Донистани Исломи воқеӣ ва мавъизаи хатибон сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро аз пайвастан ба ДИИШ эмин дошт.
Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара мегӯянд, маҳз хуб донистани дини Ислом ва кофӣ будани дониши дунявӣ буд, ки тавонист пеши роҳи сокинони ин ҷамоатҳоро аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ кунад.
Дар шаҳри Исфара 12 ҷамоат: Ворух, Кӯлканд, Лаккон, Навгилем, Нефтобод, Нурафшон, Сурх, Хонаобод, Чилгазӣ, Чоркӯҳ, Шаҳрак ва Шӯроб аст, ки аксари сокинони ин ҷамоатҳо мазҳабӣ мебошанд.
Дар як сафаре, ки мо аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх дидан кардем, намояндаҳои ҷамоатҳои мазкур зикр карданд, ки маҳз аз ҳамин ду ҷамоат ягон нафар ба давлатҳои Ироқу Сурия нарафтаанд.
Нодира Авезова, як масъули ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гуфт, “Дуруст аст, ки мушкилии бекорӣ, норасоии кадр миёни занон, нагирифтани квотаҳои президентӣ, монеъи таҳсили духтарон ва зиёд будани муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҷамоати мо ҳаст. Вале ҳолатҳои сафари сокинон ба Сурияву Ироқ дар ҷамоати мо ба қайд гирифта нашудааст”.
Ба гуфтаи ӯ он нафароне, ки ифротӣ мешаванд, асли шариати Исломро намедонанд, “онҳо ҳатто китобу намоз хонда наметавонанд, ба мафкураи дигар одамҳо дода шудаанд. Бештари онҳо мегӯянд, ки аз нофаҳмӣ ин корро кардаанд. Ҳатто як вақте буд, ки занон тамоман ба кӯча намебаромаданд, мо танҳо 4-5 нафар зан кор мекардему халос. Ҳоло ин чизҳо кам ҳаст. Онҳое, ки ифротӣ шудаанд, агар аз Ислом ягон суол диҳем, намедонанд. Ҳарчанд нафароне, ки мафкураи мардумро дигар мекарданд, боздошт шуданд, вале насли онҳо пинҳон корҳои худро давом медиҳанд”.
Муаззам Назирова, раиси занони ҷамоати деҳоти Сурх дар суҳбат ба мо гуфт, онҳое, ки ифротӣ мешаванд, сабабаш бесаводӣ, камбизоатӣ ё оилавайронӣ мебошад: “Дар натиҷаи ин мушкилиҳо шахс рӯҳафтода мешавад, аз ин нафарони дигар истифода карда, онҳоро роҳгумзада карда, маблағ дода, фирефтаи худ мекунанд. Хушбахтона аз ҷамоати Сурх ягон нафар ба давлатҳои Ироқу Сурия нарафтааст. Нарафтааст гуфта, мо бепарво нагашта, корҳои тарғиботии оиди пешгирӣ аз пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бурда истодаем. Ман сад фисад гуфта метавонам, ки ягон нафар аз Ҷамоати деҳоти Сурх ба Сурия ё Ироқ нарафтааст”.
Чанде қабл, Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, 1899 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 111 нафар аз шаҳри Исфара ба сафи созмони террористии ДОИШ пайвастаанд.
http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/peshgirii-albi-avonon-ba-tashkiloti-terrorist-vazifai-omeai-sha-rvand-niz-ast/?fbclid=IwAR3vi2JzskBfm99WqpycWFQfJsOIa5ZPgJZGruPvfaUkgIc4NaPHF0xINB4
Зиёваддинзода, Суруриддин, раиси дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, аз 111 нафаре, ки ба Сурияву Ироқ сафар кардаанд, 70 фисадаш аз Ҷамаоти деҳоти Шаҳрак ва 30 фисади боқимонда аз Ҷамоати деҳоти Навгилему Нефтобод мебошанд: “Аз Чоркӯҳ ва Сурх аник касе нарафтаанд. Яке аз сабабҳои сафари сокинони ин ҷамоатҳо ба ДОИШ ин дар нодуруст донистани Ислом ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад”.
Илова бар ин зимни суҳбат Мансурҷон Умаров дар парлумон зикр карда буд, ки “Коршиносон бар он ақидаанд, ки омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб, раванди умумии баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои диниву мазҳабӣ, инчунин, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингаройӣ моил месозанд”.
Агар масъала сари мазҳабӣ будани сокинон бошад, читавре дар боло зикр кардем, тибқи мушоҳидаҳои мо аксари сокинони ҷамоатҳои шаҳри Исфара мазҳабӣ ҳастанд. Пас чаро сокинон Чоркӯҳу Сурх, ки мазҳабӣ ҳастанд, ба Сурияву Ироқ накардаанду маҳз сокинони якчанд ҷамоатҳо сафар карданд?
Инобат Каримова, собиқ раиси занони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гуфт, “Дар ҷамоати мо Исломро хуб мефаҳманд, зеро тибқи Ислом одамкӯшӣ ё худкӯшӣ гуноҳ мебошад. Ҳатто дар ҷамоати мо ҳолатҳои худкушӣ ё як нафари дигарро куштан нест. Сархатиб ва имохатибон Исломи воқеиро ба мардум мефаҳмонанд”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар ҷамоати Чоркӯҳ занон ба кишоварзӣ машғул мешаванд ва яке аз сабабҳои гаравидан ба гурӯҳҳои ифротию террористиро ӯ маҳз дар бекорӣ мебинад.
Дар ҳамин ҳол Орифҷон Ҳабибуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи Чоркӯҳ дар суҳбат бо мо гуфт, дар ҷамоати мазкур 3 масҷиди калон ва 22 масҷиди панҷвақта мебошад, ки дар рӯзҳои ҷумъа наздики шаш ҳазор намозгузор ҷамъ мешаванд: “Дар рӯзҳои ҷумъа мо дар бораи ватандӯстиву аҳамият ва нишонаи имондорӣ ва пешгирӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ суҳбат мекунем. Дар масҷидҳои панҷвақта бошад, дар ҳар намоз як ҳадис гуфта, мавъиза мегузаронем. Мо ба намозгузорон мефаҳмонем, ки дини Ислом пок аст”.
Домулло Ҳабибуллоев сабабҳои сафари ҷавонон ба ДИИШ-ро дар муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх муҳоҷирати меҳнатӣ дар онҳо низ зиёд аст, пас чаро муҳоҷирони ин ҷамоатҳо ба фиреби ифротиён дода нашудаанд?
Ба ин суол домулло гуф, “Масалан дар ҷамоати мо вақте сокинон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, онҳоро хешу таборҳояшон назорат карда меистанд. Ҳамчунин агар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ҳам бо наздикони худ кор мекунанд, на ин ки бо бегонагон. Сабаби дигари сафар ба ДИИШ ин беназоратии падару модарон нисбати фарзадони худ мебошад”.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки бештари онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, сабабаш ба хотири як маблағе мебошад, ки ба онҳо ваъда мекунанд.
Ҳатто Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар парлумон зимни суҳбат, иброз дошт, ки
75 фоизи шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ афтодаанд.
Ҷаъфар яке аз истиқоматкунандагони ин минтақа мегӯяд, чаро аз тақвову имондории мо чанд давлати дигар бояд истифода кунанд? “Мо бояд эҳтиёт кунем, ки дигарон аз мо суистифода накунанд. Чаро дигар давлатҳои дорои иқтисодиёти хуб, ки хеле пеш рафтанд, сабаби тахрибкории дигарон шудаанд? Бубинед дар ҳоли ҳозир ДОИШ шикаст хурд. ДОИШ замоне эҳтиёҷ ба аскар дошт, ки он вақт иқтисодиёти Русия суст шуда буд ва муҳоҷиронро бо фиреби маблағ ба худ ҷалб мекард. Ҳоло бошад иқтисодияёти Русия беҳтар шудаасту мардум метавонанд дар Русия ризқи худро пайдо кунанд”.

Комментариев нет:
Отправить комментарий