пятница, 2 ноября 2018 г.

АГАР САТҲИ КАМБИЗОАТИРО ВОҚЕӢ АРЗЁБӢ МЕКАРДАНД...


Дилрабо Амиршоева, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки шароти зиндагиаш хуб нест, мегӯяд ба имтиёзҳое, ки давлат барои камбизоатон муайян кардааст, начандон бовар дорад. Зеро тибқи мушоҳидаҳояш ҳамсоияи ӯ, ки серфарзанд буда, камбизоат аст ва ҳатто барои гирифтани камбизоатӣ муроҷиат кардааст, натавонист ҳаққашро гирад: “Ҳастанд оилаҳое, ки зиндагии хуб доранд, ин ҳақро доро ҳастанд, вале камбизоатон не”.

Масъулини соҳа бар инанд, ки ҳастанд оилаҳое аз гирифтани кӯмакпулиҳои маъюбӣ ё камбизоатӣ шарм дошта, худро дар қайд намемонанд.


Коршиносон ва мансабдорон на танҳо дар бораи сатҳи нодорӣ дар Тоҷикистон, балки масоили вобаста ба ҷубронпулии аз ҷониби давлат пешбинигардидаро низ зери суол бурда, баррасӣ мекунанд.


Ҳарчанд сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 фоиз то 30 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо мавзӯи нагирифтани кӯмакпулиҳо барои ин қишри

мардум ҳанӯз норавшанӣ ва мушкилот дар пай дорад.

Борҳо шудааст, ки дар дар расонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи ҷо доштани ҳолатҳои фасодкорӣ ҳангоми гирифтани кӯмакпулиҳои мардуми камбизоат, хоса аз ҷониби наздикони ашхоси мансабдор, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.


Аммо масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, низоми нави муқаррар намудани кӯмакпулиҳо масоили вобаста ба ҳолатҳои фасодкориро аз байн бурдааст. 

Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз дар мамлакат нафарони ниёзманде кам нестанд, ки намедонанд барои гирифтани ин имтиёзҳо, ки қонунгузорӣ барояшон муқаррар кардааст, ба куҷо ва чӣ тавр муроҷиат намоянд.

Зимнан, мо зарур донистем барои осонии кори ин гуна
одамони ниёзманд барояшон роҳнамое таҳия созем:

Масъулин тарзи дигари муайян кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистонро низ пешниҳод мекунанд. Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандон даромади умумии оилаи худ, аз ҷумла нафақа, маош, идрорпулиро дар аризаи худ навишта, ҳамаи инро ҳисоб мекунанд. Агар дар маблағи умумӣ ба сари ҳар як нафар 250-сомонӣ рост омад, ин оила камбизоат ҳисоб намешавад.

Масъалаи дигаре, ки ниёзмандон барои гирифтани кӯмакпулӣ аз он шикоят доранд, раванди омодасозии асноду ҳуҷҷатҳост, ки баъзан ба гуфтаи корафтодагон, маблағе, ки онҳо дар ин ҷараён сарф мекунанд, аз ҳаҷми кӯмакпулӣ ҳам бештар мешавад.

Аммо Қудратулло Қурбонов мегӯяд, маҳз ба хотири осон намудани ин раванд соли 2011 қарори 437 қабул гардид. Бар асоси ин қарор аз 68 шаҳру навоҳии кишвар 40-тои он ҳамчун шаҳру навоҳии таҷрибавӣ ҳисоб гашта, бо пур кардани бланкаҳо кори худро анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи Қурбонов, ташхиси оилаҳои камбизоат ройгон буда, дар ҳолати маблағ талаб кардан аз ҷониби табиб, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ин оилаҳо метавонанд доруҳоро низ ройгон гиранд.

Ба гуфтаи масъулин ба ғайр аз ҷубронпулиҳои ёдшуда, ҳамчунин пардохтҳои дигари иҷтимоӣ низ барои камбизоатон вуҷуд дорад, ки аз буҷаи давлат ихтисос меёбад. Қудратулло Қурбонов зимни суҳбат бо мо ин имтиёзҳоро чунин шарҳ дод.
Овози Қурбонов оиди иҷроиши қарор барои табобати ройгон ин ҷо гӯш кунед!





Соли 2001 бошад ба сари ҳар фарзанди ноболиғи оилаҳои камбизоат ҳукумат 40-сомонӣ кӯмакпулӣ муқаррар намуд. Ҳарчанд бархе волидони оилаҳои камбизоат ҳаҷми ин кӯмакпулиҳоро хеле кам арзёбӣ мекунанд, аммо коршиносон мегӯянд маблағи кӯмакпулиҳо ба вазъи иқтисодии кишварҳо рабт дорад.
Садои Қурбонов дар мавриди кӯдакон





Аз рӯи ин меъёрҳо, таҳлилгарон мегӯянд, ҳатто 100-сомоние, ки дар се моҳ ба оилаҳои камбизоати Тоҷикистон дода мешавад, бениҳоят кам аст. Шореҳи масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён дар ин маврид мегӯяд:

Овози Исмоилиён дар мавриди кӯмаки 400-сомонӣ



Ин коршинос масъаларо аз сӯи дигар ба омори нодурусти ироашуда аз ҷониби масъулин рабт медиҳад. Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати пешниҳод шудани маълумоти воқеӣ оида ба шумораи ашхоси камбизоат дар Тоҷикистон имкон дорад аз ҳисоби созмонҳои кӯмакрасон ба ашхоси ниёзманд кӯмаки бештар расонида шавад:
Овози Исмоилиён






Зери шубҳа бурдани омори расмӣ ба воқеият дар саҳти мақомоти давлатӣ низ матраҳ шудааст. Аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар яке аз иҷлосияҳои моҳи июни соли ҷорӣ, ки мавзӯи тасвиби созишномаи маблағгузории иловагӣ барои таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ мешуд, омори аз 71 фисад то 31 фисад паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро шубҳанок арзёбӣ карда, пурсид: “ин ин омор аз куҷо ва дар асоси чӣ дақиқ шудааст?”.

Ҳамчунин ӯ гуфта буд, ки агар дар як деҳаи дурдаст, ки наздики 100 нафар зиндагӣ мекунанду кумакпулӣ танҳо ба 6-оила дода мешавад, “оё сокинони дигари ин деҳа розӣ ҳастанд, ки маҳз онҳо кумак бигиранд?”.

Дар ҳамин ҳол, чанд соли ахир Тоҷикистон меъёрҳои эътирофкардаи Бонки ҷаҳониро дар бораи сатҳи камбизоатӣ қабул надорад. Бонки ҷаҳонӣ, афродеро камбизоату фақир арзёбӣ мекунад, ки дар як рӯз камтар аз 16,6 сомонӣ ё худ 1,9 доллар барои худ масраф мекунад.

Аммо дар посух ба саволи он ки дар Тоҷикистон киро камбизоат номидан мумкин аст, Саида Умарова, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки шахси камбағал касест, ки манбаи даромад надошта, дар ҷое кор намекунад, фарзанди маъюб, ё кӯдакони хурдсол дошта, имкони кор дар ягон ҷоро надорад. Ё фарзандаш донишҷӯ буда, тариқи шартномавӣ таҳсил мекунад.


Бемории сил ва кӯдакон

  Акс аз интернет Малика ва Комил замоне бо ҳам бозӣ мекунанд, яке нақши табиб ва дигаре нақши беморро бозӣ мекунанд. Ин ду тифли хурдсол ми...