

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти таълимию маърифатии муассисаҳои махсуси таълимиро танзим намуда, таҳсили  маъюбонро таъмин мекунанд.


Моддаи 8. Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- қабули барномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла хизматрасонии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва шуғли маъюбон;

- таъсиси муассисаҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон;

- таъмини татбиқи барномаҳои тавонбахшии маъюбон; 

- ташкили расонидани кӯмакҳои хайрия ва инчунин кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба маъюбон;

-андешидани чораҳои зарурӣ оид ба беҳтар намудани шароити манзилию маишӣ ва ҳифзи саломатии маъюбон;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  фаъолият мекунанд;

- таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.

 

Моддаи 9. Ба салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- мусоидат ба татбиқи барномаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- ҷалби маблағҳои хайрия ба маъюбон;

- расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва хайрия ба маъюбон.


Кадом мақомот ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбонро муайян мекунад?

Моддаи 10.  Ташхиси тиббию иҷтимоӣ

 1. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.

2. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва равонии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.

3. Бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси маъюб эътирофгардида гурӯҳи маъюбӣ ва ба шахси то синни 18- сола категорияи «кӯдаки маъюб» муқаррар карда мешавад.

4. Ташхиси тиббию иҷтимоиро мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳад. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

5.Тадқиқоти илмӣ, ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва клиникӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба масъалаҳои ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва тавонбахшии онҳоро муассисаҳои тадқиқоти илмии мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳанд. 


Моддаи 12. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон:

1. Барномаи инфиродии  тавонбахшии маъюб ҳам татбиқи тадбирҳои  тавонбахширо, ки ба маъюб аз ҳисоби буҷети давлатӣ ройгон пешниҳод мегарданд ва ҳам амалӣ намудани тадбирҳои тавонбахшиеро пешбинӣ менамояд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти онҳо худи маъюб ё корфармоёне, ки бо айби онҳо ба шахс осеби меҳнатӣ расонида шудааст ё бемории касбӣ фаро расидааст, иштирок мекунанд.

2. Иҷрои барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб барои  мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  корхонаҳо, муассисаҳо ва  ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва  моликияташон  (минбаъд - ташкилотҳо) ва шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.

3. Барномаи инфиродии тавонбахшӣ барои маъюб хусусияти тавсиявӣ дошта, ӯ ҳақ дорад, ки аз ин ё он намуд, шакл ва андозаи тадбирҳои тавонбахшӣ, инчунин умуман аз татбиқи барнома даст кашад. Маъюб ҳуқуқ дорад, ки масъалаи бо воситаи мушаххаси техникии тавонбахшӣ ё намуди тавонбахшӣ, аз қабили аробача-курсии паҳлӯдор, воситаҳои протезию ортопедӣ, маводи чопӣ бо ҳуруфи махсус, асбоби шунавоӣ, таҷҳизоти  огоҳкунанда, маводи видеоии дорои сатри равон ё  тарҷумаи имову ишора ва дигар воситаҳои ба ин монанд таъмин намудани худро мустақилона ҳал  кунад.

4. Агар воситаи техникӣ ё хизматрасонии тавонбахшии дар барномаи инфиродии тавонбахшӣ муқарраргардида ба маъюб пешниҳод карда нашаванд ё худи маъюб ин воситаро аз ҳисоби маблағи худ дастрас ё ҳаққи хизматрасониро пардохта бошад, ба ӯ арзиши воситаи техникии тавонбахшӣ ва ҳаққи хизматҳое, ки мебоист ба маъюб расонида мешуданд, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

5. Дар ҳолати аз барномаи инфиродии тавонбахшӣ пурра ё қисман даст кашидани маъюб (ва ё шахсе, ки манфиати ӯро намояндагӣ менамояд) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо аз иҷрои барнома озод мегарданд ва ин ба маъюб ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро ба андозаи арзиши чорабиниҳои тавонбахшии ройгон намедиҳад.

Дар кадом сатҳ қарор дорад ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон дар Тоҷикистон?

Ба иттилои масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар сохтори вазорати мазкур ташкилоту идораҳои дахлдор амал мекунанд, ки фаъолияти оинномавии онҳо асосан ба хизматрасонии иҷтимоии маъюбон, пеш аз ҳама ба тавонбахшии онҳо равона гардидаанд. Чунончи, 4 хона-интернат барои пиронсолону маъюбон (Турсунзода, Ёвон, Панҷакент, Бохтар) ва 3 хона-интернат  барои маъюбони бемориҳои рӯҳӣ (Восеъ, Ҳисор, Ҷ. Расулов), Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби “Чорбоғ” ва  Маркази байналмилалии тавонбахшии маъюбон дар ноҳияи Балҷувон (сохтмони нотамом), қариб 40 марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва барои пиронсолону маъюбон, 5 осоишгоҳу  истироҳатгоҳҳои табобатӣ, зиёда аз 40 шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ, як Заводи протезию ортопедӣ дар ш. Душанбе ва филиалҳояш дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб ва ғайраҳо. Дар кишвар дар самти тавонбахшии маъюбон ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ низ як Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ фаъолият карда истодаанд.

Танҳо дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва муваққатӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба 8000 нафар маъюбон ва ба зиёда аз 3000 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизматҳои  гуногуни иҷтимоӣ ва  тавонбахшӣ расонида шудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши ягонаи муассисаи илмию тадқиқотии соҳа –  Муассисаи  давлатии  «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» назаррас арзёбӣ мегардад. Дар ин давра аз ҷониби пажӯҳишгоҳ ба 332 нафар табобати амбулаторӣ гузаронида шуда, тибқи таҳлил 96,4% муроҷиати амбулаторӣ аз бемории асаб мебошад, 95,3%-и онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳуҷраи гиёҳдармонӣ бо истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза ба беморони бистаришуда, инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра ба 1006 ниёзманд хизмат расонида шуд. Дар бахши табобатӣ ҷиҳати тавонбахшии маъюбон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва устуворияти ҷисмониву равонӣ 661 нафар табобат гирифтанд, ки ин 7275 кат/рӯзро ташкил медиҳад.


Моддаи 14. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо ба маъюбон: 

1. Манбаъҳои  маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд,  маблағҳои  буҷети давлатӣ ва инчунин маблағҳои  корфармоёне мебошанд, ки  бо айби онҳо шахс осеби меҳнатӣ гирифтааст ё гирифтори бемории касбӣ шудааст. 

2. Маблағҳои иловагӣ барои маблағгузории хароҷоти тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд, метавонанд дигар  манбаъҳое бошанд, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

3. Имтиёзу кафолатҳое, ки барои маъюбон мувофиқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар шакли пулӣ ва ё кӯмаки иҷтимоии унвонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷуброн карда шаванд.


Моддаи 15.   Ёрии тиббӣ ба маъюбон

Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад.    

 

Моддаи 17. Муҳайё намудани шароити таҳсил ва касбомӯзӣ ба маъюбон

1. Давлат бо тартиби муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад.

2. Давлат тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ ба маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти  иловагӣ ва махсус дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ  ва махсус таъмин менамояд.

 

Моддаи 18.  Тарбияи томактабии кӯдакони маъюб

1. Бо мақсади фароҳам овардани имконияти бештар барои тарбияи томактабии кӯдакони маъюб ва ба онҳо расонидани кӯмаки зарурии тавонбахшӣ дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабии умумӣ барои будубоши кӯдакони маъюб шароит муҳайё карда мешавад.

2. Ба кӯдакони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барои гирифтани тарбия дар муассисаҳои томактабии умумӣ имконият намедиҳад, муассисаҳои махсуси томактабӣ таъсис дода мешаванд.  

 

Моддаи 19.  Таҳсилоти умумии кӯдакони маъюб

Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳангоми  зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таҷҳизонида мешаванд ва инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳсилоти умумӣ мегиранд.

 

Моддаи 20.  Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона

1. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таълимӣ, тарбия ва таълими онҳо бо назардошти хоҳиши падару модарашон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар хона ба роҳ монда мешавад.

2. Муассисаҳои таълимию тарбиявии дахлдор ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) барои тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона кӯмак  мерасонанд.

 

Моддаи 21. Тарбияи беруназмактабии кӯдакони маъюб

Бо  мақсади инкишофи ҳамаҷониба ва муносиби кӯдакони маъюб, дар рӯҳи фаъолнокии ҷамъиятӣ, майлу рағбат ба меҳнат, илму техника, санъат ва варзиш тарбия намудани онҳо мақомоти маориф ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки тарбияи беруназмактабиро бо муҳайё намудани шароити мусоид барои кӯдакони маъюб дастрас гардонанд.


Моддаи 22. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ)

Тарбия ва таълими кӯдакони маъюби дар муассисаҳои будубоши  доимӣ (статсионарӣ) истиқоматдошта аз тарафи муассисаҳои мазкур пайваста дар  алоқамандӣ бо  мутобиқкунии шароити иҷтимоию маишӣ ва меҳнатӣ таъмин карда мешавад.   

 

Моддаи 23. Таҳсилоти  касбии маъюбон

1. Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимии умумӣ амалӣ гардонида мешавад. Барои маъюбоне, ки ба шароити махсуси таҳсилоти касбӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои  махсуси таълимии касбии шаклу намудҳои гуногун ё дар муассисаҳои умумии таълимии касбӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

2. Маъюбони  гурӯҳҳои I ва II, ки  ба онҳо аз рӯи хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур бидуни озмун бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

3. Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии маъюбон дар муассисаҳои махсуси таълимии касбии маъюбон мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ, дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд, сурат мегирад.

4. Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва  тартиби маблағгузории онҳоро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян  менамояд.    

 

Моддаи 24.  Забони имову ишора

1. Давлат забони имову ишораро ба маъюбон ҳамчун воситаи муоширати байни шахсон эътироф  мекунад.

2. Вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони имову ишораро  санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.    


Моддаи 26.  Таъмини шуғли маъюбон

1. Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад:

- дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва  моликияташон квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд;

- ҳавасмандгардонии ташкилотҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон;

- фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории маъюбон;

-  ташкил намудани омӯзиши касбҳои нав барои маъюбон.

2. Дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи  умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота  муқаррар карда мешавад. 

3. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як  ташкилот дар доираи  квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.
4. Барои ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда мешавад.


Моддаи 29. Ҳуқуқи маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ

1. Маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд.

2. Маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани  нафақа ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  ҳуқуқ доранд.

3. Маъюбон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба ҷои табобат вобаста ба протезмонӣ ва тавонбахшӣ ҳуқуқ  доранд.

4. Ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад.  

 

Моддаи 30. Имтиёзҳои  маъюбон барои  истифода аз нақлиёт

1. Маъюбон ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ноҳиявӣ, байни ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ба тариқи ройгон истифода баранд. Ҳамчунин маъюбон ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоиро доранд.

2. Тартиби аз нақлиёт ройгон ва имтиёзнок истифода бурдани  маъюбонро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 

 

Моддаи 31. Имтиёзҳои маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва андозҳо

1. Маъюбон ба имтиёзҳо, аз ҷумла андозбандии имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II  ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи   манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бенавбат ва ройгон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.

3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳо имтиёзҳои  иловагӣ муқаррар намоянд.


Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадади Тоҷикистон сохта шудааст.



Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...