понедельник, 25 января 2021 г.

Муассисаҳои томактабӣ ва таъсири он ба рушди барвақтии кӯдак




Хосият Хушрӯзова мегӯяд, чанд моҳ мешавад дар навбат аст, ки кай фарзандашро ба боғча қабул мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ қабл аз эълони карантин дар мактабу боғчаҳо ӯ ба яке аз муассисаҳои томактабӣ муроҷиат карда буд ва он замон барояш ваъда дода буданд, ки “зангаш мезананд”. Аммо то ҳол хонум Хосият занги мудири ин боғчаро интизор мебошад.

Шикоятҳо дар мавриди кам будани кӯдакистонҳо дар шаҳру навоҳӣ чандин маротиба мавриди баҳс қарор гирифта буд. Ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф ва илм феълан фарогирии кӯдакон ба боғчаҳо танҳо 14 фисадро ташкил медиҳаду халос. Яъне 86 фисад кӯдакони боқимонда ниёз ба боғчаҳоро доранд.

Эҳсон Хушбахтов, сухангӯйи Вазорати маориф ва илм мегӯяд, феълан дар кишвар 678 муассисаҳои томактабӣ фаъолият дошта, дар он 97 ҳазору 164 кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шодибек Қодиров, директори ТҶ “Иқтисод ва омӯзиш” сабаби норасоии муассисаҳои томактабиро дар хусусӣ гардонидани онҳо арзёбӣ карда, мегӯяд, ин шумора 50 фисадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ин мутахассис бештари ин боғчаҳо солҳои шӯравӣ харидорӣ шуда, ба ҷои онҳо дигар бино бунёд гардидааст.

Яке аз мушкилиҳои дигар дар ин соҳаро Қодиров дар норасоии муррабияҳо ва кам будани маош арзёбӣ кард: “Дар сатҳи тайёр кардани кардрҳо имкониятҳои зиёдро аз даст додаем, зеро аксарияти мураббияҳое, ки омода мекунем, бо сабаби кам будани маош кор намекунанд ё агар кор ҳам кунанд, ба хотири кам будани маош намехоҳад худро зиёд азият кунанд”.

Ба гуфтаи ӯ соли 2014 Қонунни ҶТ Дар бораи таҳсилоти томактабӣ таҳия ва қабул гардиду дар он шаклҳои камхарҷи таҳсилоти томактабӣ иҷозат дода шуд, ки яке аз инҳо марказҳои инкишофи кӯдакон мебошанд.

Марказҳои инкишофи кӯдак чист?

 "Ин як синфхонае ҳаст, ки дар он танҳо кӯдакони аз се сола то шашсола ҷойгир карда мешаванд. Аммо аксарияти падару модарон танҳо кӯдакони шашсоларо ба ин марказҳо мебаранд. Чунки мураббияҳои мо кӯдакони 3-4 соларо дарс дода наметавонанд. Мушкилиҳо дар ин соҳа зиёд мебошанд”-гуфт Қодиров.

Қаҳрамони мо Хосият мегӯяд, хонашин буда, мехоҳад маҳз барои рушди инкишофи зеҳнии кӯдакаш, ӯро ба муассисаи томактабӣ ҷалб кунад. Вале Саврӣ Шарипова, як сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ бар зидди гуфтаҳои хонум Хосият мебошад.

Ба гуфтаи холаи Саврӣ тули ду моҳ наберааш ба боғча рафту аз он ҷо барои худ суханҳои навро ба хона овард: “Дар хонаи мо ҳамагӣ ду кӯдак аст, ки онҳо чунин дашномҳои қабеҳро намедонистанд. Вақте набераам Сокина ба боғча рафт, гапҳои навро ёд гирифт, ҳатто ману модарашро низ дашном мекард. Ба боғчае, ки ӯ буд рафтам, дигар маълум гашт, ки он ҷо ҳаргуна кӯдакон аз ҳархел оилаҳо мебошанд. Боварӣ дорам, ки набераи ман ин суханони ноҷоро аз онҳо омӯхтааст, чунки ба берун намебарояд. Танҳо ба боғча мераваду халос. Аз ин рӯ дигар нагузоштам ба боғча равад, бо ӯ худам дар хона кор мекунам ва фикр ҳам мекунам, ки ин яке аз беҳтарин роҳ мебошад”.

То куҷо ҷалб шудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ метавонад ба тарбияҳо онҳо таъсир расонад?

Ба гуфтаи Шодибек Қодиров, бузургтарин хатои мо падару модарон ин аст, ки мехоҳем фарзандонамон тез калон шаванд, вале мо ҳеҷ гоҳ намепурсем, ки кӯдак дар бораи хона ва падару модараш чӣ гуфта метавонад: “Илм исбот кардааст, ки вақте кӯдак аз се солагӣ то шаш солагӣ маълумот мегирад, дигар хел ба воя мерасад. Дигар хатои мо ин аст, ки мо дар кӯдак савол доданро мекушем. Мо имконияти савол доданро ба кӯдак намедиҳем, аз ин рӯ дигар қобилиятҳои кӯдакро низ мекушем”.

Кӯдак дар боғча чиро бояд омӯзад?

Қодиров бар ин назар аст, ки мо то ҳол муайян накардаем, ки кӯдак дар боғча чӣ чизҳоро бояд омӯзад ва ягон воситае надорем, ки муайян кунем, ки як кӯдак давоми чанд соле, ки ба боғча мераварад, чӣ чизро ёд гирифтааст: “Ченак нест. Ҳаст ченакҳои умумии ҷамъиятӣ, масалан, шумораи шеърҳоро ёд гирифт. Аз ҳама бадтарин ченак, ин хондан ва навиштан аст барои таҳсилоти томактабӣ. Мо, падару модарон ва онҳое, ки системаи маорифро идора мекунанд, фикр мекунанд, ки кӯдак мактаб норафта, бояд навиштану хонданро ёд гирад. Миёни марказҳои томактабӣ мониторинг гузаронидем ва муайян кардем, кӯдаконе, ки аввал ба ин марказҳо рафта, баъд ба мактаб мераванд, алакай дар моҳи ноябр духон шуда, хоҳиши ба мактаб рафтанро надоранд. Чунки дар марказҳои инкишофи кӯдак ба онҳо аз китоби Алифбо дарс мегӯянд. Аксари мураббиён шеърҳо ва хондану навиштанро аз ин китоб ба онҳо меомӯзонанд.

 -Яке аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзиш дар таҳсилоти томактабӣ ин иҷтимоишавии кӯдак аст. Кӯдак бояд муносибат ба худу рафиқон ва он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, омӯзад. Мо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ дорем, мутаассифона мураббияҳои дуруст нароем, ки инҳоро омӯзонанд. Барои мисол шиносоӣ бо муҳити зист, агар дар боғча тарзи муносибат бо дарахту муҳити зистро ба кӯдакон омӯзонан, ин худ як дарси экологӣ гирифтани ӯ мебошад. Вале ҳамаи инро дар мактаб мехоҳанд омӯзонанд"-иброз дошт Қодиров.

Падарон дар муҳоҷират, модарони танҳо дар тарбияи фарзанд

Ҷамила Набиева, мутахассиси рушди таълимоти томактабӣ ва мудири кӯдакистони хусусӣ мегӯяд, рушди барвақтии кӯдак бояд аз батни модар шурӯъ гардад: “Масъалаи рушди барвақтии кӯдак тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Миёни мардуми тоҷик як гап аст, ки чаро кӯдакони рус инқадар доно ҳастанд, зеро онҳо таълиму тарбияро аз батни модар шурӯъ мекунанд. Барои кӯдак сухани хуб мегӯянд, меҳрубонӣ мекунанд, вақте кӯдак дар батни модар аст суруд ва китоб мехонанд. Маҳз дониши кофӣ надоштани волидайн ва омода набудани ҷавонон барои оила барпо кардан, ба рушди барвақтии кӯдак таъсир мерасонад. Зеро вақте кӯдак таваллуд мешавад, аксарияти падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, таълиму тарбияи фарзанд ба дӯши модар мемонад. Дигар модар намедонад, ки фарзандонашро хӯронад, кори хонаро кунад ё аз паси тарбияи ӯ шавад". 

Хонум Набиева мегӯяд, мехоҳанд мактабҳоро 12-сола карда, кӯдаконро аз 6-солагӣ ба таҳсил фаро гиранд. Аммо вақте кӯдак омода нашуда ба мактаб меравад, пас чӣ гуна дониш мегирад: "Вай барои таълиму тарбия аз диди назари равонӣ ва педагогӣ омода нест. Аз ин рӯ, он марҳилае, ки як сол муаллимаҳои синфи яки мо алакай барномаи мактабиро тайёр кунанд, онҳо кӯдакро ба мактаб тайёр мекунад”-иброз дошт хонум Набиева.

суббота, 23 января 2021 г.

Какие выплаты получили таджикистанцы в 2020 году

Представители Агентства социального страхования и пенсионного обеспечения Таджикистана говорят, что 92 процента их бюджета расходуется на пенсии и 8 процентов — на социальные выплаты.

В большинстве случаев получатели социальных пособий недовольны низким размером пособий и говорят, что эти средства не хватают на их жизни. Однако сотрудники Агентства объясняют, что в пределах возможностей будут оказывать помощь людям, потому что единственный источник пополнения бюджета для выплаты пособий и пенсий — это социальные налоги.

В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан «О государственном социальном страховании» в стране устанавливается следующее положение государственного социального страхования:

Предоставление пенсий, пособий по временной нетрудоспособности, пособий по беременности и родам, семейных пособий, пособий по безработице и пособий на похороны.

В связи с тем, что отчеты о фактических выплатах данных льгот предоставляются в Агентство ежеквартально предприятиями и учреждениями, в отчет включены расходы данных средств по состоянию на 1 октября 2020 года.

Деньги, потраченные в 2020 году, можно увидеть на инфографике ниже:



суббота, 16 января 2021 г.

Грантҳои президентӣ: кӣ чӣ гирифт?


Масъулини Вазорати молияи кишвар мегӯянд, грантҳои президентӣ ба занони соҳибкор, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои қабулгардида, аз ҷумла ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷоийҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд.

Чанде қабл намояндаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила низ дар бораи грантҳои президентӣ гуфта буданд, ки занони собиқ маҳбусшуда низ грант мегиранд. Ва тибқи қарори ҳукумати кишвар тамоми шаҳру ноҳияҳо квотаи худро доранд ва як нафар аз ин шаҳру ноҳияҳо соҳиби грант мешаванд. Боқимондаи грантҳо барои навоварӣ дар ин ё он соҳа масраф мегарданд. Яке аз афзалиятҳо, тибқи қарори ҳукумат, ин фаро гирифтани он заноне мебошанд, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, ё дар оилаашон узви маъюб доранд. Ҳамчунин се соли охир занони собиқ маҳбусшуда низ дастгирӣ меёбанд, ки дар натиҷа онҳо соҳиби шуғл шуда, саҳми худро барои пешбурди зиндагӣ мегузоранд.

Ба инттилои ин ниҳод, тавассути ин грантҳо дигар занон низ ба касбомӯзӣ машғул шуда, саҳми муносиб дар самти ба шуғл фаро гирифтани занони бекор мегузоранд. Хосатан, аз амалигардонии лоиҳаҳо дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ном бурд, ки ба қавлаш хеле муваффақона фаъолият доранд.

Вале Раҷаб Мирзо, журналисти тоҷик, бахшида ба 8-уми март дар маводи таҳлилиаш “Ҳашт мушкили умдаи занони тоҷик” навишта буд, ки агар ба фазои иқтисодии Тоҷикистон, махсусан пас аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ, таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки бонувон дар азнавсозиву рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим, аз ҷумла тиҷорат дар кишварамон саҳми беназир доранд: “Ба ҳар сурат, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ маҳз бонувон буданд, ки дар ин солҳои барои ҳама мушкил аз ночорӣ ба хариду фурӯши молу коло машғул гардиданд. Бар илова, аввалин тоҷирони воридкунандаи мол аз хориҷ (челночный бизнес), хоса Русияву Узбекистон ва Эрон занон ба ҳисоб мераванд. Зеро машғул гардидан ба ин гуна тиҷорат барои мардон хавфи зиёд дошт”.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, ҳукумати кишвар ба ин назар аст, ки бо додани грантҳои президентӣ барои то ҷое ҳал гардидани мушкилоти бархе бонувон мусоидат кардааст. Аммо ин роҳи ҳалли ниҳоӣ нест. Бо ду сабаб:

-ҳаҷми ин грантҳо чандон бузург нестанд;

-маблағи қарзии иловагиро бо он фоизҳои баланди бонкӣ, ки мо дорем, дарёфт кардан номумкин аст.

Зеро ҳолатҳои бо сабаби баланд будани фоизҳои бонкӣ муфлис шудани бонувони соҳибкор кам нестанд. Ҳамчунин баланд будани сатҳи андозу боҷҳои гумрукӣ ба кисаи кампули бонуи соҳибкор таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин замина пешниҳод кардани баъзе аз имтиёзҳо ба бонувони соҳибкор аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар баъзе аз кишварҳои шарқӣ, ки онҳоро "бабрҳои иқтисодӣ" низ меноманд, вуҷуд дорад.

Аммо боз ҳастанд заноне, ки мегӯянд новобаста аз кушишҳои зиёд натавонистаанд соҳиби грантҳои президентӣ гарданд.

Дар соли ҷорӣ қарори ҳукумати кишвар дар бораи грантҳои президентӣ то ҳол қабул нашудааст.


вторник, 12 января 2021 г.

Бемор: Барои муайян кардани маъюбият наздики 1000 сомонӣ лозим аст!

 

Хушбахт Ҷобиров, сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, ки духтараш модарзод маъюби гурӯҳи якум дорад, мегӯяд, ҳамасола барои аз ташхис гузаштани духтур ва дубора муайян кардани маъюбии фарзандаш, онҳо наздики 1000 сомонӣ масраф мекунанд.  

Ба гуфтаи ӯ духтараш 9 сол дошта, маъюбии мағзи сар дорад ва яке аз мушкилиҳои аслӣ ин ҳам бистарӣ накардани фарзандаш дар Маркази саломатии ноҳияи Панҷ мебошад, ки наздик ба ҷои истиқомати онҳо аст. Табибони ин марказ наметавонанд фарзанди ӯро бистарӣ кунанд ва роҳхат дода, кӯдакро ба Маркази саломатии ноҳияи Кушониён мефиристанд: “Вақте мо ба Поликлиникаи ноҳияи Панҷ муроҷиат мекунем, мегӯянд, барои бистарӣ кардани чунин маъюбон ҷо надорем ва роҳхат ба ноҳияи Кушониён медиҳанд”.

Хушбахт Ҷобиров мегӯяд бо сабаби набудани Хадамоти ташхиси тиббии иҷтимоӣ ё худ ВТЭК дар ноҳияи Панҷ маҷбур аст, ки фарзандашро тариқи роҳхат ба Маркази саломатии ноҳияи Кушониён бурда, бистарӣ кунад ва танҳо барои роҳкиро наздики 70 сомонӣ масраф мекунад: “Хуб мешуд, ки ҳамин ташхисро як маротиба барои тамоми умр анҷом медоданд, чунки кӯдак модарзодӣ маъюбӣ дорад ва ҳар сол ман наметавонам аз ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Кушониён ӯро бубарам. Барои ташхис ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо дар Маркази саломатии ноҳияи Панҷ, роҳкиро ба ноҳияи Кушониён, баъдан давоми ҳафт рӯз он ҷо бистарӣ шудан наздики 1000-сомонӣ лозим аст. Ин ҳам бидуни хурду хӯрок. Аз ҳисоби ҳуҷҷати камбизоатӣ доштан, ҷои хоб ройгон буд”.

Хадамоти ташхиси тиббии иҷтимоӣ ё худ ВТЭК–ин комиссяе ҳаст, ки аз чор духтур иборат буда, дар дохили баъзе аз Марказҳои саломатии шаҳру навоҳӣ қарор доранд. Вақте, ки бемор муроҷиат мекунад, ин табибон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахс маъюбияшро муайян мекунанд.

Ба гуфтаи Ҷобиров давоми панҷ сол духтарашро дар беморхонаҳои гуногун табобат кардааст, аммо ҳеҷ натиҷа надод, аз ин рӯ тули чор сол аст, ки ба фарзандаш нафақаи маъюбӣ дар ҳаҷми 270 сомонӣ таъин кардаанд: “Вақте соли гузашта, кӯдакро дар беморхонаи ноҳияи Кушониён бистарӣ карданд, 800 сомонӣ танҳо барои доруҳояш масраф гашт. Худ, ки омӯзгор мебошам, чанде аз шогирдонам дар беморхонаҳо фаъолият мекунанд ва дар ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо кумакам мекунанд, вагарна мо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат қарор дошта, тавони масрафи ин ҳамаро надорем. Соҳиби панҷ фарзанд мебошам ва ягона ноновари хона худам ҳастам. Гуфта буданд, ки аз якуми сентябри соли 2020 андозаи нафақаи маъюб 50 фисад боло меравад, аммо то ҳол тағйир наёфтааст. Дар ноҳия фаҳмидем, ки ба дигар оилаҳо маводҳои хӯрока кумак кардаанд, аммо ба оилаи мо аз ин кумакҳо нарасид. Вале 500 сомонӣ дар даврони коронавирус гирифтем”.

Оилаи Ҷобировҳо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат қарор дошта, зиндагии начандон хуб доранд: “Аммо модарам, ки нафақахӯр мебошад, андозаи нафақааш пас аз фармони раисҷумҳур 30 сомонӣ зиёд гаштааст. Вақте аз корманди бонк пурсон шудам, ки чаро нафақаи маъюбии кӯдак тағйир наёфтааст, гуфтанд бояд ба Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Панҷ муроҷиат кунам. Ба он ҷо низ рафтам, дар ҷавоб гуфтанд, ки ин масъала то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст”.

Аз якуми сентябри соли 2020 бар асоси фармони раисҷумҳур–Эмомалӣ Раҳмон маоши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг, идоракунии давлатӣ ва маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа зиёд карда шуд.

Ҳамчунин андозаи стипендияи донишҷӯён барои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД низ зиёд карда шуд. Андозаи нафақаи маъюбӣ то 50% мебояд боло бардошта мешуд.

Новобаст аз он ки аз ин фармон зиёда аз чор моҳ гузашта бошад ҳам, аммо ҳастанд афроде, ки мегӯянд, то ҳол андозаи нафақа ва нафақаи маъюбии онҳо зиёд нагаштааст.

Чунин норозигиҳо ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Оишаи Муҳаммад ном истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар саҳифаи худ навиштааст, ки “як дӯстам маъюби гурӯҳи дуюм аз бемории сили гурда буда, аз моши октбяри соли 2020 нафақаашро гирифта наметавонад. Ҳаргоҳ ба мағоза меравад, корти бонкиаш холӣ нишон медиҳад. Худ фикр кунед, агар аз ҳар нафақагир думоҳа нафақаашонро боздоранд, чӣ қадар маблағ мешавад ва ин маблағ ба кисаи кӣ меравад? Дар ин шароити вазнин мардум ба як сомонӣ муҳтоҷ мебошанд”.

Дар дасти мо ному насаб ва ҷои зисти ин нафақахӯр маҳфуз мебошад.

Аксари онҳое, ки зиндагияшон аз ҳисоби нафақа ва нафақаи маъюбӣ мебошад, мегӯянд дар баробари баланд шудани маошу нафақа, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ низ дар бозорҳои кишвар боло бурда мешавад: “Ҳар вақте, ки андозаи маошро дар кишвар боло бардоштанӣ шаванд, дарҳол тоҷирони “боинсоф”-и мо пешдасти карда, нарху наворо низ боло мебардоранд. Илова бар ин нархи барқу обу партов низ дар баробари зиёд кардани арзиши нафақаву маош низ боло мераванд”-навиштааст, яке аз истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”.

Набудани Хадамоти ташхиси тиббии иҷтимоӣ ё худ ВТЭК дар минтақаҳои дурдаст, кори сокинонро боз ҳам душвор кардааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвр 28 Хадамоти ташхиси тибббии иҷтимоӣ (ВТЭК) фаъолият мекунанд. Ин ҳам 5-то дар вилояти Хатлон, 8-то дар вилояти Суғд, 2-то шаҳри Душанбе ва дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ҷойгир мебошанд.

Мушкинисо Шарипова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Парвози Парасту” дар ноҳияи Кушониён мегӯяд, ҳатто шоҳиди ҳолате буд, ки зане аз ноҳияи Панҷ ҳамроҳи кӯдаки маъюб ба ноҳияи Кушониён барои ташхис гузаронидани фарзандаш омада, шикоят ҳам мекард, ки дар худи ноҳия онҳо надоранд марказе, ки фарзанди ӯро ташхис кунанду ҳуҷҷати маъюбиашро тасдиқ: “Дар ин ҷо барои як зан душвор аст, ки дар даст як кӯдаки маъюбро биёрад, дигар ин ки роҳкиро сарф мешавад. Фикр кунед, ки барои аз ноҳияи Панҷ то маркази ноҳияи Кушониён омадан, ҳатман, ки маблағе лозим аст”.

Ба гуфтаи хонум Шарипова, ҳатто ҳаст ҳолатҳое, ки надонистани ҳуқуқҳои афроди маълул сабаб мешавад, ки табибон аз ин тоифа маблағ ситонанд, ин дар ҳолест, ки ташхиси тиббии иҷтимоӣ (ВТЭК) ройгон барои маъюбон фаъолият мекунанд: “Ҳатто ин сабаб шуда буд, ки зане аз надоштани маблағ ва тарс аз он, ки дар беморхона барои маъюбии фарзандашро муайян кардан, пул меситоданд, фарзандашро ташхис намекард. Нафақаи онҳо на онқадар калон аст, аз ин рӯ беҳтар мешуд, ки дар ноҳияҳои дурдаст низ чунин марказҳои саломатӣ таъсис медоданд ё ин корро тариқи мобилӣ анҷом медоданд. То ин ки ин тоифа одамон бемалол ба саволҳо ҷавоб дода, маъюбияти худро муайян мекарданд”.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз медоранд, ки дар баъзе ноҳияҳо аз сабаби кам будани муроҷиати солона аз ҷониби афроди маъюб, комиссияҳои сайёр фаъолият мекунанд: “Оилаҳое ки имконият доранд, дар як сол як маротиба ба маркаҳои саломатии ноҳияҳои наздиктарин омада, ташхис мегузаранд. Аммо онҳое, ки имконияти омадан надоранд, тавассути маркази саломатӣ дархост мекунанд, табибон рафта, дар манзилҳои истиқоматии онҳо ташхис мегузаронанд. Ташхис вобаста аз беморӣ мебошад, яъне беморе, ки имкони роҳ гаштан надорад, кормадони соҳаи тиб онҳоро дар хона ҳарсол як маротиба ташхис мекунанд”-гуфт Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.

Қудратулло Қурбонов
Дар мавриди муайян кардани маъюбияти шахс ва мушкилиҳо дар ин ҷода, Қурбонов иброз дошт, ки ин бисёр кори мураккаб буда, ҳастанд бемориҳое, ки ба шахс хуруҷ карда, дар сурати табобат, шахс сиҳат мешавад. Аз ҷумла бемориҳои сил, қанд, саратон, узвҳои ҳозима, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои гурда, такягоҳ ва хун, бемориҳои системаи асаб, рӯҳӣ ва ғайра: “Духтурон маъбияти шахсро бақайд мегиранд, давоми як ё ду сол, яъне то сиҳат шуданаш. Шахс низ дар ин давра табобатро гирифта, сиҳат мешавад ва аз ҳаққи гирифтани нафақаи маъюбӣ маҳрум мегардад: “Ҳастанд афроде, ки дар ҳолати як ё ду сол гирифтани нафақаи маъюбӣ, дигар бо ҳар баҳонаҳо мехоҳанд ин маблағро гиранд, вале духтурон метавонанд муайян кунанд, ки дар асл шахс шифо ёфтааст ё не”-қайд кард Қурбонов.

Ба суоли он ки оё имкон дорад ташхис бо роҳи мобилӣ муайян карда шавад, чун ҳукумати электронӣ дар тамоми кишварҳо рушд кардааст, Қурбонов гуфт “не, имкон надорад, зеро духтур бояд набз ва дигар бемориҳои беморро дақиқ кунад”.

Хонандаи гиромӣ, мехоҳем бароятон рӯйхати ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кунем, ки барои Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ (ВТЭК) барои муоина лозиманд:       

а)   роҳхат (шакли - 088/б), ки муассисаи тиббӣ тартиб додаст;

б)   нусхаи шиноснома ва ё дигар  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

в)   нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

г)   иқтибос аз таърихи беморӣ;

д)  иқтибос аз варақаи дармонгоҳӣ;   

е)  роҳхат аз Агентии сугуртаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо;

ж) аризаи шаҳрванд.

                        Ба ғайр аз ин ба Хадамот:

а)  шахсони бори аввал роҳхатгирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди бемориҳо, захмҳо, осебҳо, контузия, ҳуҷҷатҳои тиббӣ-ҳарбӣ, шаҳодатномаи беморӣ ё маълуматнома оид ба хизмат дар мақомоти ҳарбиро пешниҳод менамоянд;

б) шахсони бори аввал роҳхат гирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди осебҳои истеҳсолӣ  тартибдодашударо дар бораи ҳодисаи нохуш дар ҷљои кор (ё дигар ҳуҷҷати расмии ивазкунандаи он)-ро пешниҳод мекунанд;

в) шахсони бори аввал роҳхатгирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди бемориҳои касбӣ хулосаи Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбиро пешниҳод менамоянд;

г) Шахсони бори аввал роҳхатгирифта барои бо фоиз муайян намудани қобилияти меҳнатии касбияшон, роҳхати маъмурият ё қарори мақомоти судиро пешниҳод менамоянд.

Бояд гуфт, ки гирифтани ҳуҷҷати ВТЭК ройгон буда, дар ҳолати қонуншиканиҳо метавонед ба телефонҳои боварӣ муроҷиат намоед:

                               239-06-84––231-58-33––231-55-72

Мижгона Ҳалимова

четверг, 7 января 2021 г.

Таджикистан: когда женщины могут получить пособие по беременности и родам

 Объясняем когда и сколько должна получать женщина по беременности, родам и уходу за ребенком.

Споры о том, когда женщины имеют право получить пособие по беременности и родам, неоднократно разгорались в социальных сетях. После разногласий юристы написали, что согласно закону и нескольким существующим решениям получить правомочны только женщины, которые официально работают и платят социальные налоги.

По данным Агентства по статистике, с января по октябрь 2020 года в Таджикистане родилось 166,6 тысячи детей, что на 2,4 процента больше, чем за аналогичный период 2019 года.

Согласно статье 13 Закона о государственном социальном страховании РТ пособие по беременности и родам выплачивается до родов в полном объеме за весь период отпуска, предоставленного женщине по беременности и родам, независимо от количества дней отпуска.

Зайнаб Ширинджонова, сотрудница одной организации в Душанбе, сказала, что она получила около 8 720 сомони из своей зарплаты за рождение своего первого ребенка: «Бухгалтер офиса рассчитал 148 дней и заплатил мне. Еще мне сказали, что, предъявив метрику ребёнка, для ухода за ребенком я могу получать 55 сомони каждый месяц до 1,5 лет. Я тоже получила эту помощь».

Но Зайнаб добавляет, что согласно Закону о государственном социальном страховании существует три показателя рождения первого ребенка, и за нее выплачивалась только одна величина: «Если один показатель составляет 55 сомони, мне должны были заплатить 165 сомони, но ведь они насчитали только 55 сомони».

Врач Шахноза Гуломова, которая также получала эту помощь, сказала: «Раньше размер этой помощи был очень небольшим, но теперь он увеличился. Однако этих средств недостаточно, чтобы заботиться о ребенке».

Нужно отметить, что с 1 января 2020 года 1 показатель для расчётов установлен в размере 58 сомони.

Абдурахмон Хакимзода, бывший руководитель отдела социального страхования и пенсионной политики Агентства социального страхования и пенсий, сказал в интервью, что пособия будут отменены только в том случае, если женщина получит отпуск по болезни на 70 дней для родов и выздоровления. «Но, если она добровольно выходит на работу после 25 дней после рождения, она должна вернуть оставшиеся 45 дней из пособия, которое она получила за 70 дней после рождения».

Статья 14 Закона о государственном социальном страховании также предусматривает единовременное пособие для рожениц. Женщины могут предоставить метрику ребёнкау и получить 165 сомони на первого ребенка, 110 сомони на второго ребенка и 55 сомони на третьего ребенка. Эта группа женщин также имеет право обращаться на предприятие по уходу за своими детьми до 1,5 лет и получать 55 сомони в месяц.

Все ли женщины получают пользу от этой помощи?

По данным Агентства социального страхования и пенсий, только работающие женщины, то есть застрахованные, имеют право на пособие по беременности и родам в соответствии с Законом о государственном социальном страховании: «После рождения ребенка мать может подать документы в компанию, где работает ее муж, и в этом случае, согласно закону, она может ежемесячно получать определенную помощь».

Приложение к статье 14 Закона РТ «О государственном социальном страховании»

— Семейные пособия:

При рождении в семье ребенка, назначаются и выплачиваются следующие семейные пособия: единовременное пособие в связи с рождением ребенка; ежемесячные пособия по уходу за ребенком.

Единовременное пособие в связи с рождением ребенка назначается в размерах:

при рождении первого ребенка — в сумме трех показателей для расчетов;

при рождении второго ребенка — в сумме двух показателей для расчетов; 

при рождении третьего и более ребенка — в сумме одного показателя для расчетов.

Пособие выплачивается по месту работы (учебы) одного из родителей, а если родители не работают и не учатся — отделами социальной защиты населения по месту жительства.  Единовременное пособие при рождении ребенка назначается и выплачивается со дня рождения ребенка, если обращение за ним последовало не позднее 6 месяцев со дня рождения ребенка.

Пособие по уходу за ребенком:

В случае предоставления женщине отпуска по уходу за ребенком до достижения им возраста полутора лет ей выплачивается ежемесячное пособие по уходу за ребенком за этот период по месту работы из средств социального страхования в размере 100 процентов показателя для расчетов.

Статья 141. Порядок и условия выплаты пособий по временной нетрудоспособности, беременности и родам и семейных пособий

 


Материал подготовлен при поддержке Общественной организации «Хома» в рамках программы «Поддержка управления государственными финансами в Таджикистане», финансируемой Министерством иностранных дел, по делам Содружества и международного развития Великобритании (FCDO) и реализуемой при поддержке Институтам «Открытое Общество» - Фонд Содействия в Таджикистане.

Мижгона Халимова

Кумакпулии якдафъаинаро ба кӣ медиҳанд? Аз 3 млн доллар аллакай чанд сумаш тақсим шудааст?

 Чӣ гуна метавон кумакпулии якдафъаинаро гирифт ва барои дастрас намудани он бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд, дар маводи мо бихонед.

Аввалҳои июли соли ҷорӣ ҳукумати кишвар эълон кард, ки дар доираи як барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар даврони коронавирус ёрии молии якдафъаина мерасонанд. Ҳаҷми умумии маблағи ҷудошуда 3 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Бархе сокинони кишвар шикоят доранд, ки бо вуҷуди дар феҳрасти ниёзмандон номнавис шуданашон, аз ин кумакпулӣ маҳрум мондаанд

Ба саволҳои Шумо оиди дастрас кардани маблағи кумаки якдафаъина аз Вазорати тандурустии кишвар ҷавоб гирифтем. Кумаки якдафъаина ба ҳар оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида мешавад.

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба киҳо дода мешавад?

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти иҷтимоӣ ва озуқаворӣ осебпазир мегарданд, таъйин ва пардохт карда мешавад. Маблағгузории кумакпулии иҷтимоии якдафъаина аз ҳисоби манбаъҳои иловагии сармоягузории давлатӣ тибқи Созишномаи байни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи амалисозии Лоиҳаи грантии фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Маблағи кумак чӣ қадарро ташкил медиҳад?

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба як оилаи камбизоате, ки дорои кӯдакони то синни 3-сола (аз 0 то 36 моҳа) мебошад, як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ дода мешавад.

Чаро танҳо ба ин оилаҳо дода мешавад?

Бемории коронавируси нави COVID-19 тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо низ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи паҳншавии он вазъи иқтисодии кишвар, низоми содироту воридоти молу маҳсулот, бахусус молҳои ниёзи аввалиндараҷаи мардум ва озуқаворӣ нисбатан коста гардиданд. Дар натиҷа ин омил ба болоравии арзиши баъзе маҳсулоти ниёзи аввал оварда расонид, ки қобилияти истеъмолии қишри ниёзманди аҳолӣ хеле маҳдуд гашт.

Бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз норасогӣ ё камистеъмолии ғизо пеш аз ҳама оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол доранд, бештар осеб диданд, ки ин ба рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 солаи мамлакат барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина тавсия дода шуданд.

То имрӯз чӣ қадар оилаҳо ин кумакҳоро дастрас кардаанд?

То 17 ноябри соли 2020 ба 32 ҳазору 677 оила кумак расонида шудааст.

Аз 3 млн. доллари амрикоӣ чӣ қадар маблағаш дастраси ин оилаҳо гардид?

16 млн. 338 ҳазору 500 сомонӣ пардохт карда шудааст ва пардохти маблағи кумакпулиҳо тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

Тамоми он оилаҳое, ки кӯдакони то 3 сола доранд, ба гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ҳуқуқ доранд?

Тибқи тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина танҳо оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола (аз 0 то 36 моҳа) ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки агар онҳо дар махзани ягонаи системаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

Оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3-солаи 28 шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 дар онҳо механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ гардид, баъди ба онҳо таъйин гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба рӯйхати пардохти кумакпулии яквақтаинаи фаврии иҷтимоӣ дохил карда мешаванд. Пардохти кумакпулии мазкур ба чунин оилаҳо дар моҳи минбаъдаи ба амал даромадани қарори мазкур анҷом дода мешавад.

Агар кӯдак шаҳодатномаи таваллуд надошта бошад, пас, волидонаш чӣ кор бояд кунанд?

Агар дар натиҷаи баҳогузории вазъи зиндагии хонавода оила ҳамчун оилаи камбизоат ба кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намояд ва дар баробари ин кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд, пас барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии яквақтаина волидони кӯдакро зарур аст, ки ба таври таъҷилӣ онро тибқи қоидаҳои амалкунанда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта, шаҳодатномаи таваллуди фарзандашонро ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа мутахассиси коргузорӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти заруриро ба махзани маълумотҳо дохил менамояд ва оилаи камбизоат барои гирифтани кумакпулии болозикр ҳуқуқ пайдо намуда, ҳамин тавр пардохти кумакпулӣ моҳи дигар анҷом дода мешавад.

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба кӣ расонида мешавад ва тартиби гирифтани он чӣ гуна аст?

Барои гирифтани кумакпулӣ сардори оила ба унвони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро ба ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи истиқомати хеш пешниҳод намоянд:

– ариза дар бораи тайъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;

– маълумот дар бораи даромад ва молу амволи аъзои оила;

– маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи шахси муроҷиаткунанда;

-нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои калонсоли оила, шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак, инчунин, ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маъюбият (агар чунин шахсон дар ҳайати оила бошанд).

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои номбурда аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи зисти доимӣ ройгон дода мешаванд.

Мақоми татбиқкунандаи кумакпулии унвонии иҷтимоии якдафъаина кадом вазорат ё идора маҳсуб меёбад?

-Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми татбиқкунандаи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина маҳсуб ёфта, ҳамзамон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар раванди татбиқи механизми мазкур, маъмурикунонии махзани системаи иттилоотии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоиро барои пардохт, гузаронидани мониторинги рафти тадбиқи он дар шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳад.


Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадади Тоҷикистон сохта шудааст.

Мижгона Халимова

“Ба аробачаи электрикӣ ниёз дорам”: Чӣ гуна аробачаҳои маъюбиро метавон ройгон дастрас кард?

Дар Тоҷикистон мувофиқи омор теъдоди шахсони имконияташон маҳдуд 149 ҳазору 860 нафарро ташкил медиҳад. Маълумотҳои дигарро дар инфографикаи мо бубинед.

Бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин намудани маълулон яке аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Надоштани имкони харидории онҳо, аз куҷо ва чӣ гуна дастрас намудану ба талаботи маъюбон мувофиқ набудани ин аробачаҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён меорад.

Ҷалил Икромов, як сокини 40-солаи шаҳри Исфара 19 сол қабл (дар 21-солагӣ) дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ маъюб шуд ва ба аробачаи маъюбӣ ниёз пайдо кард. Ӯ мегӯяд, барои дарёфти аробачаи ройгон ба ҳукумати шаҳри Исфара муроҷиат кард.


“Вақте навбатам расид, гуфтанд, ки агар розӣ бошам бароям маблағи онро медиҳанд, то худам онро харидорӣ кунам. Вале ҳанӯз ин ваъда иҷро нашудааст, на маблағ ба мо расиду на худи ароба”, – афзуд Ҷалил Икромов.

Аробачаи маъюбиеро, ки ҳоло Ҷалил истифода мекунад, як дӯсташ аз Русия туҳфа овардааст.



Норасоии аробачаҳо яке аз мушкилоти аслӣ

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки аз 3 декабри соли 2011, таҳти рақами 604 ба имзо расидааст, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюбон аз тарафи мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ба таври ройгон ва бо тартиби дар ҳамин санад муқарраргардида амалӣ мегардад. Аммо на ҳама шаҳрвандони кишвар аз ин қарор огаҳӣ доранд.

Маъмулан, дар арафаи иду ҷашнҳо, хоса идҳои мазҳабӣ, дар расонаҳо хабарҳое нашр мешаванд, ки сарпараст ё созмонҳои хайрияе ба гуруҳи маъюбон аробачаҳо туҳфа кардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ иқдоми ҷамъоварии маблағ барои харидории аробачаҳо барои ниёзмандон сурат мегиранд.

Фирӯз Ҳамроев, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” мегӯяд, ҷамъияти онҳо зиёда аз 1300 аъзо дорад ва нарасидани аробачаҳо яке аз мушкилоти аслии онҳо ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл бо ташаббуси як барномаи олмонӣ ҷамъият соҳиби панҷ аробача гардид, ки онҳоро ҳам дар рақс ва ҳам дар бозии баскетбол истифода мебаранд.

Барои дастрас кардани аробача чӣ бояд кард?

Тибқи қарор “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, барои дастрас намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба мақомоти маҳалии ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-Ариза
-Нусхаи шиноснома
-Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб
-Хулосаи саломатии ҷои истиқомати маъюб.

Бар асоси ин санад воситаҳои тавонбахшӣ фурӯхта намешавад. Агар маъюб воситаи техникии тавонбахширо аз ҳисоби маблағҳои худ дастрас карда бошад, арзиши он ба андозаи на зиёдтар аз 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷот аз ҷониби мақоми ваколатдор ҷуброн карда мешавад.

Ба ин қоидаҳо ҷадвали “Мӯҳлати истифодабарии воситаҳои техникии тавонбахшӣ, протезҳо ва маҳсулоти протезию ортопедӣ” замима шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, “то вақте муроҷиат нашавад, мо намедонем, ба аробача кӣ ниёз дорад. Агар муроҷиат кунанд, албатта таъмин мекунем. Ба таври мисол мо Ассотсиатсияи варзишгарони маъюб ва Федератсияи варзиши маъюбон дорем ва ин нафарон дар бораи ташкили гурӯҳи баскетбол муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, ки толор барои тамрин доранд, аммо аробачаҳои варзишӣ надоранд”.

“Ба аробачаи электрикӣ ниёз дорам”

Дар Тоҷикистон ҳудуди 40-50 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Иттифоқи иттиҳодияи маъбон, нобиноён, кару гунгҳо, Иттифоқи чернобелчиён, Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони маъюб ва ғайраҳо ҳастанд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ кор мебаранд.

Дар асоси фармоишоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ 281 адад асо, 15 адад асо барои нобиноён, 167 ҷуфт асобағал, 10 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ ва 38 адад роҳгард (ходунок) ба маъюбони ниёзманд дастрас гардида, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 3 ҳазору 389 ниёзманд тавассути таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.

Ҷалил Икромов мегӯяд, ӯ ба аробачаи электрикӣ ниёз дорад, зеро маъюби гурӯҳи 1-ум буда, вазни баданаш зиёд мебошад. Аробачаҳое ки ройгон дода мешаванд, тавони бардошти вазни ӯро надоранд.

“Соли 2001 бо 5-сомонӣ нафақа баромадам, давоми 19 сол ҳаҷми нафақаам ба 180 сомонӣ баробар шуд. Ваъда карданд, ки аз моҳи сентябр бояд андозаи нафақа 50 дарсад боло равад, вале то ҳол 180 сомонӣ мегирам. Аммо бояд 270 сомонӣ мегирифтам, ҳарчанд ин маблағ ҳам кам аст. Ҳатто панҷаҳои дастам кор намекунанд. Ниёз ба аробачаи электрикӣ дорам, ки арзишаш 22-24 ҳазор сомонӣ мебошад, аммо тавони харидории онро надорам”, – таъкид намуд вай.

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадади Тоҷикистон сохта шудааст.


Мижгона Ҳалимова


Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...