Маъюб кист?
Маъюб –
шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои
организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти
ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад,
Кӯдаки маъюб - шахси маъюби то синни 18 – сола.
Шумораи умумии маъюбон дар Тоҷикистон
Дар ҷумҳурӣ
теъдоди маъюбон 149 ҳазору 860 нафарро
ташкил дода, аз онҳо
15 ҳазору 680 нафар
маъюбони гурӯҳи I,
72 ҳазору 692 нафар
маъюбони гурӯҳи II,
32 ҳазору 950 нафар
маъюбони гурӯҳи III ва
28 ҳазору 538 нафар
кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.
Кадом қонунҳо ва санадҳои байналмилалӣ
ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро ҳимоя мекунад?
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси
тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи
хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои
кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи
барқи атомии Чернобил зарар дидаанд”, «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва
давлатӣ”, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то
соли 2030», «Стратегияи милли солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи
миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Консепсияи рушди
хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз зумраи онҳо
ба шумор мераванд.
Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти
конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Дар бораи аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи миллии
амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани
Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ба тасвиб
расидааст.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои маъюбон чӣ гуна имтиёзҳо муҳайё шудааст?
Имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии шахсони
маъюб аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Чунончи, дар
моддаи 34-и он дарҷ гардидааст, ки «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва
таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.”. Ҳамзамон дар моддаҳои 38 ҳуқуқ ба
ҳифзи саломатӣ ва дар моддаи 39-и конститутсия ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоии
маъюбон муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла дар моддаи 39 омадааст, ки “Ҳар шахс
дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан
аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини
иҷтимоӣ дорад».
Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ҳифзи иҷтимоии маъюбон» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи
иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва
ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. Тибқи қонунгузории амалкунанда маъюбон
вобаста ба категорияҳо ва гурӯҳҳои маъюбиашон аз чунин имтиёзҳо ва кафолатҳои
иҷтимоии давлатӣ бархурдоранд: табобати санаторию курортӣ, имтиёзҳо ҳангоми
истифодаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳаққи
истифодабарии хизматрасонии коммуналӣ, хизматрасонии тиббӣ, пардохти ҳаққи
муштарипулии телефонҳои хонагӣ, имтиёзҳо ҳангоми супоридани имтиҳонҳои
тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи
касбӣ, афзалият ҳангоми қабул шудан
ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, марказҳои
минтақавии хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани
ёрии иҷтимоӣ дар хона, афзалият ҳангоми касбомӯзӣ дар мақомоти
шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон ва ғайраҳо.
Принсипҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон
кадомҳо мебошанд?
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи
иҷтимоии маъюбон дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- қонуният, инсондӯстӣ, риояи ҳуқуқи инсон;
-кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасии
тавонбахшии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ;
- дастрасӣ ва баробарҳуқуқии маъюбон дар
баробари дигар шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таҳсил, истироҳату саёҳат ва интихоби
озоди намудҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ;
- ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон фаъолият
мекунанд;
- манъи табъизи (дискриминатсияи) маъюбон.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи
ҳифзи иҷтимоии маъюбон чӣ салоҳият дорад?
муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар
соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи
иҷтимоии маъюбон;
- қабули барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбон;
- тасдиқи Тартиби ҷорӣ намудани квотаи бо кор таъмин
кардани маъюбон;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии
маъюбон;
- дигар салоҳиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон чиҳо дохил мешаванд?
- андешидани тадбирҳо дар самти
ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии маъюбӣ;
- муайян кардани намунаи роҳхати гузаштан
аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ, муоина (ташхис) ва табобати маъюбон;
- амалӣ намудани тавонбахшии тиббии маъюбон
тибқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;
- таъмини омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии
мутахассисони соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ;
- муайян кардани рӯйхати доруворӣ, маҳсулоти
барои нигоҳубини маъюбон аҳамияти тиббидошта, инчунин озуқавории ғизои
солим барои кӯдакони маъюб.
Моддаи 7. Ба салоҳияти мақомоти
ваколатдори давлатии соҳаи маориф оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:
- таъмини таҳсили ройгон ба
маъюбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини омӯзиш, бозомӯзӣ ва
такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон,
аз ҷумла мутахассисони забони имову ишора ва ҳуруфоти махсус;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои
меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти таълимию маърифатии муассисаҳои махсуси таълимиро
танзим намуда, таҳсили маъюбонро таъмин мекунанд.
Моддаи 8. Ба
салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон
дохил мешаванд:
- қабули барномаҳои вилоятӣ,
шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла хизматрасонии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва
шуғли маъюбон;
- таъсиси муассисаҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии
иҷтимоӣ ба маъюбон;
- таъмини татбиқи барномаҳои тавонбахшии маъюбон;
- ташкили расонидани кӯмакҳои хайрия ва
инчунин кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба маъюбон;
-андешидани чораҳои зарурӣ оид ба беҳтар намудани
шароити манзилию маишӣ ва ҳифзи саломатии маъюбон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳое, ки дар
соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият
мекунанд;
- таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои
ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.
Моддаи 9. Ба салоҳияти мақомоти
худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:
- мусоидат ба татбиқи барномаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон;
- ҷалби маблағҳои хайрия ба маъюбон;
- расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва хайрия ба маъюбон.
Кадом мақомот ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбонро
муайян мекунад?
Моддаи 10. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ
1. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии
он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани
шахс бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.
2. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии
ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ,
касбӣ, меҳнатӣ ва равонии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.
3. Бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм
ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси маъюб эътирофгардида гурӯҳи маъюбӣ ва ба
шахси то синни 18- сола категорияи «кӯдаки маъюб» муқаррар карда мешавад.
4. Ташхиси тиббию иҷтимоиро мақомоти ваколатдори
соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳад. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти
ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
5.Тадқиқоти илмӣ, ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва клиникӣ,
таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба масъалаҳои ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва
тавонбахшии онҳоро муассисаҳои тадқиқоти илмии мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи
иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳанд.
Моддаи 12. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон:
1. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб ҳам татбиқи тадбирҳои тавонбахширо, ки ба маъюб аз ҳисоби буҷети давлатӣ ройгон пешниҳод мегарданд ва ҳам амалӣ намудани тадбирҳои тавонбахшиеро пешбинӣ менамояд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти онҳо худи маъюб ё корфармоёне, ки бо айби онҳо ба шахс осеби меҳнатӣ расонида шудааст ё бемории касбӣ фаро расидааст, иштирок мекунанд.
2. Иҷрои барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб барои
мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,
корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликияташон (минбаъд - ташкилотҳо) ва шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Барномаи инфиродии тавонбахшӣ барои маъюб хусусияти
тавсиявӣ дошта, ӯ ҳақ дорад, ки аз ин ё он намуд, шакл ва андозаи тадбирҳои тавонбахшӣ,
инчунин умуман аз татбиқи барнома даст кашад. Маъюб ҳуқуқ дорад, ки масъалаи бо
воситаи мушаххаси техникии тавонбахшӣ ё намуди тавонбахшӣ, аз қабили аробача-курсии
паҳлӯдор, воситаҳои протезию ортопедӣ, маводи чопӣ бо ҳуруфи махсус, асбоби шунавоӣ,
таҷҳизоти огоҳкунанда, маводи видеоии дорои сатри равон ё тарҷумаи имову
ишора ва дигар воситаҳои ба ин монанд таъмин намудани худро мустақилона ҳал
кунад.
4. Агар воситаи техникӣ ё хизматрасонии тавонбахшии
дар барномаи инфиродии тавонбахшӣ муқарраргардида ба маъюб пешниҳод карда нашаванд
ё худи маъюб ин воситаро аз ҳисоби маблағи худ дастрас ё ҳаққи хизматрасониро пардохта
бошад, ба ӯ арзиши воситаи техникии тавонбахшӣ ва ҳаққи хизматҳое, ки мебоист ба
маъюб расонида мешуданд, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн
карда мешавад.
5. Дар ҳолати аз барномаи инфиродии тавонбахшӣ пурра
ё қисман даст кашидани маъюб (ва ё шахсе, ки манфиати ӯро намояндагӣ менамояд) мақомоти
ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо аз иҷрои
барнома озод мегарданд ва ин ба маъюб ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро ба андозаи арзиши
чорабиниҳои тавонбахшии ройгон намедиҳад.
Дар кадом сатҳ қарор дорад ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон дар
Тоҷикистон?
Ба иттилои масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, дар сохтори вазорати мазкур ташкилоту идораҳои дахлдор амал мекунанд, ки фаъолияти
оинномавии онҳо асосан ба хизматрасонии иҷтимоии маъюбон, пеш аз ҳама ба
тавонбахшии онҳо равона гардидаанд. Чунончи, 4 хона-интернат барои пиронсолону
маъюбон (Турсунзода, Ёвон, Панҷакент, Бохтар) ва 3 хона-интернат барои маъюбони
бемориҳои рӯҳӣ (Восеъ, Ҳисор, Ҷ. Расулов), Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони
маъюби “Чорбоғ” ва Маркази байналмилалии тавонбахшии маъюбон дар ноҳияи
Балҷувон (сохтмони нотамом), қариб 40 марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши
рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва барои пиронсолону маъюбон, 5
осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ, зиёда аз 40 шӯъбаҳои хизматрасонии
иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои
ҷумҳурӣ ва 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ, як Заводи протезию
ортопедӣ дар ш. Душанбе ва филиалҳояш дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб ва
ғайраҳо. Дар кишвар дар самти тавонбахшии маъюбон ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
низ як Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва
тавонбахшии маъюбон” ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ фаъолият карда
истодаанд.
Танҳо дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 аз
тарафи ҳамаи шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва муваққатӣ
дар ҷумҳурӣ қариб ба 8000 нафар маъюбон ва ба зиёда аз 3000 нафар кӯдакони
имкониятшон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ
расонида шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши ягонаи
муассисаи илмию тадқиқотии соҳа – Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» назаррас арзёбӣ
мегардад. Дар ин давра аз ҷониби пажӯҳишгоҳ ба 332 нафар табобати амбулаторӣ
гузаронида шуда, тибқи таҳлил 96,4% муроҷиати амбулаторӣ аз бемории асаб
мебошад, 95,3%-и онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳуҷраи гиёҳдармонӣ бо
истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза ба беморони бистаришуда,
инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин
давра ба 1006 ниёзманд хизмат расонида шуд. Дар бахши табобатӣ ҷиҳати
тавонбахшии маъюбон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва устуворияти ҷисмониву равонӣ
661 нафар табобат гирифтанд, ки ин 7275 кат/рӯзро ташкил медиҳад.
Моддаи 14. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ,
воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо ба маъюбон:
1. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ,
воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд, маблағҳои
буҷети давлатӣ ва инчунин маблағҳои корфармоёне мебошанд, ки бо айби
онҳо шахс осеби меҳнатӣ гирифтааст ё гирифтори бемории касбӣ шудааст.
2. Маблағҳои иловагӣ барои маблағгузории хароҷоти
тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод
мегарданд, метавонанд дигар манбаъҳое бошанд, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
3. Имтиёзу кафолатҳое, ки барои маъюбон мувофиқи
Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар шакли пулӣ ва ё кӯмаки иҷтимоии унвонӣ
бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шаванд.
Моддаи 15. Ёрии тиббӣ ба маъюбон
Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Моддаи 17. Муҳайё намудани шароити таҳсил
ва касбомӯзӣ ба маъюбон
1. Давлат бо тартиби муқаррарнамудаи
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити
заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад.
2. Давлат тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ ба
маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии
касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ,
таҳсилоти иловагӣ ва махсус дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ
ва махсус таъмин менамояд.
Моддаи 18. Тарбияи томактабии кӯдакони маъюб
1. Бо мақсади фароҳам овардани имконияти бештар барои тарбияи томактабии кӯдакони маъюб ва ба онҳо расонидани кӯмаки зарурии тавонбахшӣ дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабии умумӣ барои будубоши кӯдакони маъюб шароит муҳайё карда мешавад.
2. Ба кӯдакони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барои
гирифтани тарбия дар муассисаҳои томактабии умумӣ имконият намедиҳад, муассисаҳои
махсуси томактабӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 19. Таҳсилоти умумии кӯдакони маъюб
Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таҷҳизонида мешаванд ва инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти умумӣ мегиранд.
Моддаи 20. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб
дар хона
1. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таълимӣ, тарбия ва таълими онҳо бо назардошти хоҳиши падару модарашон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар хона ба роҳ монда мешавад.
2. Муассисаҳои таълимию тарбиявии дахлдор ба падару
модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) барои тарбия ва таълими кӯдакони маъюб
дар хона кӯмак мерасонанд.
Моддаи 21. Тарбияи беруназмактабии кӯдакони маъюб
Бо мақсади инкишофи ҳамаҷониба ва муносиби кӯдакони маъюб, дар рӯҳи фаъолнокии ҷамъиятӣ, майлу рағбат ба меҳнат, илму техника, санъат ва варзиш тарбия намудани онҳо мақомоти маориф ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки тарбияи беруназмактабиро бо муҳайё намудани шароити мусоид барои кӯдакони маъюб дастрас гардонанд.
Моддаи 22. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ)
Тарбия ва таълими кӯдакони маъюби дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ) истиқоматдошта аз тарафи муассисаҳои мазкур пайваста дар алоқамандӣ бо мутобиқкунии шароити иҷтимоию маишӣ ва меҳнатӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 23. Таҳсилоти касбии маъюбон
1. Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимии умумӣ амалӣ гардонида мешавад. Барои маъюбоне, ки ба шароити махсуси таҳсилоти касбӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси таълимии касбии шаклу намудҳои гуногун ё дар муассисаҳои умумии таълимии касбӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
2. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо
аз рӯи хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ,
миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур
бидуни озмун бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда
мешаванд.
3. Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии маъюбон дар
муассисаҳои махсуси таълимии касбии маъюбон мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ,
дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд,
сурат мегирад.
4. Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва тартиби маблағгузории онҳоро
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 24. Забони имову ишора
1. Давлат забони имову ишораро ба маъюбон ҳамчун воситаи муоширати байни шахсон эътироф мекунад.
2. Вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони имову
ишораро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 26. Таъмини шуғли маъюбон
1. Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад:
- дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликияташон квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли
теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд;
- ҳавасмандгардонии ташкилотҳо барои таъсис додани
ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон;
- фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои
инфиродии тавонбахшии маъюбон;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти
соҳибкории маъюбон;
- ташкил намудани омӯзиши касбҳои нав барои
маъюбон.
2. Дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба
андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон
барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.
3. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои
бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи
ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.
4. Барои ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Ҳуқуқи маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ
1. Маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
2. Маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба
гирифтани нафақа ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ,
аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд.
3. Маъюбон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба ҷои табобат вобаста ба протезмонӣ
ва тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд.
4. Ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд,
инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби
муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад.
Моддаи 30. Имтиёзҳои маъюбон барои истифода аз нақлиёт
1. Маъюбон ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ноҳиявӣ, байни ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ба тариқи ройгон истифода баранд. Ҳамчунин маъюбон ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоиро доранд.
2. Тартиби аз нақлиёт ройгон ва имтиёзнок
истифода бурдани маъюбонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 31. Имтиёзҳои маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва андозҳо
1. Маъюбон ба имтиёзҳо, аз ҷумла
андозбандии имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҳуқуқ доранд.
2. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти
имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр
аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани
хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бенавбат ва ройгон гузаронидани
хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.
3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо
дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба маъюбон
барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андозҳои маҳаллӣ
ва дигар пардохтҳо имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намоянд.
Матлаб бо
ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии
молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии
Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадади
Тоҷикистон сохта шудааст.