пятница, 26 июля 2019 г.

Мансабдорони тоҷик ба туҳфа ниёз доранд?


Қонунгузории кишвар дар бораи туҳфа махсусиятҳои худро дорад. Аммо аз рӯи бардоштҳои мардум нисбати мансабдорон баҳои дигар додан мумкин. Чун одамон онҳоро қишри дорову сарватманд меҳисобанд. Тибқи назарсанҷии мо дар шабакаи иҷтимоии  “Фейсбук” мардум чунин баҳогузорӣ карданд:   



"Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад".

             Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”
          Моддаи 10


Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як мансабдори давлатӣ хабар доданд, ки дар рӯзи зодрӯзаш аз кормандони худ соати тило ва телефони мобилии “Айфон” талаб кардааст: “Кормандони ин ниҳод ба мо муроҷиат карданд ва ин ҳолат тасдиқи худро ёфт”-гуфт як корманди ин ниҳод бидуни ибрози ном.
Ба гуфтаи манбаи мо дар аксар ҳолат пас аз шикояти кормандони ин ё он ниҳод, дубора аризаи худро бозмегиранд.

Пас суоле ба миён меояд, ки як корманди давлатӣ чӣ туҳфа гирифта метавонад, ки бар зидди қонун амал накунад?




Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар мегӯянд, аз нигоҳи дин ҳар нафаре, ки ба шахси мансабдор тӯҳфае медиҳад, ҳатман ки ҳадафе дорад ва дар чунин ҳолат ин тӯҳфа набуда, ришва ҳисоб мешавад.

Ҳамчунин Муслиҳиддин Хоҷамирзода аз оятҳои Қуръонӣ далел оварда, гуфт, ки ин амал ҳаром буда, зарарҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дорад. Яъне ваақте инсон аз роҳи ҳаром маблағе ба даст овард азму ирода ва саъю кушгиш карданро аз даст медиҳад. Фасоди молӣ дар ҷомеа ришвахорӣ буда, хилофи ахлоқи ҳамида ва қонунҳо мебошад.

Бино ба раддабандии созмони Трансперенси интернешнл ва ё Шафофияти байналмилал, ки индекси пазириши ришваро дар 180 кишвари дунё чен мекунад, Тоҷикистон дар мақоми 163-юм қарор дорад

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, балки дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. 

Танҳо дар ҳамдасти метавонем коррупсияро дар кишвар коҳиш диҳем!

четверг, 11 июля 2019 г.

Чаро сокинони баъзе аз ҷамоатҳои Исфара ифротӣ шуданду баъзе дигар не?

Донистани Исломи воқеӣ ва мавъизаи хатибон сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро аз пайвастан ба ДИИШ эмин дошт.

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара мегӯянд, маҳз хуб донистани дини Ислом ва кофӣ будани дониши дунявӣ буд, ки тавонист пеши роҳи сокинони ин ҷамоатҳоро аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ кунад.

Дар шаҳри Исфара 12 ҷамоат: Ворух, Кӯлканд, Лаккон, Навгилем, Нефтобод, Нурафшон, Сурх, Хонаобод, Чилгазӣ, Чоркӯҳ, Шаҳрак ва Шӯроб аст, ки аксари сокинони ин ҷамоатҳо мазҳабӣ мебошанд.


Дар як сафаре, ки мо аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх дидан кардем, намояндаҳои ҷамоатҳои мазкур зикр карданд, ки маҳз аз ҳамин ду ҷамоат ягон нафар ба давлатҳои Ироқу Сурия нарафтаанд.

Нодира Авезова, як масъули ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гуфт, “Дуруст аст, ки мушкилии бекорӣ, норасоии кадр миёни занон, нагирифтани квотаҳои президентӣ, монеъи таҳсили духтарон ва зиёд будани муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҷамоати мо ҳаст. Вале ҳолатҳои сафари сокинон ба Сурияву Ироқ дар ҷамоати мо ба қайд гирифта нашудааст”.

Ба гуфтаи ӯ он нафароне, ки ифротӣ мешаванд, асли шариати Исломро намедонанд, “онҳо ҳатто китобу намоз хонда наметавонанд, ба мафкураи дигар одамҳо дода шудаанд. Бештари онҳо мегӯянд, ки аз нофаҳмӣ ин корро кардаанд. Ҳатто як вақте буд, ки занон тамоман ба кӯча намебаромаданд, мо танҳо 4-5 нафар зан кор мекардему халос. Ҳоло ин чизҳо кам ҳаст. Онҳое, ки ифротӣ шудаанд, агар аз Ислом ягон суол диҳем, намедонанд. Ҳарчанд нафароне, ки мафкураи мардумро дигар мекарданд, боздошт шуданд, вале насли онҳо пинҳон корҳои худро давом медиҳанд”.

Муаззам Назирова, раиси занони ҷамоати деҳоти Сурх дар суҳбат ба мо гуфт, онҳое, ки ифротӣ мешаванд, сабабаш бесаводӣ, камбизоатӣ ё оилавайронӣ мебошад: “Дар натиҷаи ин мушкилиҳо шахс рӯҳафтода мешавад, аз ин нафарони дигар истифода карда, онҳоро роҳгумзада карда, маблағ дода, фирефтаи худ мекунанд. Хушбахтона аз ҷамоати Сурх ягон нафар ба давлатҳои Ироқу Сурия нарафтааст. Нарафтааст гуфта, мо бепарво нагашта, корҳои тарғиботии оиди пешгирӣ аз пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бурда истодаем. Ман сад фисад гуфта метавонам, ки ягон нафар аз Ҷамоати деҳоти Сурх ба Сурия ё Ироқ нарафтааст”.

Чанде қабл, Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, 1899 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 111 нафар аз шаҳри Исфара ба сафи созмони террористии ДОИШ пайвастаанд.

http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/peshgirii-albi-avonon-ba-tashkiloti-terrorist-vazifai-omeai-sha-rvand-niz-ast/?fbclid=IwAR3vi2JzskBfm99WqpycWFQfJsOIa5ZPgJZGruPvfaUkgIc4NaPHF0xINB4

Зиёваддинзода, Суруриддин, раиси дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, аз 111 нафаре, ки ба Сурияву Ироқ сафар кардаанд, 70 фисадаш аз Ҷамаоти деҳоти Шаҳрак ва 30 фисади боқимонда аз Ҷамоати деҳоти Навгилему Нефтобод мебошанд: “Аз Чоркӯҳ ва Сурх аник касе нарафтаанд. Яке аз сабабҳои сафари сокинони ин ҷамоатҳо ба ДОИШ ин дар нодуруст донистани Ислом ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад”.

Илова бар ин зимни суҳбат Мансурҷон Умаров дар парлумон зикр карда буд, ки “Коршиносон бар он ақидаанд, ки омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб, раванди умумии баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои диниву мазҳабӣ, инчунин, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингаройӣ моил месозанд”.

Агар масъала сари мазҳабӣ будани сокинон бошад, читавре дар боло зикр кардем, тибқи мушоҳидаҳои мо аксари сокинони ҷамоатҳои шаҳри Исфара мазҳабӣ ҳастанд. Пас чаро сокинон Чоркӯҳу Сурх, ки мазҳабӣ ҳастанд, ба Сурияву Ироқ накардаанду маҳз сокинони якчанд ҷамоатҳо сафар карданд?

Инобат Каримова, собиқ раиси занони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гуфт, “Дар ҷамоати мо Исломро хуб мефаҳманд, зеро тибқи Ислом одамкӯшӣ ё худкӯшӣ гуноҳ мебошад. Ҳатто дар ҷамоати мо ҳолатҳои худкушӣ ё як нафари дигарро куштан нест. Сархатиб ва имохатибон Исломи воқеиро ба мардум мефаҳмонанд”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар ҷамоати Чоркӯҳ занон ба кишоварзӣ машғул мешаванд ва яке аз сабабҳои гаравидан ба гурӯҳҳои ифротию террористиро ӯ маҳз дар бекорӣ мебинад.
Дар ҳамин ҳол Орифҷон Ҳабибуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи Чоркӯҳ дар суҳбат бо мо гуфт, дар ҷамоати мазкур 3 масҷиди калон ва 22 масҷиди панҷвақта мебошад, ки дар рӯзҳои ҷумъа наздики шаш ҳазор намозгузор ҷамъ мешаванд: “Дар рӯзҳои ҷумъа мо дар бораи ватандӯстиву аҳамият ва нишонаи имондорӣ ва пешгирӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ суҳбат мекунем. Дар масҷидҳои панҷвақта бошад, дар ҳар намоз як ҳадис гуфта, мавъиза мегузаронем. Мо ба намозгузорон мефаҳмонем, ки дини Ислом пок аст”.

Домулло Ҳабибуллоев сабабҳои сафари ҷавонон ба ДИИШ-ро дар муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх муҳоҷирати меҳнатӣ дар онҳо низ зиёд аст, пас чаро муҳоҷирони ин ҷамоатҳо ба фиреби ифротиён дода нашудаанд?
Ба ин суол домулло гуф, “Масалан дар ҷамоати мо вақте сокинон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, онҳоро хешу таборҳояшон назорат карда меистанд. Ҳамчунин агар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ҳам бо наздикони худ кор мекунанд, на ин ки бо бегонагон. Сабаби дигари сафар ба ДИИШ ин беназоратии падару модарон нисбати фарзадони худ мебошад”.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки бештари онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, сабабаш ба хотири як маблағе мебошад, ки ба онҳо ваъда мекунанд.

Ҳатто Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар парлумон зимни суҳбат, иброз дошт, ки
75 фоизи шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ афтодаанд.

Ҷаъфар яке аз истиқоматкунандагони ин минтақа мегӯяд, чаро аз тақвову имондории мо чанд давлати дигар бояд истифода кунанд? “Мо бояд эҳтиёт кунем, ки дигарон аз мо суистифода накунанд. Чаро дигар давлатҳои дорои иқтисодиёти хуб, ки хеле пеш рафтанд, сабаби тахрибкории дигарон шудаанд? Бубинед дар ҳоли ҳозир ДОИШ шикаст хурд. ДОИШ замоне эҳтиёҷ ба аскар дошт, ки он вақт иқтисодиёти Русия суст шуда буд ва муҳоҷиронро бо фиреби маблағ ба худ ҷалб мекард. Ҳоло бошад иқтисодияёти Русия беҳтар шудаасту мардум метавонанд дар Русия ризқи худро пайдо кунанд”.

«Выехавших в Ирак и Сирию у нас нет». Как села Таджикистана противодействуют экстремизму

В середине февраля глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин сообщил, что страна начала работу по возвращению своих граждан из Сирии и Ирака. За последние годы туда выехали почти две тысячи человек. Однако ситуация по стране неравномерная: в некоторых районах к рядам экстремистов примыкают большое число людей, а в некоторых – нет ни одного выехавшего. 

В городе Исфаре на севере Таджикистана насчитывается 12 джамоатов: Ворух, Кулканд, Лаккон, Навгилем, Нефтобод, Нурафшон, Сурх, Хонаобод, Чилгази, Чоркух, Шахрак и Шураб. Большинство местных жителей – религиозные люди.
Осенью прошлого года Мансурджон Умаров, замглавы ГКНБ Таджикистана сообщил в парламенте, что за последние годы 1899 таджикистанцев выехали на войну в Ирак и Сирию. В том числе 111 жителей Исфары. 
По данным Суруриддина Зиёваддинзода, главы аппарата Хукумата города Исфара, 70% исфаринцев, примкнувших к боевикам ИГ (террористическая и экстремистская организация, запрещенная в РТ — прим. авт.), являются жителями сельского джамоата Шахрак, а 30% – жители Навгилема и Нефтеобода.


Причинами такой статистики некоторые называют недостаток как религиозного, так и светского образования. По словам Нодиры Авезовой, одной из руководителей джамоата поселка Чоркух, экстремистами становятся те, кто не знают ислам и шариат: 

– Они [выехавшие в Ирак и Сирию] даже книги и намаз прочитать не могут, поэтому попали под влияние других людей. Большинство из них говорит, что совершили эти поступки из-за непонимания. Было даже время, когда женщины вообще не показывались на улице, только мы 4-5 женщин выходили на работу. Сейчас такое поведение редкость. Те, кто стал экстремистом, не могут ответить на простой вопрос об исламе.



В джамоате Чоркух функционируют три больших и 22 пятидневных мечети. По словам имамхатиба Орифджона Хабибуллоева, во время пятничной молитвы там собираются около 6 тысяч верующих:
По пятницам, мы разговариваем о патриотизме, значении и признаках веры, и профилактике присоединения к экстремистам. В пятидневных мечетях во время каждого намаза (молитвы) мы рассказываем хадисы, проводим проповеди. Мы объясняем верующим, что ислам — это чистая религия.

По мнению Муаззам Назировой, главы комитета по делам женщин сельского джамоата Сурх, причинами экстремизма также являются бедность и неблагополучная жизнь семей. Большинство примкнувших к террористическим группам, сделали это в надежде на получение материальных средств, которые им пообещали:

– В результате этих проблем человек теряет веру и дух, другие же используют его состояние, дают ему деньги и обманом завлекают к себе. К счастью, я уверенно могу сказать, что из джамоата Сурх никто не выехал на войну в Ирак и Сирию. Тем не менее, мы не сидим сложа руки и проводим профилактические работы по предотвращению присоединения молодых людей к экстремистам.
Шоди Хафиззода, глава Управления по борьбе с организованной преступностью МВД РТ:
«75% примкнувших к ИГ (террористическая и экстремистская организация, запрещенная в РТ — прим. авт.) сделали это во время трудовой миграции».

Джафар, житель Исфары: 
– Мы должны быть осторожными, чтобы нас не использовали. Почему другие государства с сильной экономикой, стали причиной разрушения других? Посмотрите, сейчас ИГ (террористическая и экстремистская организация, запрещенная в РТ — прим. авт.) потерпело поражение. Когда экономика России переживала кризис, террористы могли привлекать мигрантов обманными обещаниями денег. Но сейчас ситуация в России улучшается, и люди могут заработать там на кусок хлеба.
Как считает имамхатиб Орифджон Хабибуллоев, мигранты из Чоркуха находятся под присмотром родственников, поскольку работают вместе со своими близкими, а это снижает риск радикализации. 

Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...