воскресенье, 14 июня 2020 г.

Тамоку душмани ҳар яки мост



Фирӯз Шоев, сокини 37 солаи шаҳри Ваҳдат яке аз онҳое мебошад, ки аз 20-солагӣ майл ба сигоркашӣ пайдо кардааст. Фирӯз мегӯяд, сигоркашӣ ба саломатиаш таъсири манфӣ расонидааст:
“Агар ба ягон ошёнаи баланд бароям, нафастанг мешавам, феълан ба бемории дил низ гирифтор шудаам. Вақте бо дӯстонам мешинем, онҳо низ шикоят мекунанд, ки пас аз 45-солагӣ ба бемориҳои махсуси мардӣ гирифтор шудаанд”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо бисёр ё кам кашидани сигор аз таркиби он вобастагӣ дорад. Агар сигор дар таркибаш никотини паст дошта бошад дар як рӯз як қуттӣ сигор истифода мекунанд, агар баланд бошад, ду қуттӣ:
“Агар шахс зиёд нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол кунад, ин метавонад ба сигоркашии зиёд оварда расонад. Мабодо рӯзе сигор накашам, фикр мекунам, ки чизеро гум кардаам ва фикрам парешон мешавад”-мегӯяд ӯ.
Чаро шахс майл ба сигор мекунад? 
Пайдоиши одати сигоркашӣ ба он вобаста аст, ки никотини он системаи марказии асабро кайфияти хуш бахшида, организм ба никотин одат мекунад.

Никотин, дуди сигор ва таъсири он


Аксари сигоркашон гирифтори газаки доимии роҳи нафас буда, сулфаи доимӣ доранд, зеро ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор гаштаанд. Хусусияти муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст гашта, дар натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад.


Агар шумо тарки сигор кунед, дар давоми 5-сол саломатиатон беҳтар хоҳад гашт, инфографикаи зеринро бубинед:



Бори аввал Қонун "Дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку" соли 2010-ум қабул гашта буд, ки он замон қисме аз ҳуқуқҳои тамокукашҳоро дар бар мегирифт. 
Баъдан аз 1-уми январи соли 2018 Қонун дар бораи “Кам гардонидани истеъмоли маҳсулотҳои тамокукашӣ” ба ҳукми қонунӣ даромад.

Моҳи январи соли ҷорӣ Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонун "Дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку", кашидани сигор, чилим, нос ва калёнро дар тарабхона, қаҳвахона ва ошхона манъ намуд. Бар асоси қонуни зерин ҳар фарде хоҳиши сигоркашӣ дорад, бояд аз бино берун баромада, дар ҷойҳои махсус сигорро истифода барад. 

пятница, 12 июня 2020 г.

Бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ

Ба тозагӣ риоя кунед,
Мулоқот ва сафарҳои худро феълан ба таъхир гузоред....


                              

Манбаъ: Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ


пятница, 8 мая 2020 г.

Ҳамагӣ 176 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаётанд



Дар як соли ахир шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 242 ба 176 нафар расидааст. Рӯз то рӯз сафи ин қаҳрамонҳои Ватан кам шуда, мебояд дар бораи онҳо соатҳо гуфт. Зеро иштирокчиёни ҷанги мазкур намунаи баланди корнамоиву ҷасоратро нишон дода, барои миллат зери тиру туфанг ҷонфидоӣ кардаанд. Мо-хабарнигоронро зарур аст дар бораи 176 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар оила ё ноҳияаамон зиндагӣ мекунанд, ба нишони қадрдонӣ дар алоҳидагӣ нависем. Чунки шумораи ин нафарон ниҳоят кам мондаанду мебояд аз қаҳрамониҳояшон ёддовар шавем.

Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 112-сол дошта, ҷавонтарини онҳо 93-сол дорад.





Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо” аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъият ва давлат шароити зарурӣ муҳайё гардад.
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз инҳо иборатанд:
-танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо ветеранҳо мебошанд;
-ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ветеранҳо;
-дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати ветеранҳо;
-тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.
Ҳамчунин бар асоси моддаи 6-и Қонуни мазкур «кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммуналӣ» — обтаъминкунӣ, обпартоӣ, кашонда бурдани партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, таъминот бо газ, таъминот бо гармӣ ва қувваи барқ — дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасониҳои коммуналӣ;
-«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алоқа» — пардох¬ти пули телефон, радио, ҳаққи истифодабарии антеннаи коллективӣ — дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасонии алоқа;
-«кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ — кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи масоҳати умумии манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ — дар ҳудуди меъёрҳои иҷтимоӣ.
Илова бар ин Моддаи 9-и Қонуни зерин, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбати ветеранҳо Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва шароити хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи ветеранҳо ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, метавонанд дар бораи аз ҳисоби захираҳои худӣ дидани чораҳои иловагӣ нисбати ҳимояи иҷтимоии ветеранҳо, ки дар ин Қонун пешбинӣ нашудаанд, қарор қабул намоянд.
Соли равон аз анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ 75-сол гузашт. Масъулини Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон мегӯянд, бо сабаби пиронсолӣ шумораи иштирокчиёни ҶБВ кам шуда истодааст.

Паҳншавии вирусро боздоред!


Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...