Фирӯз Шоев, сокини 37 солаи шаҳри Ваҳдат
яке аз онҳое мебошад, ки аз 20-солагӣ майл ба сигоркашӣ пайдо кардааст. Фирӯз мегӯяд,
сигоркашӣ ба саломатиаш таъсири манфӣ расонидааст:
“Агар ба ягон ошёнаи баланд бароям, нафастанг мешавам, феълан ба бемории дил низ гирифтор шудаам. Вақте бо дӯстонам мешинем, онҳо низ шикоят мекунанд, ки пас аз 45-солагӣ ба бемориҳои махсуси мардӣ гирифтор шудаанд”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо бисёр ё кам кашидани сигор аз
таркиби он вобастагӣ дорад. Агар сигор дар таркибаш никотини паст дошта бошад дар
як рӯз як қуттӣ сигор истифода мекунанд, агар баланд бошад, ду қуттӣ:
“Агар шахс зиёд нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол кунад, ин метавонад ба сигоркашии зиёд оварда расонад. Мабодо рӯзе сигор накашам, фикр мекунам, ки чизеро гум кардаам ва фикрам парешон мешавад”-мегӯяд ӯ.
Чаро шахс майл ба сигор мекунад?
Пайдоиши одати сигоркашӣ ба он вобаста аст, ки никотини он
системаи марказии асабро кайфияти хуш бахшида, организм ба никотин одат мекунад.
Никотин, дуди сигор ва таъсири он
Аксари сигоркашон гирифтори газаки доимии роҳи нафас буда, сулфаи доимӣ
доранд, зеро ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор гаштаанд.
Хусусияти муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст гашта, дар
натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти
кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад.
Агар шумо тарки сигор кунед, дар давоми 5-сол саломатиатон беҳтар хоҳад
гашт, инфографикаи зеринро бубинед:
Бори аввал Қонун "Дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку" соли 2010-ум қабул гашта буд, ки он замон қисме аз ҳуқуқҳои тамокукашҳоро дар бар мегирифт.
Баъдан аз 1-уми январи соли 2018 Қонун дар
бораи “Кам гардонидани истеъмоли маҳсулотҳои тамокукашӣ” ба ҳукми қонунӣ даромад.
Моҳи январи
соли ҷорӣ Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонун "Дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку",
кашидани сигор, чилим, нос ва калёнро дар тарабхона, қаҳвахона ва ошхона манъ намуд. Бар асоси қонуни зерин ҳар фарде хоҳиши сигоркашӣ дорад, бояд аз бино берун баромада, дар ҷойҳои махсус сигорро истифода барад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий