Дар Тоҷикистон мувофиқи омор теъдоди шахсони имконияташон маҳдуд 149 ҳазору 860 нафарро ташкил медиҳад. Маълумотҳои дигарро дар инфографикаи мо бубинед.
Бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин намудани маълулон яке аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Надоштани имкони харидории онҳо, аз куҷо ва чӣ гуна дастрас намудану ба талаботи маъюбон мувофиқ набудани ин аробачаҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён меорад.
Ҷалил Икромов, як сокини 40-солаи шаҳри Исфара 19 сол қабл (дар 21-солагӣ) дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ маъюб шуд ва ба аробачаи маъюбӣ ниёз пайдо кард. Ӯ мегӯяд, барои дарёфти аробачаи ройгон ба ҳукумати шаҳри Исфара муроҷиат кард.
“Вақте навбатам расид, гуфтанд, ки агар розӣ бошам бароям маблағи онро медиҳанд, то худам онро харидорӣ кунам. Вале ҳанӯз ин ваъда иҷро нашудааст, на маблағ ба мо расиду на худи ароба”, – афзуд Ҷалил Икромов.
Аробачаи маъюбиеро, ки ҳоло Ҷалил истифода мекунад, як дӯсташ аз Русия туҳфа овардааст.
Норасоии аробачаҳо яке аз мушкилоти аслӣ
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки аз 3 декабри соли 2011, таҳти рақами 604 ба имзо расидааст, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюбон аз тарафи мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ба таври ройгон ва бо тартиби дар ҳамин санад муқарраргардида амалӣ мегардад. Аммо на ҳама шаҳрвандони кишвар аз ин қарор огаҳӣ доранд.
Маъмулан, дар арафаи иду ҷашнҳо, хоса идҳои мазҳабӣ, дар расонаҳо хабарҳое нашр мешаванд, ки сарпараст ё созмонҳои хайрияе ба гуруҳи маъюбон аробачаҳо туҳфа кардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ иқдоми ҷамъоварии маблағ барои харидории аробачаҳо барои ниёзмандон сурат мегиранд.
Фирӯз Ҳамроев, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” мегӯяд, ҷамъияти онҳо зиёда аз 1300 аъзо дорад ва нарасидани аробачаҳо яке аз мушкилоти аслии онҳо ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл бо ташаббуси як барномаи олмонӣ ҷамъият соҳиби панҷ аробача гардид, ки онҳоро ҳам дар рақс ва ҳам дар бозии баскетбол истифода мебаранд.
Барои дастрас кардани аробача чӣ бояд кард?
Тибқи қарор “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, барои дастрас намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба мақомоти маҳалии ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-Ариза
-Нусхаи шиноснома
-Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб
-Хулосаи саломатии ҷои истиқомати маъюб.
Бар асоси ин санад воситаҳои тавонбахшӣ фурӯхта намешавад. Агар маъюб воситаи техникии тавонбахширо аз ҳисоби маблағҳои худ дастрас карда бошад, арзиши он ба андозаи на зиёдтар аз 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷот аз ҷониби мақоми ваколатдор ҷуброн карда мешавад.
Ба ин қоидаҳо ҷадвали “Мӯҳлати истифодабарии воситаҳои техникии тавонбахшӣ, протезҳо ва маҳсулоти протезию ортопедӣ” замима шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, “то вақте муроҷиат нашавад, мо намедонем, ба аробача кӣ ниёз дорад. Агар муроҷиат кунанд, албатта таъмин мекунем. Ба таври мисол мо Ассотсиатсияи варзишгарони маъюб ва Федератсияи варзиши маъюбон дорем ва ин нафарон дар бораи ташкили гурӯҳи баскетбол муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, ки толор барои тамрин доранд, аммо аробачаҳои варзишӣ надоранд”.
“Ба аробачаи электрикӣ ниёз дорам”
Дар Тоҷикистон ҳудуди 40-50 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Иттифоқи иттиҳодияи маъбон, нобиноён, кару гунгҳо, Иттифоқи чернобелчиён, Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони маъюб ва ғайраҳо ҳастанд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ кор мебаранд.
Дар асоси фармоишоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ 281 адад асо, 15 адад асо барои нобиноён, 167 ҷуфт асобағал, 10 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ ва 38 адад роҳгард (ходунок) ба маъюбони ниёзманд дастрас гардида, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 3 ҳазору 389 ниёзманд тавассути таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.
Ҷалил Икромов мегӯяд, ӯ ба аробачаи электрикӣ ниёз дорад, зеро маъюби гурӯҳи 1-ум буда, вазни баданаш зиёд мебошад. Аробачаҳое ки ройгон дода мешаванд, тавони бардошти вазни ӯро надоранд.
“Соли 2001 бо 5-сомонӣ нафақа баромадам, давоми 19 сол ҳаҷми нафақаам ба 180 сомонӣ баробар шуд. Ваъда карданд, ки аз моҳи сентябр бояд андозаи нафақа 50 дарсад боло равад, вале то ҳол 180 сомонӣ мегирам. Аммо бояд 270 сомонӣ мегирифтам, ҳарчанд ин маблағ ҳам кам аст. Ҳатто панҷаҳои дастам кор намекунанд. Ниёз ба аробачаи электрикӣ дорам, ки арзишаш 22-24 ҳазор сомонӣ мебошад, аммо тавони харидории онро надорам”, – таъкид намуд вай.
Мижгона Ҳалимова
Комментариев нет:
Отправить комментарий