Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1-649 1-уми июли соли 2015 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, дар сомонаҳои расмии ширкатҳои мобилӣ нашр шуда буд, ки дар он гуфт мешуд, “пардохти муштарӣ барои истифодаи ҳар як рақам ба андозаи 80 дирам муқаррар карда мешавад. Хоҳишмандем ба инобат гиред, ки пардохти муштарипулии моҳона алоҳида барои ҳар як рақаме, ки Шумо аз он истифода мебаред, ситонида мешавад».
Наздики панҷ сол аст, ки чӣ дар суҳбатҳои алоҳида, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ аз маҷбурӣ гирифтани 80 дирам шикоят мекунанд. Яке мегӯяд, ки симкортро мехаранд, боз чаро барои истифодабарии он маблағ пардохт кунанд?
Дигаре ин Фармоиши
Хадамоти алоқаро “фармоиши ҳавоӣ” номида, менависад, ширкатҳои мобилӣ, ки дар
як сол аз пули мардум миллионҳо сомонӣ ба даст меоранд, бигзор маблағҳои
худашонро пӯшонанд: “ Чаро аз ман 80 дирам ба зӯрӣ гирифта мешаваду ман
сабабашро намедонам? Ҳатто бо ширкате, ки аз он истифода
мебарам тамос гирифтам, дар ин бора чизе гуфта наметавонанд. Кай аз мо ҳамчун
инсон мепурсанд пеш аз оне, ки тасмиме гирифта мешавад нисбати кисаи мо? Агар
фармоиши Хадамоти алоқа аст, пас чаро ин маблағро ман бояд супорам???? Бигзор
худи ширкатҳои мобилӣ, ки дар як сол аз пули мардум бо ҳар роҳ садҳо миллион
сомонӣ фоида мебинанд, дар чунин ҳолатҳо хароҷоти худашонро пӯшонанд”-навиштааст яке аз истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии
Фейсбук.
Чизи муҳиме, ки бештари муштариёни ширкатҳои мобилиро
нигарон кардааст, ин ҳам дар ҳолати пардохт накардани 80-дирам,
зангҳои воридотиву содиротӣ қатъ мегардад.
Хадамоти алоқаро зарур аст, ки сари зангҳои изтирорӣ фикр кунад, чунки вақте дар ҳолатҳои зарурӣ наметавонем ба касе занг занем, ҳадди ақал имкони қабули зангеро дошта бошем.
зангҳои воридотиву содиротӣ қатъ мегардад.
Хадамоти алоқаро зарур аст, ки сари зангҳои изтирорӣ фикр кунад, чунки вақте дар ҳолатҳои зарурӣ наметавонем ба касе занг занем, ҳадди ақал имкони қабули зангеро дошта бошем.
То ситонидани 80 дирам барои истифодабарии
рақам аз ҳисоби муштариён ин мушкилӣ набуд, давоми 5-сол аст, ки он муштариёне
ба чунин ҳолатҳо гирифтор мешаванд, маҷбуранд соатҳои 2 ё 3-и шаб ба кӯча баромада, терминалҳои
пулгузаронӣ кобанд. Агар он терминалҳои пулгузарон фаъол бошанд.
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии Ташаббуси
шаҳрвандии сиёсати интернет
мегӯяд, то қабули Фармони ситонидани 80-дирам аз истифодаи рақамҳои мобилӣ,
арзиши ин маблағ 5-дирамро ташкил медод. Аммо вақте Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
ин Фармонро қабул кард, ширкатҳои мобилӣ пардохти ин маблағро ба дӯши муштариён
партофтанд.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадӣ
Ибодуллоев, зикр кард, ки дар асл гуфта наметавонад, ки дар кадом кишварҳо аз
истифодаи рақам маблағ ситонида мешавад, вале ин ҳаққи иҷораи рақами телефон
мебошад ва то дараҷае дар дигар давлатҳо арзон аст, ки ширкатҳои мобилӣ худ ин
маблағро пардохт мекунанд: “Дар ин бора ман мисол надорам, вале ин ҳамчун
мавҷҳои дороии кишвар ба ҳисоб меравад”.
Ҳарчад мо хостем Фармони
зеринро бо дигар кишварҳо муқоиса кунем, вале дар интернет чизе дар ин бора
пайдо карда натавонистем. Аз ин рӯ мо назари чанде аз хабарнигорони кишварҳои
Осиёи Марказиро доир ба ин мушкилӣ манзуратон мегардонем:
Айжан Аселбекова, хабарнигори Қазоқистон дар ин бора гуфт соли 2018 шумораи муштариёни ширкатҳои
мобилӣ дар ин кишвар 26,6 миллионро ташкил медод, дар соли ҷорӣ бошад ин рӯйхат
тартиб дода нашудааст: “Масалан худи ман вобаста ба тарофаҳо маблағи муайяне
пардохт мекунам, аммо барои истифодаи рақам дар мо чунин нест, чунки мо як
маротиб аллакай барои симкорт ҳангоми харидан маблағ пардохт карда будем, боз
барои чӣ маблағ пардохт кунем?”.
Асел Каирбекова, хабарнигори дигар аз Қирғизистон мегӯяд, “Ҳар моҳ, мо маблағи абонентии интернети худро
месупорем, вале барои истифодаи рақами мобилӣ чизе пардохт намекунем”.
Надежда Нам, хабарнигори Ӯзбекистон дар суҳбат иброз дошт, ки ҳар моҳ барои телефонҳои
шаҳрӣ як маблағи муайян онҳо месупорем: “Вале барои телефонҳои мобилӣ бошад, ин
вобастагӣ дорад ба ГБ интернет, смс ва дақиқаҳое, ки аз ин ё он ширкат харидорӣ
мекунем. Барои истифодаи рақам мо маблағ намесупорем”.
Ахиран, Абдумаҷид Муъминзод,
раиси Хадамоти зиддиинҳисории кишвар зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки бо талаби
сабабҳои ситонидани 80 дирам аз муштариҳо, онҳо ба ширкатҳои мобилӣ ва Хадмоти
алоқа мактуб фиристодаанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий