вторник, 11 февраля 2020 г.

Мансабдорони тоҷик ба туҳфа ниёз доранд?

Давоми соли 2019 аз ҷониби мансабдорон 32 ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаҷӯӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2018-8 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора Султонзода, Сулаймон Саид, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни нишати хабарӣ иброз дошт.

Қонунгузории кишвар дар бораи туҳфа махсусиятҳои худро дорад. Аммо аз рӯи бардоштҳои мардум нисбати мансабдорон баҳои дигар додан мумкин. Чун одамон онҳоро қишри дорову сарватманд меҳисобанд. Тибқи назарсанҷии мо дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мардум чунин баҳогузорӣ карданд:   


"Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад".

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”     Моддаи 10

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як мансабдори давлатӣ хабар доданд, ки дар рӯзи зодрӯзаш аз кормандони худ соати тило ва телефони мобилии “Айфон” талаб кардааст: “Кормандони ин ниҳод ба мо муроҷиат карданд ва ин ҳолат тасдиқи худро ёфт”-гуфт як корманди ин ниҳод бидуни ибрози ном.

Ба гуфтаи манбаи мо дар аксар ҳолат пас аз шикояти кормандони ин ё он ниҳод, дубора аризаи худро бозмегиранд.

Пас суоле ба миён меояд, ки як корманди давлатӣ чӣ туҳфа гирифта метавонад, ки бар зидди қонун амал накунад?



Дар ҳамин ҳол масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар мегӯянд, аз нигоҳи дин ҳар нафаре, ки ба шахси мансабдор тӯҳфае медиҳад, ҳатман ки ҳадафе дорад ва дар чунин ҳолат ин тӯҳфа набуда, ришва ҳисоб мешавад.

Муслиҳиддин Хоҷамирзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар аз оятҳои Қуръонӣ далел оварда, мегӯяд, ин амал ҳаром буда, зарарҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дорад. Яъне ваақте инсон аз роҳи ҳаром маблағе ба даст овард азму ирода ва саъю кушгиш карданро аз даст медиҳад. Фасоди молӣ дар ҷомеа ришвахорӣ буда, хилофи ахлоқи ҳамида ва қонунҳо мебошад.

Бино ба раддабандии созмони Трансперенси интернешнл ва ё Шафофияти байналмилал, ки индекси пазириши ришваро дар 180 кишвари дунё чен мекунад, Тоҷикистонро соли қаблӣ дар мақоми 163-юм қарор дод.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, балки дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. 
Танҳо дар ҳамдасти метавонем коррупсияро дар кишвар коҳиш диҳем!



вторник, 4 февраля 2020 г.

Қатъи суҳбатҳои муштариён барои 80 дирам ё Хадамоти зидди инҳисорӣ нав бедор шуд


Ҳарчанд аз Фармони баровардаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мавриди ситонидани 80 дирам аз ҳисоби муштариён чор сол сипарӣ гашта бошад ҳам, вале  аксари супорандагони ин маблағ намедонанд, ки барои чӣ ин пулро пардохт мекунанд.

Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1-649 1-уми июли соли 2015 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, дар сомонаҳои расмии ширкатҳои мобилӣ нашр шуда буд, ки дар он гуфт мешуд, “пардохти муштарӣ барои истифодаи ҳар як рақам ба андозаи 80 дирам муқаррар карда мешавад. Хоҳишмандем ба инобат гиред, ки пардохти муштарипулии моҳона алоҳида барои ҳар як рақаме, ки Шумо аз он истифода мебаред, ситонида мешавад».

Наздики панҷ сол аст, ки чӣ дар суҳбатҳои алоҳида, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ аз маҷбурӣ гирифтани 80 дирам шикоят мекунанд. Яке мегӯяд, ки симкортро мехаранд, боз чаро барои истифодабарии он маблағ пардохт кунанд?

Дигаре ин Фармоиши Хадамоти алоқаро “фармоиши ҳавоӣ” номида, менависад, ширкатҳои мобилӣ, ки дар як сол аз пули мардум миллионҳо сомонӣ ба даст меоранд, бигзор маблағҳои худашонро пӯшонанд: “ Чаро аз ман 80 дирам ба зӯрӣ гирифта мешаваду ман сабабашро намедонам? Ҳатто бо ширкате, ки аз он истифода мебарам тамос гирифтам, дар ин бора чизе гуфта наметавонанд. Кай аз мо ҳамчун инсон мепурсанд пеш аз оне, ки тасмиме гирифта мешавад нисбати кисаи мо? Агар фармоиши Хадамоти алоқа аст, пас чаро ин маблағро ман бояд супорам???? Бигзор худи ширкатҳои мобилӣ, ки дар як сол аз пули мардум бо ҳар роҳ садҳо миллион сомонӣ фоида мебинанд, дар чунин ҳолатҳо хароҷоти худашонро пӯшонанд”-навиштааст яке аз истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Чизи муҳиме, ки бештари муштариёни ширкатҳои мобилиро нигарон кардааст, ин ҳам дар ҳолати пардохт накардани 80-дирам, 
зангҳои воридотиву содиротӣ қатъ мегардад. 
  
Хадамоти алоқаро зарур аст, ки сари зангҳои изтирорӣ фикр кунад, чунки вақте дар ҳолатҳои зарурӣ наметавонем ба касе занг занем, ҳадди ақал имкони қабули зангеро дошта бошем.

То ситонидани 80 дирам барои истифодабарии рақам аз ҳисоби муштариён ин мушкилӣ набуд, давоми 5-сол аст, ки он муштариёне ба чунин ҳолатҳо гирифтор мешаванд, маҷбуранд соатҳои  2 ё 3-и шаб ба кӯча баромада, терминалҳои пулгузаронӣ кобанд. Агар он терминалҳои пулгузарон фаъол бошанд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет мегӯяд, то қабули Фармони ситонидани 80-дирам аз истифодаи рақамҳои мобилӣ, арзиши ин маблағ 5-дирамро ташкил медод. Аммо вақте Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин Фармонро қабул кард, ширкатҳои мобилӣ пардохти ин маблағро ба дӯши муштариён партофтанд. 

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадӣ Ибодуллоев, зикр кард, ки дар асл гуфта наметавонад, ки дар кадом кишварҳо аз истифодаи рақам маблағ ситонида мешавад, вале ин ҳаққи иҷораи рақами телефон мебошад ва то дараҷае дар дигар давлатҳо арзон аст, ки ширкатҳои мобилӣ худ ин маблағро пардохт мекунанд: “Дар ин бора ман мисол надорам, вале ин ҳамчун мавҷҳои дороии кишвар ба ҳисоб меравад”.


Ҳарчад мо хостем Фармони зеринро бо дигар кишварҳо муқоиса кунем, вале дар интернет чизе дар ин бора пайдо карда натавонистем. Аз ин рӯ мо назари чанде аз хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказиро доир ба ин мушкилӣ манзуратон мегардонем:

Айжан Аселбекова, хабарнигори Қазоқистон дар ин бора гуфт соли 2018 шумораи муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар ин кишвар 26,6 миллионро ташкил медод, дар соли ҷорӣ бошад ин рӯйхат тартиб дода нашудааст: “Масалан худи ман вобаста ба тарофаҳо маблағи муайяне пардохт мекунам, аммо барои истифодаи рақам дар мо чунин нест, чунки мо як маротиб аллакай барои симкорт ҳангоми харидан маблағ пардохт карда будем, боз барои чӣ  маблағ пардохт кунем?”.

Асел Каирбекова, хабарнигори дигар аз Қирғизистон мегӯяд, “Ҳар моҳ, мо маблағи абонентии интернети худро месупорем, вале барои истифодаи рақами мобилӣ чизе пардохт намекунем”.

Надежда Нам, хабарнигори Ӯзбекистон дар суҳбат иброз дошт, ки ҳар моҳ барои телефонҳои шаҳрӣ як маблағи муайян онҳо месупорем: “Вале барои телефонҳои мобилӣ бошад, ин вобастагӣ дорад ба ГБ интернет, смс ва дақиқаҳое, ки аз ин ё он ширкат харидорӣ мекунем. Барои истифодаи рақам мо маблағ намесупорем”.

Ахиран, Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории кишвар зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки бо талаби сабабҳои ситонидани 80 дирам аз муштариҳо, онҳо ба ширкатҳои мобилӣ ва Хадмоти алоқа мактуб фиристодаанд. 



Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...